ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи лоиҳаи созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «КМ Муосир» оид ба сохтмон ва баистифодадиҳии корхонаи истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ҳудуди ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон
Мутобиқи моддаҳои 8 ва 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сармоя ва ҳавасмандгардонии фаъолияти сармоягузорӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Лоиҳаи созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «КМ Муосир» оид ба сохтмон ва баистифодадиҳии корхонаи истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ҳудуди ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон маъқул дониста шавад.
2. Номгӯйи молҳо, воситаҳои наклиёт, техника ва таҷҳизоти аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «КМ Муосир» ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади сохтмон ва баистифодадиҳии корхонаи истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ҳудуди ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон воридшаванда, ки пас аз тасдиқ гардидани созишномаи сармоягузорӣ аз пардохтҳои гумрукӣ тибқи созишномаи сармоягузорӣ озод карда мешаванд, тасдиқ карда шавад.
3. Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон созишномаи сармоягузории мазкурро аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расонад ва ҳангоми зарурат ба матни он тағйиру иловаҳои хусусияти муҳимнадоштаро ворид намояд.
4. Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраргардида бо Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «КМ Муосир» сана ва маҳалли имзои созишномаи сармоягузории мазкурро мувофиқа намояд.
5. Созишномаи сармоягузории мазкур пас аз ба имзо расидан ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ пешниҳод карда шавад.
6. Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сари вақт гузаронидани расмиёти гумрукии молҳо, воситаҳои нақлиёт, техника ва таҷҳизотҳои воридшаванда ва назорати истифодабарии мақсадноки онҳоро таъмин намояд.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 1 июли соли 2025, № 379
Лоиҳа
СОЗИШНОМАИ САРМОЯГУЗОРӢ БАЙНИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА ҶАМЪИЯТИ ДОРОИ МАСЪУЛИЯТИ МАҲДУДИ «КМ МУОСИР» ОИД БА СОХТМОН ВА БА ИСТИФОДАДИҲИИ КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ САНОАТӢ ДАР ҲУДУДИ НОҲИЯИ ДАНҒАРАИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН
Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «КМ Муосир» оид ба сохтмон ва баистифодадиҳии корхонаи истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ҳудуди ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон (минбаъд - созишнома ё созишномаи мазкур) бо мазмуни зерин ба имзо расонида шудааст:
1) Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Ҳукумат) дар шахсияти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - мақоми ваколатдори давлатӣ)
2.) Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «КМ Муосир» (минбаъд - Сармоягузор), ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст ва амал мекунад:
МУҚАДДИМА
- бо дарназардошти муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сармоя ва ҳавасмандгардонии фаъолияти сармоягузорӣ »;
- бо дарназардошти он, ки Ҳукумат баҳри рушди соҳаҳои саноати кишвар, рушди иқтидорҳои истеҳсолӣ, афзоиши иқтидори содиротӣ ва ташкили ҷойҳои нави корӣ ба Сармоягузор ҳуқуқи (i) лоиҳакашӣ, сохтмон ва истифодабарии корхонаи истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ҳудуди ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон бо шумули ҳуқуқҳо барои истеҳсол, нигоҳдорӣ, интиқол, фурӯш, содирот ва воридоти мавод ва маҳсулоти тайёр, ташкили истгоҳи транзитӣ ва лавозимоти моддаҳои саноатӣ барои кандани нақбҳо, истихроҷи сарватҳои зеризаминӣ, бунёди роҳҳо, кофтани чоҳҳои амудӣ ва дигар намуди самти фаъолият аз рӯйи истифодабарии маҳсулоти истеҳсолшаванда ва (ii) лоиҳакашӣ ва сохтмони инфрасохтори зарурии дигар, аз ҷумла дигар инфрасохтори иҷтимоии зарурии лоиҳа ва рушди минтақаро тибқи шартҳои созишномаи мазкур пешниҳод менамояд;
