ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар хусуси лоиҳаи Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи хизмати давлатӣ байни Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии давлатӣ оид ба корҳои хизмати давлатӣ ва худидоракунии маҳаллии назди Девони вазирони Ҷумҳурии Қирғизистон
Мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1.Лоиҳаи Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи хизмати давлатӣ байни Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии давлатӣ оид ба корҳои хизмати давлатӣ ва худидоракунии маҳаллии назди Девони вазирони Ҷумҳурии Қирғизистон маъқул дониста шавад.
2.Директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёддошти тафоҳуми мазкурро ба имзо расонад ва ҳангоми зарурат ба матни он тағйиру иловаҳои хусусияти муҳимнадоштаро ворид намояд.
3.Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида бо ҷониби Қирғизистон сана ва маҳалли ба имзо расонидани Ёддошти тафоҳуми мазкурро мувофиқа намояд.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 7 июли соли 2025, № 388
Лоиҳа
ЁДДОШТИ ТАФОҲУМ
оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи хизмати давлатӣ байни Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва
Агентии давлатӣ оид ба корҳои хизмати давлатӣ ва худидоракунии маҳаллии назди Девони вазирони Ҷумҳурии Қирғизистон
Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии давлатӣ оид ба корҳои хизмати давлатӣ ва худидоракунии маҳаллии назди Девони вазирони Ҷумҳурии Қирғизистон, ки минбаъд Тарафҳо номида мешаванд:
бо дарки аҳаммияти рушд ва навсозии хизмати давлатӣ;
бо дар назар доштани он, ки ҳамкории дуҷониба ва табодули таҷриба оид ба масъалаҳои фаъолият ва рушди соҳаи хизмати давлатӣ метавонад ба ҳалли вазифаҳои дар назди Тарафҳо гузошташуда мусоидат намояд,
дар асоси принсипҳои ихтиёрӣ, кушода ва эҳтироми байни ҳамдигар, ба мувофиқаи зайл расиданд:
Моддаи 1
Мақсади Ёддошти тафоҳуми мазкур фароҳам овардани шароит барои ҳамкории дуҷониба дар соҳаи хизмати давлатӣ мебошад.
Моддаи 2
Ҳамкории Тарафҳо тавассути баргузор намудани машваратҳои коршиносон, табодули таҷриба ва маълумот оид ба масъалаҳои хизмати давлатӣ, ташкили таҳсил ва таҷрибаомӯзии хизматчиёни давлатй амалӣ карда мешавад.
Моддаи 3
Ҳамкории Тарафҳо дар шаклҳои зерин амалӣ карда мешавад:
-табодули таҷриба ва иттилоот дар соҳаи хизмати давлатӣ;
-рушди шабакаҳои иттилоотӣ дар соҳаи хизмати давлатӣ;
-таҳияи механизмҳои ҳавасмандгардонӣ барои хизматчиёни давлатӣ;
-рушди раванди тайёркунӣ, бозомӯзӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзии мутахассисони хизмати давлатӣ.
Моддаи 4
Ёддошти тафоҳуми мазкур дар доираи муайян амалӣ карда мешавад ва шаклҳои дигари фаъолиятро, ки Тарафҳо пешниҳод мекунанд, истисно намекунад.
Дар доираи Ёддошти тафоҳуми мазкур мумкин аст чорабиниҳое баргузор карда шаванд, ки шакл, тартиб ва муҳлати гузаронидани онҳо дар машваратҳои муштараки Тарафҳо, ё ин ки бо ташаббуси яке аз Тарафҳо бо роҳи табодули нотаҳо муайян карда шавад.
Моддаи 5
Дар доираи Ёддошти тафоҳуми мазкур Тарафҳо барои таҳияи нақшаҳои ҳамкории минбаъда дар соҳаи хизмати давлатӣ машваратҳо доир менамоянд, ки бо протоколи дахлдор ба расмият дароварда мешаванд.
Моддаи 6
Тарафҳо хароҷоти дар рафти амалисозии Ёддошти тафоҳуми мазкур бамиёномадаро дар доираи маблағҳои пешбининамудаи қонунгузории миллии кишварҳои худ мустақилона ба уҳда мегиранд.
Моддаи 7
Ёддошти тафоҳуми мазкур ба ҳуқуқу уҳдадориҳои Тарафҳо, ки аз шартномаҳои байналмилалии дигар бармеоянд ва иштирокчии онҳо мебошанд, дахолат намекунад.
Моддаи 8
Масъалаҳои баҳсноке, ки дар ҷараёни амалисозии Ёддошти тафоҳуми мазкур ба миён меоянд, бо роҳи машварат ва гуфтушуниди Тарафҳо ҳал карда мешаванд.
Моддаи 9
Бо розигии дуҷонибаи Тарафҳо мумкин аст ба Ёддошти тафоҳуми мазкур тағйиру иловаҳо ворид карда шавад, ки бо протоколи иловагӣ ба расмият дароварда мешавад ва онҳо ҷузъи ҷудонопазири ҳамин Ёддошт тафоҳум маҳсуб меёбанд.
