Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 августи соли 2025, № 444 "Дар бораи пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии дактилоскопӣ»"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии дактилоскопӣ»


Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июни соли 2025, №211 «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии дактилоскопӣ»-ро баррасӣ намуда, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Хулосаи замимагардидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии дактилоскопӣ» ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.


Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 27 августи соли 2025, № 444
Замима
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 27 августи соли 2025, № 444

Хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии дактилоскопӣ»


Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии дактилоскопӣ»-ро, ки бо қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июни соли 2025, №211 барои додани хулоса ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст, мавриди баррасӣ қарор дода, оид ба он таклифҳои зеринро манзур менамоянд:

1) аз номи лоиҳаи Қонун пеш аз калимаи «ОИД» аломати нохунак хориҷ гардида, калимаҳои «ТАҒЙИРОТУ ИЛОВАҲО» ба калимаҳои «ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО» иваз карда шаванд;

2) дар муқаддима калимаҳои «тағйироту иловаҳои» ба калимаҳои «тағйиру иловаҳои» иваз карда шаванд;

3) дар қисми 1 калимаҳои «намуда,» ба калимаи «ва» иваз гардида, пас аз калимаи «менамояд» аломати нуқта гузошта шавад;

4) қисми 3 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

“3. Дар қисми дуюми моддаи 2 калимаҳои “бошад, ору номус ва шаъну эътибори” ба калимаҳои “дошта бошад, шаъну шарафи” иваз карда шаванд;”;

5) аз қисми 5 калимаҳои «аломат ва» хориҷ карда шаванд;

6) қисми 6 хориҷ гардида, муқаррарот вобаста ба пардохти муқарраргардида барои гузаронидани бақайдгирии давлатии дактилоскопӣ ва тарзи пардохт дар Тартиби гузаронидани бақайдгирии давлатии дактилоскопӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 сентябри соли 2000, № 389 тасдиқ гардидааст, пешбинӣ карда шавад.





Правительство Республики Таджикистан

Постановление

О представлении заключения Правительства Республики Таджикистан к проекту Закона Республики Таджикистан «О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан «О государственной дактилоскопической регистрации»

Рассмотрев постановление Совета Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан от 2 июня 2025 года, №211 «О проекте Закона Республики Таджикистан «О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан «О государственной дактилоскопической регистрации», Правительство Республики Таджикистан п о с т а н о в л я е т:

Представить на рассмотрение Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан прилагаемое заключение Правительства Республики Таджикистан к проекту Закона Республики Таджикистан «О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан «О государтсвенной дактилоскопической регистрации».

Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон


г.Душанбе от 27 августа 2025 года №444

Прилагается на тадж.яз