- бо дарназардошти он, ки амалисозии лоиҳа ва созишнома набояд ба муҳити зист ва амнияти экологии минтақа зарар расонад;
- бо инобати он, ки Сармоягузор уҳдадориҳоро ҷиҳати таъмини маблағгузории лоиҳа дар давоми муҳлат ва мақсадҳои дар созишнома муайянгардида ба худ мегирад;
- бо эътирофи он, ки низоми имтиёзу кафолатҳои дар созишнома пешбинигардида бояд сармоягузориҳои хусусӣ ва рушди иқтисодро ҳавасманд гардонида, ба афзоиши истифодаи захираҳои иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ дар минтақа мусоидат намоянд;
- бо дарназардошти он, ки Ҳукумат ба қарор омад, ки баимзорасонии созишномаи мазкурро Ҳамчун тарзи самараноки маблағгузории Сармоягузор (i) барои амалисозии лоиҳа, (ii) рушди соҳаи канданиҳои фоиданок, (iii) рушди иқтидорҳои истеҳсолӣ ва зиёд гардонидани иқтидори содиротӣ эътироф менамояд;
- бо мақсади рушд додани соҳаи саноати куҳӣ, инчунин афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ, воридоти технологияи муосир, ҷалби сармоягузориҳои мустақими дохилӣ ва хориҷӣ;
- бо дарназардошти он, ки дар натиҷа тибқи созишномаи мазкур аз тарафи Сармоягузор ба зиммаи худ гирифтани уҳдадорӣ ҷиҳати ҳадди имкон истифода бурдани қувваи кории маҳаллии мавҷуда, ки дорои малакаи корӣ, таҷриба ва тахассуси дахлдор барои амалисозии лоиҳа мебошад, созишнома бояд барои афзоиши шуғли аҳолии кишвар мусоидат кунад;
- бо дарназардошти он, ки Сармоягузор бо истифода аз технологияҳои пешрафта, таҷҳизоти муосир ва омода намудани мутахассисони баландихтисос бо мақсади таъсис додан, сохтан ва ба истифода додани корхона ҷиҳати истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ҳудуди ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон саҳмгузорӣ менамояд;
- бо дарназардошти амалисозии супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷалби сармоягузории дохиливу хориҷӣ бо назар дошти бунёди марҳилаи дуюм, баланд бардоштани иқтидори хатти истеҳсолии марҳилаи якум;
- дар робита ба гуфтаҳои боло ва бо инобати уҳдадориҳои мутақобила, ки дар созишномаи мазкур муқаррар гардидаанд, инчунин манфиати мутақобилаи аз он бароянда, Ҳукумат ва Сармоягузор ба мувофиқаи зерин расиданд:
МОДДАИ 1. МАФҲУМҲО ВА ТАФСИРИ ОНҲО
1.1. Барои ноил шудан ба мақсадҳои созишномаи мазкур мафҳумҳои зерин истифода мешаванд, ки агар матн маънои дигарро тақозо накунад ва ё бо тарзи дигар муайян нашуда бошад, ин мафҳумҳо маънои зеринро доранд:
- Ҳукумат - Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Сармоягузор - ҶДММ «КМ Муосир», ҷамъиятҳои фаръиву вобаста ва дигар шаклҳои ташкилию ҳуқуқии шахсони ҳуқуқӣ, ки ҶДММ «КМ Муосир» муассис/иштирокдори онҳо мебошад ва барои амалисозии лоиҳа вобаста гардидаанд, ҳама гуна тарафҳои дигар, ки тавассути воридшавӣ ба сармояи оинномавии ҷамъиятҳои фаръиву вобастаи ҶДММ «КМ Муосир» сармоягузор (иштирокдор, ҳамсармоягузор) мешаванд;
- созишнома - созишномаи сармоягузории баимзорасонидашудаи байни Ҳукумат ва Сармоягузор оид ба амалисозии лоиҳа (аз ҷумла замимаҳо ва тамоми тағйиру иловаҳое, ки метавонанд минбаъд ба созишномаи сармоягузорӣ ворид карда шаванд);
- мақоми ваколатдори давлатӣ - Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- лоиҳа - лоиҳаи сармоягузорӣ оид ба таъсис додан, сохтан ва ба истифода додани корхона, инчунин истифодаи минбаъдаи корхонаҳои амалкунанда ҷиҳати истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ҳудуди ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон, инчунин маънои ҳама гуна чорабиниҳои дар асосноккунии техникию иқтисодии лоиҳа пешбинигардида, аз ҷумла таҷдиди корхонаҳои амалкунандаи Сармоягузор;
- объектҳои лоиҳа - ҳамаи объектҳои (аз ҷумла корхона ҳамчун комплекси молу мулкӣ) дар лоиҳа пешбинишуда, ки бояд дар доираи амалисозии лоиҳа бунёд, таҷдид, барқарор ва истифода шаванд;
- инфрасохтори ҳамроҳи лоиҳа - инфрасохтори махсуси истеҳсолию техникӣ ё истеҳсолию техникии ёрирасон, ки дар лоиҳа пешбинӣ шуда, барои амалисозии босамари лоиҳа ё дигар таъинот зарур мебошад;
