Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 августи соли 2025, № 1069 "Дар хусуси лоиҳаи Созишнома байни давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар бораи Маркази зиддимухаддиротии Созмони ҳамкории Шанхай"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар хусуси лоиҳаи Созишнома байни давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар бораи Маркази зиддимухаддиротии Созмони ҳамкории Шанхай


Мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» фармон медиҳам:

1. Лоиҳаи Созишнома байни давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар бораи Маркази зиддимухаддиротии Созмони ҳамкории Шанхай маъқул дониста шавад.

2. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида сана ва маҳалли имзои Созишномаи мазкурро бо Тарафҳо мувофиқа намояд.


Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 29 августи соли 2025, № 1069
Лоиҳа

Созишнома байни давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар бораи Маркази зиддимухаддиротии Созмони ҳамкории Шанхай

Давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, ки минбаъд Тарафҳо номида мешаванд,

ҷонибдории худро ба ҳадаф ва принсипҳои Оиномаи Созмони Милали Муттаҳид (минбаъд - СММ) тасдиқ намуда,

ҳадаф ва присипҳои Хартияи Созмони ҳамкории Шанхай аз 7 июли соли 2002-ро ба роҳбарӣ гирифта,

мутобиқи қонунгузории миллии худ амал карда,

бо изҳори нигаронӣ аз тавсеаи миқёси гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, моддаҳои психотропӣ (минбаъд - маводи мухаддир) ва прекурсорҳои онҳо, инчунин суиистифодаи нашъамандӣ, бо дарки он, ки муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва прекурсорҳои онҳо ба саломатӣ ва некўаҳволии мардуми Тарафҳо хатари ҷиддӣ дорад,

аз афзоиши истифодаи ҳудудҳои Тарафҳо барои қочоқ ва транзити ғайриқонунии маводи мухаддир ва прекурсорҳои онҳо изҳори нигаронӣ намуда,

бо дарназардошти он, ки таҳкими ҳамкории Тарафҳо дар мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва прекурсорҳои онҳо, инчунин суиистифода маводи мухаддир ба манфиатҳои мардуми Тарафҳо ҷавобгў аст,

муқаррароти Конвенсияи ягона оид ба маводи мухаддир аз соли 1961 бо тағйироте, ки дар асоси Протоколи соли 1972 дар бораи тағйирот ба Конвенсияи ягона оид ба маводи мухаддир аз соли 1961 ворид шудааст, Конвенсия оид ба моддаҳои психотропӣ аз соли 1971, Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва моддаҳои психотропӣ аз соли 1988, қатъномаҳо ва ҳуҷҷатҳои соҳавии СММ, инчунин қарорҳои Комиссияи СММ оид ба маводи мухаддир ва тавсияҳои Кумитаи байналмилалии назорати маводи мухаддирро ба инобат гирифта,

дар асоси муқаррароти Созишномаи байни давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай оид ба ҳамкорӣ дар бораи мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо аз 17 июни соли 2004, Созишнома дар бораи ҳамкорӣ байни ҳукуматҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар бораи мубориза бо ҷинояткорӣ 11 июли соли 2010, инчунин ҳуҷҷатҳои дигари СҲШ, ки ба масъалаҳои мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва прекурсорҳои онҳо дахл доранд,

дар асоси манфиатдории мутақобила дар қабули чораҳои самарабахш, ки ба мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва прекурсорҳои онҳо равона гардидаанд,

бо мақсади такмил ва рушди механизмҳои мавҷудаи ҳамкорӣ дар Созмони ҳамкории Шанхай (минбаъд - СҲШ) дар самти мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва прекурсорҳои онҳо,

ба мувофиқаи зерин расиданд:

Моддаи 1

Барои мақсадҳои Созишномаи мазкур истилоҳҳои дар поён номбаршуда чунин маъноро ифода мекунанд:

«Маркази зиддимухаддиротӣ» ё «МЗ» - Маркази зиддимухаддиротии СҲШ;

«Шуро» - мақоми олии Маркази зиддимухаддиротӣ, ки аз намояндагони Тарафҳо иборат аст;

«Намоянда» - шахсе, ки аз ҷониби Тарафи ирсолкунанда барои амал кардан ба ин сифат дар Шуро таъин мегардад;

«Намояндаи доимии давлати узви СҲШ дар назди Маркази зиддимухаддиротӣ» - шахсе, ки аз ҷониби Тарафи исролкунанда барои амал кадан дар ин сифат таъин мегардад;

«Кумитаи иҷроия» - мақоми иҷроияи доимоамалкунандаи Маркази зиддимухаддиротӣ;

«Директор» - мансабдори олии маъмурии Кумитаи иҷроия;

«Шахсони мансабдор» - шахсоне, ки аз ҷониби Тарафҳо барои кор дар Кумитаи иҷроия фиристода мешаванд ва аз ҷониби Директор бо ризоияти Шуро ба вазифаҳои дахлдори штатӣ таъин карда мешаванд, ки мақоми дипломатӣ ё ба онҳо баробаркардашуда доранд;

«Кормандон оид ба секондмент» - мутахассисоне, ки аз ҷониби Тарафҳо ба таври ихтиёрӣ барои фаъолият ба Кумитаи иҷроияи ирсол мегарданд, аз ҳисоби буҷети СҲШ маош, кафолат ва ҷубронпулӣ намегиранд;

«Кормандон» - шахсоне, ки дар Кумитаи иҷроия вазифаҳои маъмурӣ, техникӣ ва дигар вазифаҳоро иҷро мекунанд, ки мақоми дипломатӣ надоранд;

«ҳайати кормандон» - Директор, шахсони мансабдор, кормандони секондмент ва коргар;

«Бино» - биноҳо ё қисми биноҳо, новобаста аз мансубият ва шакли ҳуқуқи моликият ба онҳо, аз ҷумла биноҳои хизматрасон ё қисми қитъаҳои замини биноҳо, ки барои мақсадҳои Маркази зиддимухаддиротӣ истифода мешаванд;

«Давлати иқомат» - Тарафе, ки дар ҳудуи он Кумитаи иҷроияи ҷойгир аст.

