ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак»
Мутобиқи моддаи 58 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак» маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 27 августи соли 2025, № 443
Лоиҳа
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак»
Моддаи 1. Ба моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак» аз 18 марти соли 2015 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2015, №3, мод.218; с.2018, №1, мод.21; с.2020, №12, мод.914, с.2024, №1-2, мод.19; с.2025, №1, мод.14) сархати ҳафтум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- тасдиқи тартиби баргардонидани кӯдакон аз давлатҳои дигар ва расонидани хизматрасониҳои тиббию иҷтимоӣ ба онҳо;».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Правительство Республики Таджикистан
Постановление
О проекте Закона Республики Таджикистан «О внесении дополнения в Закон Республики Таджикистан «О защите прав ребёнка»
В соответствии со статьей 58 Конституции Республики Таджикистан Правительство Республики Таджикистан п о с т а н о в л я е т:
Одобрить проект Закона Республики Таджикистан «О внесении дополнения в Закон Республики Таджикистан «О защите прав ребёнка» и представить на рассмотрение Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан.
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г.Душанбе от 27 августа 2025 года №443
Проект
ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАЖДИКИСТАН
О внесении дополнения в Закон Республики Таджикистан «О защите прав ребёнка»
Статья 1. Cтатью 5 Закона Республики Таджикистан «О защите прав ребёнка» от 18 марта 2015 (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2015 г., №3, ст.218; 2018 г., №1, ст.21; 2020 г., №12, ст.914, 2024 г., №1-2, ст.19; 2025 г., №1, ст.14) дополнить абзацем седьмым следующего содержания:
«- утверждение порядка возвращения детей из других государств и оказания им медицинских и социальных услуг;».
Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.
Президент
Республики Таджикистан