Моддаи 10
Ёддошти тафоҳуми мазкур аз рӯзи имзо шудани он аз ҷониби ҳар ду Тараф эътибор пайдо менамояд.
Ёддошти тафоҳуми мазкур ба муҳлати 5 сол баста шуда, ба давраҳои панҷсолаҳои минбаъда худ ба худ тамдид мегардад, агар ягон Тараф аз нияти худ ҷиҳати қатъ намудани амали он ба Тарафи дигар огоҳиномаро дар шакли хаттӣ тавассути роҳҳои дипломатӣ 6 моҳ пеш аз ба охир расидани муҳлати эътибори он ирсол накунад.
Дар шаҳри «__» ____________соли 20__ дар ду нусхаи асл, ҳар кадом бо забонҳои тоҷикӣ, қирғизӣ ва русӣ ба имзо расонида шуд, ки зимнан ҳамаи матнҳо эътибори якхела доранд.
Дар сурати ба миён омадани ихтилофи назар вобаста ба тафсири муқаррароти Ёддошти тафоҳуми мазкур афзалият ба матни забони русӣ дода мешавад.
Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи хизмати давлатӣ байни Агенгии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти давлатии кадрии Ҷумҳурии Қирғизистон, ки аз 29 июни соли 2021 дар шаҳри Душанбе ба имзо расонида шудааст, аз эътибор соқит дониста шавад.
Аз ҷониби Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
| Аз ҷониби Агентии давлатӣ оид ба корҳои хизмати давлатӣ ва худидоракунии маҳаллии назди Девони вазирони Ҷумҳурии Қирғизистон
|
Правительства Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О проекте Меморандума о сотрудничестве в сфере государственной службы между Агентством государственной службы при Президенте Республики Таджикистан и Государственным агентством по делам государственной службы и местного самоуправления при Кабинете министров Кыргызской Республики
В соответствии со статьей 7 Закона Республики Таджикистан «О международных договорах Республики Таджикистан» Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1.Одобрить проект Меморандума о сотрудничестве в сфере государственной службы между Агентством государственной службы при Президенте Республики Таджикистан и Государственным агентством по делам государственной службы и местного самоуправления при Кабинете министров Кыргызской Республики.
2.Директору Агентства государственной службы при Президенте Республики Таджикистан—подписать—настоящий—Меморандум—и—при необходимости внести в его текст изменения и дополнения, не имеющие принципиального характера.
3.Министерству иностранных дел Республики Таджикистан в установленном порядке согласовать с кыргызской стороной дату и место подписэешя настоящего Меморандума.
Председатель Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г. Душанбе от 7 июля 2025 года, №388
Проект
Меморандум
о сотрудничестве в сфере государственной службы между Агентством государственной службы при Президенте Республики Таджикистан и Государственным агентством по делам государственной службы и местного самоуправления при Кабинете министров Кыргызской Республики
Агентство государственной службы при Президенте Республики Таджикистан и Государственное агентство по делам государственной службы и местного самоуправления при Кабинете министров Кыргызской Республики, далее именуемые Сторонами:
осознавая важность развития и модернизации государственной службы,
учитывая важность двустороннего сотрудничества и обмен опытом по вопросам функционирования и развития государственной службы придаст динамизм в решении поставленных перед Сторонами задач,
исходя из принципов добровольности, открытости и взаимного уважения, согласились о нижеследующем:
Статья 1
Целью настоящего Меморандума является создание условий для двустороннего сотрудничества в сфере государственной службы.
Статья 2
Сотрудничество Сторон осуществляется путем проведения совещаний экспертов, обмена опытом и информацией по вопросам государственной службы, организации обучения и стажировок государственных службы.
Статья 3
Сотрудничество Сторон осуществляется в следующих формах:
- обмен опытом и информацией в сфере государственной службы;
- развитие информационной сети в сфере государственной службы;
- разработка мотивационных механизмов для государственных служащих;
развитие процесса подготовки, переподготовки, повышения квалификации и стажировки специалистов государственной службы.
Настоящий Меморандум заключается сроком на 5 лет и автоматически продлевается на последующие пятилетние периоды, если ни одна из Сторон не направит письменное уведомление по дипломатическим каналам другой Стороне о своем намерении прекратить его действие, за 6 месяцев до истечения его срока.
Подписано в городе «____» ___________20___ года, в двух подлинных экземплярах, каждый на таджикском кыргызском и русском языках, причем все тексты имеют одинаковую силу.
В случае возникновения разногласия в связи с толкованием положении настоящего Меморандума, текст на русском языке имеет преимущественную силу.
Признать утратившим силу Меморандум о сотрудничестве а сфере государственной службы между Агентством государственной службы при Президенте Республики Таджикистан и Государственной кадровой службой Кыргызской Республики, подписанный в городе Душанбе 29 июня 2021 года.
За Агентство государственной службы при Президенте Республики Таджикистан | За Государственное агентство по делам государственной службы и местного самоуправления при Кабинете министров Кыргызской Республики |