Моддаи 2

Тарафҳо Маркази зиддимухаддиротро таъсис медиҳанд, ки ҷойгиршавии он шаҳри Душанбе Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Шартҳои будубоши Маркази зиддимухаддирот бо созишнома байни ҳукумати давлати иқомат ва СҲШ муайян карда мешавад.

Моддаи 3

Маркази зиддимухаддиротӣ мақоми доимамалкунандаи СҲШ буда, барои мусоидат ба амалҳои мутакобилаи мақомоти салоҳиятдори Тарафҳо ва ҳамоҳангсозии ҳамкории онҳо дар мубориза бо гардиши ғайриқонунинии маводи мухаддир пешбинӣ шудааст.

Маркази зиддимухаддиротӣ дар фаъолияти худ шартномаҳои байналмилалӣ, қарорҳо ва ҳуҷҷатҳои дигареро, ки дар доираи СҲШ қабул шудаанд, дастури амал қарор медиҳад.

Моддаи 4

Маркази зиддимухаддиротӣ аз ҳуқуқҳои шахси ҳуқуқӣ бархўрдор буда, дар ин мақом аз ҷумла ҳуқуқ дорад:

- шартномаҳои маданӣ-ҳуқуқӣ бандад;

- молу мулки манқул ва ғайриманқулро харидорӣ намуда, онро ихтиёрдорӣ намояд;

- суратҳисобҳои бонкӣ бо ҳар асъори зарурӣ кушояд ва пеш барад;

- дар суд ба сифати даъвогар ва ҷавобгар баромад намояд.

Ҳуқуқҳои пешбининамудаи моддаи мазкур аз тарафи Директор аз номи Маркази зиддимухаддиротӣ амалӣ мегарданд.

Моддаи 5

Маблағгузории фаъолияти Маркази зиддимухаддиротӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети СҲШ амалӣ мегардад.

Тартиби маблағгузории Маркази зиддимухаддиротӣ бо ҳуҷҷатҳое, ки масъалаҳои буҷетии СҲШ-ро ба танзим медароранд, муайян карда мешавад.

Моддаи 6

Вазифа ва функсияҳои асосии Маркази зиддимухаддиротӣ инҳоянд:

1. Таҳия намудани пешниҳодҳо ва тавсияҳо оид ба рушди ҳамкории Тарафҳо дар соҳаи муқовимат бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва прекурсорҳои он.

2. Мусоидат ба Тарафҳо дар рушд ва амалигардонии иқтидори ҳамкорӣ дар соҳаи муқовимат бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва прекурсорҳои он, инчунин дар самтҳои зерин:

2.1. Банақшагирӣ ва ҳамоҳангсозии чорабиниҳои оперативӣ- профилактикӣ вобаста ба муқовимат ба гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва прекурсорҳои он;

2.2. Ошкор ва пешгирии фаъолияти гуруҳҳои ҷиноятии муташаккили фаромиллӣ, ки бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва прекурсорҳои он алоқаманд;

2.3. Андешидани чораҳои мувофиқашуда дар самти муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромади аз гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва прекурсорҳои он ба даст овардашуда;

2.4.  Дар асоси дархости мақомоти салоҳиятдори Тарафҳо амалӣ намудани кофтукови байналмилалии шахсоне, ки ба содир намудани ҷиноятҳои марбут ба гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва прекурсорҳои он алоқаманданд;

2.5. Дар асоси дархости мақомоти салоҳиятдори Тарафҳо аз ҷониби мақомоти салоҳиятдори Тарафҳо тибқи қонунгузории миллии Тарафҳо гузаронидан ва ҳамоҳангсозии амалигардонии ташкили амалиётҳои мувофиқашудаи байналмилалии зиддимухаддиротӣ ва чорабиниҳои оперативӣ-профилактикӣ оид ба масъалаҳое, ки бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва прекурсорҳои он, аз ҷумла ирсоли назоратшавандаи байналмилалӣ алоқаманд;

2.6. Пешгирии суиистифодаи маводи мухаддир ва ҳуқуқвайронкуниҳое, ки бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва прекурсорҳои он алоқаманданд;

2.7. Омодасозӣ ва такмили ихтисоси кадрҳо барои воҳидҳои мақомоти салоҳиятдори Тарафҳо дар соҳаи муқовимат ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва прекурсорҳои он бо хоҳиши Тарафҳо.

3.Мониторинг ва таҳлили вазъи мухаддиротӣ дар фазои СҲШ, аз ҷумла дар қисмати пайдошавии моддаҳои нави психоактивӣ.

4.Ташаккул, нигоҳдорӣ ва истифодабарии махзани маълумоти Маркази зиддимухаддиротӣ оид ба масъалаҳои марбут ба салоҳияти Маркази зиддимухаддиротӣ.

5.Ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ, ҳифз, таҳлил ва табодули иттилооти марбут ба гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва прекурсорҳои он, инчунин бо дархости онҳо ба мақомоти салоҳиятдори Тарафҳо пешниҳод намудани ин маълумот.

6.Иштирок дар таҳияи лоиҳаҳои шартномаҳои байналмилалӣ ва ҳуҷҷатҳое, ки ба соҳаи муқовимат ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва прекурсорҳои он дахл доранд.

7.Омода намудан ва гузаронидани конфронсҳои илмию амалӣ, семинарҳо, конгрессҳо ва намоишгоҳҳо ва чорабиниҳои дигар оид ба табодули таҷриба ва такмили механизмҳои мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва прекурсорҳои он.

8.Ташкил ва рушди ҳамкорӣ дар соҳаи мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва прекурсорҳои онҳо бо мақомоти ваколатдори давлатҳои нозири СҲШ ва шарикони муколама.

9. Баркарор намудан ва нигоҳ доштани робитаҳои корӣ ба манфиати Тарафҳо бо ташкилотҳои соҳавии дахлдори байналмилалӣ, инчунин бо ташкилоту муассисаҳои давлатӣ, ғайридавлатӣ, тиҷоратӣ ва ғайритиҷоратӣ оид ба масъалаҳое, ки бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва прекурсорҳои онҳо алоқманданд.

10. Вазифаҳо ва функсияҳои дигаре, ки метавонанд бо қарори Шурои сарони давлатҳои аъзои СҲШ ба зиммаи Маркази зиддимухаддиротӣ вогузор карда шаванд.

Моддаи 7

Тартиби таъсис, истифода ва нигоҳдории махзани маълумоти Маркази зиддимухаддиротӣ, инчунин масъалаҳои марбут ба ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ, ҳифз, таҳлил, мубодила ва пешниҳоди иттилооте, ки дар махзани маълумоти Маркази зиддимухаддиротӣ мавҷуданд, бо созишномаҳои алоҳидае, ки дар доираи СҲШ баста мешаванд, танзим карда мешаванд.

Моддаи 8

Маркази зиддимухаддиротӣ дар доираи фаъолияти худ бо мақомоти дигари доимоамалкунандаи СҲШ ҳамкорӣ мекунад.

Ҳамкории Маркази зиддимухаддиротӣ бо Котиботи СҲШ бо Низомномаи Кумитаи иҷроияи Маркази зиддимухаддиротии Созмони ҳамкории Шанхай (минбаъд - Низомнома), ки аз ҷониби Шӯрои сарони давлатҳои аъзои СҲШ тасдиқ карда мешавад, танзим карда мешавад.

Ҳамкории Маркази зиддимухаддиротӣ бо Маркази универсалии муқовимат ба чолишҳо ва таҳдидҳо ба амнияти давлатҳои аъзои СҲШ бо созишномаи алоҳидаи байни Тарафҳо танзим карда мешавад.

Моддаи 9

Тарафҳо рўйхати мақомоти салоҳиятдори худ, ки бо Маркази зиддимухаддиротӣ ҳамкорӣ мекунанд, аз ҷумла мақоми салоҳиятдореро, ки ҳамкории мазкурро ҳамоҳанг мекунад, муайян мекунанд.

Тарафҳо дар ин бора ба маҳфуздорандаи Созишномаи мазкур зимни ирсоли огоҳинома дар бораи иҷрои расмиёти дохилидавлатие, ки барои эътибор пайдо кардани Созишномаи мазкур заруранд, ба таври хаттӣ хабар медиҳанд.

Дар сурати тағйирот дар рўйхати мақомоти салоҳиятдори яке аз Тарафҳо, он дар давоми 30 рӯз аз санаи ба амал омадани чунин тағйирот ба маҳфуздоранда хаттӣ хабар медиҳад ва дар ин бора маҳфуздоранда ба Тарафҳо хабар медиҳад.

Моддаи 10

Мақомоти Маркази зиддимухаддиротӣ Шуро ва Кумитаи иҷроия мебошанд, ки бо Созишномаи мазур таъсис дода мешаванд.

Шуро метавонад мақомоти ёрирасоне таъсис диҳад, ки барои иҷрои вазифаҳои худ зарур мешуморад.

Моддаи 11

Шуро тавре ташкил карда мешавад, ки он мунтазам фаъолият карда тавонад. Бо ин мақсад ҳар Тараф дар маҳалли ҷойгиршавии Маркази зиддимухаддиротӣ ба таври доимӣ бояд намояндагӣ кунад. Тарафҳо тибқи қонунгузории миллии худ намояндагони доимии худро дар Маркази зиддимухаддиротӣ таъин мекунанд.

Низомнома дар бораи намояндаи доимии давлати узви Созмони ҳамкории Шанхай дар Маркази зиддимухаддиротии Созмони ҳамкории Шанхай аз ҷониби Шурои сарони давлатҳои аъзои СҲШ тасдиқ карда мешавад.

Шуро давра ба давра ҷаласаҳо мегузаронад, ки дар онҳо ҳар Тараф метавонад аз ҷониби роҳбари мақоми салоҳиятдори Тараф ё дигар намояндаи махсус ваколатдоршуда намояндагӣ гардад.

Шуро тартиби иҷрои вазифаҳо ва функсияҳои асосии Маркази зиддимухаддиротиро, ки дар моддаи 6 Созишномаи мазкур зикр шудаанд, муайян мекунад.

Шуро дар бораи фаъолияти Маркази зиддимухаддиротӣ ба Шурои сарони давлатҳои аъзои СҲШ ҳисоботи солона пешниҳод мекунад.

Қарор дар Шуро аз рӯйи ҳар масъала қабулшуда ҳисобида мешавад, агар ҳеҷ яке аз Тарафҳо ба он эътироз накунад (консенсус).

Шуро қоидаҳои расмиёти худ, аз чумла тартиби интихоби раиси худро муқаррар мекунад.

Моддаи 12

Кумитаи иҷроия аз Директор ва чунин ҳайати кормандоне иборат аст, ки барои таъмини кори мураттаби Маркази зиддимухаддиротӣ заруранд.

Директор шахси мансабдори олии маъмурии Кумитаи иҷроия мебошад, ки дар ин мақом дар ҳамаи маҷлисҳои Шуро баромад мекунад ва вазифаҳои дигареро, ки Шуро ба ў вогузор мекунад, иҷро мекунад.

Директорро бо тавсияи Шуро Шурои сарони давлатҳои аъзои СҲШ таъин мекунад.

Директор ҳуқуқ дорад ҳама гуна масъалаҳоро дар доираи салоҳияти Маркази зиддимухаддиротӣ, ки ба андешаи ў баррасиро дар Шуро талаб мекунанд, ба муҳокимаи Шуро пешниҳод кунад.

Директор бо розигии Шуро шахсони мансабдорро аз ҳисоби шаҳрвандони Тарафҳо бо дарназардошти саҳмҳои ҳиссавии Тарафҳои дахлдор ба буҷети СҲШ таъин мекунад.

Вазифа ва функсияҳои Кумитаи иҷроия, тартиби иҷрои онҳо, тартиби таъин ва бозхонди шахсони мансабдори барои кор ба Кумитаи иҷроия фиристодашуда, иваз кардани Директор, инчунин тартиби ҳамкории Кумитаи иҷроия бо мақомоти салоҳиятдори Тарафҳо бо Низомнома муайян карда мешаванд.

Сохтор ва ҷадвали вазифаҳои Кумитаи иҷроия аз ҷониби Шурои сарони ҳукуматҳои (сарвазирон) давлатҳои аъзои СҲШ дар асоси пешниҳоди Директор, ки аз тарафи Шуро маъқул дониста шудааст, тасдиқ карда мешавад.

Кормандон ҳангоми иҷрои вазифаҳои худ набояд аз ягон давлат ва/ё ҳукумат, ташкилот ё шахсони алоҳида дастур талаб кунанд ва ё қабул кунанд.

Тарафҳо уҳдадор мешаванд, ки хусусияти байналмилалии вазифаҳои ҳайати кормандонро эҳтиром кунанд ва ба онҳо дар иҷрои уҳдадориҳои худ таъсир нарасонанд.

Моддаи 13

Тарафҳо мувофиқи тартиби пешбининамудаи қонунгузории миллии худ шахсонро барои кор ба Кумитаи иҷроия мефиристанд.

Муносибатҳои меҳнатии байни кормандон ва Кумитаи иҷроияро қонунгузории давлати қабулкунанда танзим мекунад.

Моддаи 14

Маркази зиддимухаддиротӣ, молу мулк ва дороиҳои он, биноҳо, воситаҳои нақлиёт, бойгонӣ, ҳуҷҷатҳо, аз ҷумла мукотибаи хизматӣ дар ҳаҷм ва тартиби дахлдор аз имтиёзҳо ва масуниятҳое, ки Конвенсия дар бораи имтиёзҳо ва масуниятҳои Созмони ҳамкории Шанхай аз 17 июни соли 2004 пешбинӣ шудаанд, бархўрдор мебошанд.

Моддаи 15

Директор, шахсони мансабдор ва аъзои оилаи онҳо, ки бо онҳо истиқомат мекунанд, аз имтиёзҳо ва масуниятҳое, ки дар Конвенсия оид ба имтиёзҳо ва масуниятҳои Созмони ҳамкории Шанхай аз 17 июни соли 2004 пешбинӣ шудаанд, бархўрдор мебошанд.

Кормандон оид ба секондмент тибқи моддаи 17 Конвенсияи Созмони ҳамкории Шанхай аз 17 июни соли 2004 аз имтиёзҳо ва масуниятҳо бархўрдор мебошанд.

Шаҳрвандони давлати қабулкунанда тибқи созишномаи байни СҲШ ва давлати қабулкунанда аз имтиёзҳо ва масуниятҳо бархўрдор мебошанд.

Имтиёзҳо ва масуниятҳое, ки дар Конвенсия оид ба имтиёзҳо ва масуниятҳои Созмони ҳамкории Шанхай аз 17 июни соли 2004 пешбинӣ шудаанд, ба коргарон татбиқ намегардад.

Моддаи 16

Директор, шахсони мансабдор ва кормандон оид ба секондмент баъди ба охир расидани кор дар Маркази зиддимухаддиротӣ ба ихтиёри мақомоти салоҳиятдори Тарафҳое, ки онҳоро фиристодаанд, фиристода мешаванд.

Моддаи 17

Маркази зиддимухаддиротӣ дорои нишон ва рамзҳои дигар буда, метавонад онҳоро дар биноҳои ишғолкардааш ва воситаҳои нақлиёт ҷойгир кунад.

Тарафҳо ҳуҷҷатҳои расмӣ, муҳр ва штампҳои Маркази зиддимухаддиротиро эътироф мекунанд.

Моддаи 18

Ба ҳисоб гирифтани вақти корӣ дар Маркази зиддимухаддиротӣ дар собиқаи корӣ, бо нафақа таъмин намудани Директор, шахсони мансабдор ва кормандон оид ба секондмент, инчунин аъзои оилаи онҳо, ки бо онҳо зиндагӣ мекунанд, бо тартиб ва шартҳое, ки дар қонунгузории Тарафи ирсолкунанда муайян кардааст, сурат мегирад.

Тартиби хизматрасонии тиббӣ ба Директор, шахсони мансабдор ва кормандон оид ба секондмент, инчунин аъзои оилаи онҳо, ки бо онҳо зиндагӣ мекунанд, тибқи Созишномаи байни СҲШ ва давлати иқомат муайян карда мешавад.

Моддаи 19

Забонҳои расмӣ ва кории Маркази зиддимухаддиротӣ забонҳои расмӣ ва кории СҲШ мебошанд.

Моддаи 20

Ба Созишномаи мазкур бо розигии мутақобилаи Тарафҳо метавонанд тағйиру иловаҳо ворид карда шаванд, ки бо протоколҳои алоҳида ба расмият дароварда мешавад.

Моддаи 21

Баҳсҳое, ки ҳангоми тафсир ё татбиқи Созишномаи мазкур ба миён меоянд, тавассути машваратҳо ва гуфтушунидҳо байни Тарафҳо ҳал карда мешаванд.

Моддаи 22

Маҳфуздорандаи Созишномаи мазкур Котиботи СҲШ мебошад, ки нусхаҳои тасдиқшудаи онро дар давоми 15 рӯз аз санаи имзои он ба Тарафҳо мефиристад.

Моддаи 23

Созишномаи мазкур дар рӯзи 30-уми аз санаи аз ҷониби маҳфуздоранда гирифтани огоҳиномаи охирини хаттӣ дар бораи аз ҷониби Тарафҳо иҷро гардидани расмиёти дохилии давлатие, ки барои эътибор пайдо кардани он зарур аст, бо шарти эътибор пайдо кардани протокол дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Хартияи Созмони ҳамкории Шанхай аз 7 июни соли 2002, ки мақоми Маркази зиддимухаддиротиро ба сифати мақоми доимоамалкунандаи СҲШ тасдиқ мекунад ва дар ин сана аз ҷониби Шурои сарони давлатҳои аъзои СҲШ тасдиқ намудани Низомнома, аз ҷониби Шурои сарони ҳукуматҳои (сарвазирони) давлатҳои аъзои СҲШ тасдиқ намудани сохтор ва ҷадвали штатии Кумитаи иҷроия, инчунин буҷети СҲШ, ки маблағгузории фаъолияти СҲШ-ро пешбинӣ менамояд, эътибор пайдо мекунад.

Дар ҳолате, ки агар эътибор пайдо кардани протокол дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Хартияи Созмони ҳамкории Шанхай аз 7 июни соли 2002, ки мақоми Маркази зиддимухаддиротиро ба сифати мақоми доимоамалкунандаи СҲШ тасдиқ мекунад, тасдиқи Низомнома, сохтор, ҷадвали штатии Кумитаи иҷроия ва буҷети СҲШ, ки маблағгузории фаъолияти СҲШ-ро пешбинӣ менамояд, пас аз санаи ба маҳфуздоранда барои нигоҳдорӣ супурдани огоҳиномаи охирини хаттӣ дар бораи аз ҷониби Тарафҳо иҷро гардидани расмиёти дохилии давлатие, ки дар моддаи мазкур дарҷ шудааст, он гоҳ Созишномаи мазкур аз 1 январи соли баъди соли эътибор пайдо кардани протоколи мазкур ва тасдиқи ҳуҷҷатҳои зикршуда эътибор пайдо мекунад.

Созишномаи мазкур пас аз эътибор пайдо кардани он барои ҳамроҳшавии давлатҳое, ки ба Хартияи Созмони ҳамкории Шанхай аз 7 июни соли 2002 ҳамроҳ шудаанд, кушода аст.

Барои давлати ҳамроҳшаванда Созишномаи мазкур дар рӯзи 30-юм аз санаи аз ҷониби маҳфуздоранда гирифтани санади дахлдори ҳамроҳшавӣ эътибор пайдо мекунад.

Моддаи 24

Ҳар Тараф метавонад ба маҳфуздоранда 12 моҳ пеш аз санаи пешбинишудаи хориҷшавӣ дар ин хусус огоҳиномаи хаттӣ ирсол намуда, уҳдадориҳои молиявӣ ва уҳдадориҳои дигаре, ки дар давоми амали Созишномаи мазкур ба миён омадаанд, ба танзим дароварда, аз Созишномаи мазкур хориҷ шавад.

Маҳфуздоранда дар бораи ин ният Тарафҳои дигарро дар давоми 30 рӯз аз лаҳзаи гирифтани огоҳинома дар бораи хориҷшавӣ огоҳ мекунад.

Дар шаҳри Тянҷин 1 сентябри соли 2025 дар як нусхаи аслӣ бо забонҳои русӣ ва чинӣ ба имзо расонида шуд, зимнан, ҳарду матн эътибори якхела дорад.



Аз ҷониби Ҷумҳурии Беларус


Аз ҷониби Ҷумҳурии Хиндустон


Аз ҷониби Ҷумҳурии Исломии Эрон


Аз ҷониби Ҷумҳурии Қазоқистон


Аз ҷониби Ҷумҳурии Мардумии Чин


Аз ҷониби Ҷумҳурии Қирғизистон


Аз ҷониби Ҷумҳурии Исломии Покистон


Аз ҷониби Федератсияи Россия


Аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон


Аз ҷониби Ҷумҳурии Ӯзбекистон




УКАЗ ПРЕЗИДЕНТА РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О проекте Соглашения между государствами-членами Шанхайской организации сотрудничества об Антинаркотическом центре Шанхайской организации сотрудничества


В соответствии со статьей 7 Закона Республики Таджикистан «О международных договорах Республики Таджикистан» постановляю:

1. Одобрить проект Соглашения между государствами-членами Шанхайской организации сотрудничества об Антинаркотическом центре Шанхайской организации сотрудничества.

2. Министерству иностранных дел Республики Таджикистан в установленном порядке согласовать дату и место подписания настоящего Соглашения со Сторонами.


Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г. Душанбе, от 29 августа 2025 года, № 1069
Проект

Соглашение между государствами-членами Шанхайской организации сотрудничества об Антинаркотическом центре Шанхайской организации сотрудничества

Государства-члены Шанхайской организации сотрудничества, далее именуемые Сторонами,

подтверждая приверженность целям и принципам Устава Организации Объединенных Наций (далее - ООН),

руководствуясь целями и принципами Хартии Шанхайской организации сотрудничества от 7 июня 2002 года,

действуя в соответствии со своим национальным законодательством,

выражая озабоченность расширением масштабов незаконного оборота наркотических средств, психотропных веществ (далее - наркотики) и их прекурсоров, а также злоупотребления наркотиками, сознавая, что незаконный оборот наркотиков и их прекурсоров представляет серьезную угрозу здоровью и благосостоянию народов Сторон,

будучи обеспокоенными расширением использования территорий Сторон для контрабанды и незаконного транзита наркотиков и их прекурсоров,

считая, что укрепление сотрудничества Сторон в деле борьбы с незаконным оборотом наркотиков и их прекурсоров, а также злоупотреблением наркотиками отвечает интересам народов Сторон,

принимая во внимание положения Единой конвенции о наркотических средствах 1961 года с поправками, внесенными в неё в соответствии с Протоколом 1972 года о поправках к Единой конвенции о наркотических средствах 1961 года, Конвенции о психотропных веществах 1971 года, Конвенции Организации Объединенных Наций о борьбе против незаконного оборота наркотических средств и психотропных веществ 1988 года, профильных резолюций и документов ООН, а также решения Комиссии ООН по наркотическим средствам и рекомендации Международного комитета по контролю над наркотиками,

исходя из положений Соглашения между государствами-членами Шанхайской организации сотрудничества о сотрудничестве в борьбе с незаконным оборотом наркотических средств, психотропных веществ и их прекурсоров от 17 июня 2004 года, Соглашения о сотрудничестве между правительствами государств-членов Шанхайской организации сотрудничества в борьбе с преступностью от 11 июня 2010 года, а также других документов ШОС, затрагивающих вопросы борьбы с незаконным оборотом наркотиков и их прекурсоров,

исходя из взаимной заинтересованности в принятии эффективных мер, направленных на борьбу с незаконным оборотом наркотиков и их прекурсоров,

преследуя цель совершенствования и развития имеющихся в Шанхайской организации сотрудничества (далее - ШОС) механизмов сотрудничества в сфере борьбы с незаконным оборотом наркотиков и их прекурсоров,

согласились о нижеследующем:

Статья 1

Для целей настоящего Соглашения нижеперечисленные термины означают:

«Антинаркотический центр» или «АНЦ» - Антинаркотический центр ШОС;

«Совет» - высший орган Антинаркотического центра, состоящий из представителей Сторон;

«Представитель» - лицо, на которое направляющей Стороной возложена обязанность действовать в этом качестве в Совете;

«Постоянный представитель государства-члена ШОС при Антинаркотическом центре» - лицо, на которое направляющей Стороной возложена обязанность действовать в этом качестве;

«Исполнительный комитет» - постоянно действующий исполнительный орган Антинаркотического центра;

«Директор» - высшее административное должностное лицо Исполнительного комитета;

«Должностные лица» - лица, направляемые Сторонами для работы в Исполнительном комитете и назначенные Директором с согласия Совета на соответствующие штатные должности, обладающие дипломатическим статусом или приравненным к нему;

«Сотрудники по секондменту» - специалисты, направляемые Сторонами на добровольной основе для работы в Исполнительный комитет, которые не получают денежное содержание, гарантии и компенсации из бюджета ШОС;

«Работники» - лица, выполняющие в Исполнительном комитете административные, технические и иные функции, не обладающие дипломатическим статусом;

«Персонал» - Директор, должностные лица, сотрудники по секондменту и работники;

«Помещения» - здания или части зданий, используемые для целей АНЦ, вне зависимости от принадлежности и формы права собственности на них, включая обслуживающие данные здания или части зданий земельные участки;

«Государство пребывания» - Сторона, на территории которой располагается Исполнительный комитет.

Статья 2

Стороны учреждают Антинаркотический центр, местом пребывания которого является город Душанбе Республики Таджикистан.

Условия пребывания Антинаркотического центра определяются соглашением между правительством государства пребывания и ШОС.

Статья 3

Антинаркотический центр является постоянно действующим органом ШОС и предназначен для содействия взаимодействию компетентных органов Сторон и координации их сотрудничества в противодействии незаконному обороту наркотиков и их прекурсоров.

Антинаркотический центр в своей деятельности руководствуется международными договорами, решениями и иными документами, принятыми в рамках ШОС.

Статья 4

Антинаркотический центр пользуется правами юридического лица и в этом качестве, в частности, имеет право:

-заключать гражданско-правовые договоры;

-приобретать движимое и недвижимое имущество и распоряжаться им;

-открывать и вести банковские счета в любой необходимой валюте;

-выступать в судах в качестве истца или ответчика.

Предусмотренные настоящей статьей права осуществляются Директором от имени АНЦ.

Статья 5

Финансирование деятельности Антинаркотического центра осуществляется из средств бюджета ШОС.

Порядок финансирования Антинаркотического центра определяется документами, регламентирующими вопросы бюджета ШОС.

Статья 6

Основными задачами и функциями Антинаркотического центра являются:

1.Разработка предложений и рекомендаций о развитии сотрудничества Сторон в сфере противодействия незаконному обороту наркотиков и их прекурсоров.

2.Содействие Сторонам в развитии и реализации потенциала сотрудничества в сфере противодействия незаконному обороту наркотиков и их прекурсоров, в том числе по следующим направлениям:

2.1.Планирование и координация согласованных оперативнопрофилактических мероприятий по противодействию незаконному обороту наркотиков и их прекурсоров;

2.2.Выявление и пресечение деятельности транснациональных организованных преступных групп, связанных с незаконным оборотом наркотиков и их прекурсоров;

2.3.Принятие согласованных мер по противодействию легализации (отмыванию) доходов, полученных от незаконного оборота наркотиков и их прекурсоров;

2.4.Осуществление по запросу компетентных органов Сторон международного розыска лиц, причастных к совершению преступлений, связанных с незаконным оборотом наркотиков и их прекурсоров;

2.5.Организация, проведение и координация осуществления компетентными органами Сторон в соответствии с национальным законодательством Сторон согласованных международных антинаркотических операций и оперативно-розыскных мероприятий по вопросам, связанным с противодействием незаконному обороту наркотиков и их прекурсоров, в том числе международных контролируемых поставок, на основании запросов компетентных органов Сторон;

2.6.Профилактика злоупотребления наркотиками и правонарушений, связанных с незаконным оборотом наркотиков и их прекурсоров;

2.7.Подготовка и повышение квалификации кадров для подразделений компетентных органов Сторон в сфере противодействия незаконному обороту наркотиков и их прекурсоров по просьбе Сторон.

3.Мониторинг и анализ наркоситуации на пространстве ШОС, в том числе в части появления новых психоактивных веществ.

4.Формирование, обеспечение функционирования и ведение банка данных Антинаркотического центра по вопросам, относящимся к компетенции Антинаркотического центра.

5.Сбор, хранение, защита, анализ и обмен информацией, связанной с незаконным оборотом наркотиков и их прекурсоров, а также предоставление компетентным органам Сторон этой информации по их запросам.

6.Участие в разработке проектов международных договоров и документов, затрагивающих сферу противодействия незаконному обороту наркотиков и их прекурсоров.

7.Подготовка и проведение научно-практических конференций, семинаров, конгрессно-выставочных, а также иных мероприятий по обмену опытом и совершенствованию механизмов противодействия незаконному обороту наркотиков и их прекурсоров.

8.Установление и развитие взаимодействия в сфере противодействия незаконному обороту наркотиков и их прекурсоров с компетентными органами государств-наблюдателей и партнеров ШОС по диалогу.

9.Установление и поддержание в интересах Сторон рабочих контактов с профильными международными организациями, а также государственными, негосударственными, коммерческими, некоммерческими организациями и учреждениями по вопросам, связанным с незаконным оборотом наркотиков и их прекурсоров.

10.Иные задачи и функции, которые могут быть возложены на Антинаркотический центр решением Совета глав государств-членов ШОС.

Статья 7

Порядок создания, функционирования и ведения банка данных Антинаркотического центра, а также вопросы, касающиеся сбора, хранения, защиты, анализа, обмена и предоставления информации, содержащейся в банке данных Антинаркотического центра, регулируются отдельными соглашениями, заключаемыми в рамках ШОС.

Статья 8

Антинаркотический центр в рамках своей деятельности взаимодействует с другими постоянно действующими органами ШОС.

Взаимодействие Антинаркотического центра с Секретариатом ШОС регламентируется Положением об Исполнительном комитете Антинаркотического центра Шанхайской организации сотрудничества (далее - Положение), которое утверждается Советом глав государств- членов ШОС.

Взаимодействие Антинаркотического центра с Универсальным центром по противодействию вызовам и угрозам безопасности государств-членов ШОС регулируется отдельным соглашением между Сторонами.

Статья 9

Стороны определяют перечень своих компетентных органов, которые осуществляют взаимодействие с Антинаркотическим центром, в том числе компетентный орган, координирующий указанное взаимодействие.

Стороны письменно уведомляют об этом депозитария настоящего Соглашения при сдаче уведомлений о выполнении внутригосударственных процедур, необходимых для вступления настоящего Соглашения в силу.

В случае изменений в перечне компетентных органов одной из Сторон она письменно уведомляет об этом депозитария в течение 30 дней с даты таких изменений, о чем депозитарий информирует Стороны.

Статья 10

Органами Антинаркотического центра являются Совет и Исполнительный комитет, учреждаемые настоящим Соглашением.

Совет может создавать вспомогательные органы, которые он сочтет необходимыми для выполнения своих функций.

Статья 11

Совет организуется таким образом, чтобы он мог функционировать непрерывно. Для этой цели каждая Сторона должна быть постоянно представлена в месте пребывания Антинаркотического центра. Стороны в соответствии с национальным законодательством назначают своих постоянных представителей при Антинаркотическом центре.

Положение о постоянном представителе государства-члена Шанхайской организации сотрудничества при Антинаркотическом центре Шанхайской организации сотрудничества утверждается Советом глав государств-членов ШОС.

Совет периодически собирается на заседания, на которых каждая Сторона может быть представлена руководителем компетентного органа Стороны или другим специально уполномоченным представителем.

Совет определяет порядок осуществления основных задач и функций АНЦ, указанных в статье 6 настоящего Соглашения.

Совет представляет ежегодные доклады о деятельности Антинаркотического центра Совету глав государств-членов ШОС.

Решение в Совете по любому вопросу считается принятым, если ни одна из Сторон не возразила против него (консенсус).

Совет устанавливает свои правила процедуры, включая порядок избрания своего председателя.

Статья 12

Исполнительный комитет состоит из Директора и такого персонала, который может потребоваться для обеспечения нормального функционирования Антинаркотического центра.

Директор является высшим административным должностным лицом Исполнительного комитета и в этом качестве действует на всех заседаниях Совета, а также выполняет другие функции, которые возлагаются на него Советом.

Директор назначается Советом глав государств-членов ШОС по рекомендации Совета.

Директор имеет право доводить до сведения Совета любые вопросы в рамках компетенции Антинаркотического центра, которые, по его мнению, требуют рассмотрения в Совете.

Директор с согласия Совета назначает должностных лиц из числа граждан Сторон с учетом долевых взносов соответствующих Сторон в бюджет ШОС.

Задачи и функции Исполнительного комитета, порядок их реализации, порядок назначения и отзыва должностных лиц, направляемых для работы в Исполнительном комитете, замены Директора, а также порядок взаимодействия Исполнительного комитета с компетентными органами Сторон определяются Положением.

Структура и штатное расписание Исполнительного комитета утверждаются Советом глав правительств (премьер-министров) государств - членов ШОС на основе предложений Директора, одобренных Советом.

При исполнении своих обязанностей персонал не должен запрашивать или получать указания от какого бы то ни было государства и/или правительства, организации или частного лица.

Стороны обязуются уважать международный характер функций персонала и не оказывать на него влияния при исполнении им своих обязанностей.

Статья 13

Стороны направляют для работы в Исполнительном комитете лиц в соответствии с порядком, предусмотренным их национальным законодательством.

Трудовые отношения между работниками и Исполнительным комитетом регулируются законодательством государства пребывания.

Статья 14

Антинаркотический центр, его имущество и активы, помещения, транспортные средства, архивы, документы, в том числе служебная корреспонденция, пользуются в соответствующем объеме и порядке привилегиями и иммунитетами, предусмотренными Конвенцией о привилегиях и иммунитетах Шанхайской организации сотрудничества от 17 июня 2004 года.

Статья 15

Директор, должностные лица, а также члены их семей, проживающие вместе с ними, пользуются привилегиями и иммунитетами, предусмотренными Конвенцией о привилегиях и иммунитетах Шанхайской организации сотрудничества от 17 июня 2004 года.

Сотрудники по секондменту пользуются привилегиями и иммунитетами согласно статье 17 Конвенции о привилегиях и иммунитетах Шанхайской организации сотрудничества от 17 июня 2004 года.

Граждане государства пребывания пользуются привилегиями и иммунитетами в соответствии с соглашением между ШОС и государством пребывания.

На работников привилегии и иммунитеты, предусмотренные Конвенцией о привилегиях и иммунитетах Шанхайской организации сотрудничества от 17 июня 2004 года, не распространяются.

Статья 16

Директор, должностные лица и сотрудники по секондменту по окончании работы в Антинаркотическом центре откомандировываются в распоряжение направивших их компетентных органов Сторон.

Статья 17

Антинаркотический центр имеет эмблему и другую символику и может размещать их на занимаемых им помещениях и транспортных средствах.

Стороны признают официальные документы, печати и штампы АНЦ.

Статья 18

Зачет времени работы в Антинаркотическом центре в выслугу лет, пенсионное обеспечение Директора, должностных лиц и сотрудников по секондменту, а также членов их семей, проживающих вместе с ними, осуществляется в порядке и на условиях, определенных законодательством направляющей Стороны.

Порядок медицинского обслуживания Директора, должностных лиц и сотрудников по секондменту, а также членов их семей, проживающих вместе с ними, определяется соглашением между ШОС и государством пребывания.

Статья 19

Официальными и рабочими языками Антинаркотического центра являются официальные и рабочие языки ШОС.

Статья 20

В настоящее Соглашение по взаимному согласию Сторон могут вноситься изменения и дополнения, которые оформляются отдельными протоколами.

Статья 21

Спорные вопросы, возникающие при толковании или применении настоящего Соглашения, решаются путем консультаций и переговоров между Сторонами.

Статья 22

Депозитарием настоящего Соглашения является Секретариат ШОС, который направит Сторонам его заверенные копии в течение 15 дней с даты его подписания.

Статья 23

Настоящее Соглашение вступает в силу на 30 день с даты получения депозитарием последнего письменного уведомления о выполнении Сторонами внутригосударственных процедур, необходимых для его вступления в силу, при условии вступления в силу протокола о внесении изменений в Хартию Шанхайской организации сотрудничества от 7 июня 2002 года, закрепляющих статус Антинаркотического центра в качестве постоянно действующего органа ШОС, и утверждения к этой дате Советом глав государств-членов ШОС Положения, Советом глав правительств (премьер-министров) государств-членов ШОС - структуры и штатного расписания Исполнительного комитета, а также бюджета ШОС, предусматривающего финансирование деятельности

Антинаркотического центра.

В случае если вступление в силу протокола о внесении изменений в Хартию Шанхайской организации сотрудничества от 7 июня 2002 года, закрепляющих статус Антинаркотического центра в качестве постоянно действующего органа ШОС, утверждение Положения, структуры, штатного расписания Исполнительного комитета и бюджета ШОС, предусматривающего финансирование деятельности Антинаркотического центра, состоится после даты сдачи на хранение депозитарию последнего письменного уведомления о выполнении Сторонами указанных в настоящей статье внутригосударственных процедур, то настоящее Соглашение вступает в силу с 1 января года, следующего за годом вступления в силу указанного протокола и утверждения упомянутых документов.

Настоящее Соглашение после вступления его в силу открыто для присоединения государств, присоединившихся к Хартии Шанхайской организации сотрудничества от 7 июня 2002 года.

Для присоединяющегося государства настоящее Соглашение вступает в силу на 30 день с даты получения депозитарием соответствующего документа о присоединении.

Статья 24

Любая Сторона может выйти из настоящего Соглашения, направив письменное уведомление об этом депозитарию за 12 месяцев до предполагаемой даты выхода, урегулировав финансовые и иные обязательства, возникшие за время действия настоящего Соглашения.

Депозитарий уведомляет другие Стороны о данном намерении в течение 30 дней с момента получения уведомления о выходе.

Подписано в городе Тяньцзинь 1 сентября 2025 года в одном подлинном экземпляре на русском и китайском языках, причем оба текста имеют одинаковую силу.



За Республику Беларусь

За Республику Индия

За Исламскую Республику Иран

За Республику Казахстан

За Китайскую Народную Республику

За Кыргызскую Республику

За Исламскую Республику Пакистан

За Российскую Федерацию

За Республику Таджикистан

За Республику Узбекистан