- корхона – корхонаи Сармоягузор, воҳидҳои сохторӣ ва алоҳидаи ин корхона, ки ҷиҳати истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ҳудуди ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ва дар оянда дар дигар минтақаҳои кишвар тибқи созишномаи мазкур таъсис дода мешаванд;
- қонунгузории татбиқшаванда - санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- санаи эътибор пайдо намудан - маънои дар банди 29.1. моддаи 29 созишномаи мазкур пешбинишударо дорад;
- муҳлати созишнома - муҳлати дар банди 29.2. моддаи 29 Созишнома пешбинишударо дорад;
- созишномаи паймонкорӣ - дар маҷмуъ ҳамаи созишномаҳое, ки Сармоягузор бо як ё якчанд паймонкор барои лоиҳакашӣ, сохтмон, таҷдид ва ба истифода додани объектҳои лоиҳа, иҷрои дигар корҳо ва пешниҳоди хизматрасониҳо дар ҷараёни амалисозии лоиҳа ба имзо расонидааст ва ё мерасонад;
- паймонкор - шахси ҳуқуқӣ ва шахси воқеї, ки дар асоси созишномаи паймонкорӣ бо Сармоягузор ҷиҳати амалисозии лоиҳа бо таҳвили молҳо, иҷрои корҳо, пешниҳоди хизматрасониҳо ва дар дигар шакл ҳамкорӣ менамояд;
- ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ - маҷмуи ҳуҷҷатҳо ҷиҳати ба таври пурра ва дахлдор амалӣ намудани лоиҳа;
- ҳуҷҷатҳои молиявӣ - дар маҷмуъ ҳамаи созишномаҳои маблағгузории қарзӣ ва ҳиссавӣ, ки Сармоягузор бо мақсади маблағгузории амалисозии лоиҳа бастааст ё мебандад ва ҳама гуна ҳуҷҷатҳои дигареро, ки Сармоягузор метавонад бо мақсади амалисозии лоиҳа ба расмият дарорад, ба истиснои ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ;
- ҳолати рафънопазир (форс- мажор) - ҳодисае, ки аз Тарафҳо вобаста набуда, тағйироти заминаи меъёрии ҳуқуқӣ, буҳрони иқтисодӣ, эпидемия, ҳолати фавқулода, офатҳои табиӣ, амалиёти ҳарбӣ, ё ҳодисаҳои дигареро, ки метавонанд ба амалисозии лоиҳа таъсир расонанд, дар бар мегирад;
- андоз - ҳамаи андозҳое, ки мувофиқи қонунгузории андози Љумњурии Тољикистон муқаррар карда мешаванд;
- асосноккунии техникию иқтисодӣ (АТИ) - ҳуҷҷате, ки бояд тамоми ҷанбаъҳои дорои аҳамияти муҳим барои амалисозии лоиҳаро бо дарназардошти меъёрҳои ҳатмии қонунгузории татбиқшаванда дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва бехатарии саноатиро дар бар гирифта, мутобиқи таҷрибаи қабулшуда тартиб дода мешавад;
- мақомоти ваколатдори давлатии дахлдор - вазоратҳо, кумитаҳо, агентиҳо, хадамотҳо, ташкилотҳо, муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти дигаре, ки дар амалисозии лоиҳа уҳдадориҳо доранд;
- иҷозатҳо - ҳамаи иҷозатҳо (иҷозатномаҳо)- и махсусе, ки барои амалӣ намудани фаъолияти мушаххас бо риояи ҳатмии шарту талаботи иҷозатдиҳӣ, ки онро мақомоти иҷозатдиҳанда ба шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи иҷозатдиҳӣ медиҳад; ҳамаи ҳуҷҷати маъмурии дорои хусусияти иҷозатдиҳӣ дар шакли иҷозат, сертификат, хулоса, шаҳодатнома, аттестат, рухсатнома, бақайдгирӣ, супориш, қарор ва намуди дигари ҳуҷҷати дорои хусусияти иҷозатдиҳӣ, ки аз ҷониби мақомоти иҷозатдиҳанда ба субъекти хоҷагидор барои анҷом додани фаъолият ё амали муайян ва ё барои намудҳои муайяни мол, кор ва хизматрасонӣ бо нишон додани муҳлати амали он бо риояи ҳатмии шартҳои иҷозатдиҳӣ ва талаботу шартҳои тахассусӣ дода мешаванд; инчунин иҷозати кор ба шаҳрвандони хориҷӣ, ҳуҷҷатҳои ҳуқуқмуайянкунанда ва ё техникие, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешаванд, дар бар мегирад;
- санаи истифодаи тиҷоратӣ – рӯзи тақвимие, ки дар он корхонаи бунёдшаванда расман кушода мешавад ва барои корхонаи амалкунандаи Сармоягузор санаи эътибор пайдо кардани созишномаи мазкур;
- оқибатҳои ҳуқуқӣ – вазъи ҳуқуқии Сармоягузор, корхона ва дигар субъектони дар созишномаи мазкур дарҷгардида, ки бинобар пешниҳод намудани ҳуқуқҳо ва имтиёзҳои тибқи созишномаи сармоягузории мазкур пешниҳод шудаанд;
- амалияи байналмилалӣ - амалияи пешрафтаи байналмилалӣ, усулҳо, стандартҳо ва расмиётҳое, ки ба муқаррароти созишномаи мазкур ва қонунгузории татбиқшаванда мухолифат намекунанд;
- муҳлати истифодаи имтиёзи андозӣ - муҳлати дар сархати 4 банди 3.4. моддаи 3 созишномаи мазкур пешбинишударо дар бар мегирад;
- тасдиқ - тасдиқ гардидани созишномаи мазкур аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи қонунгузории татбиқшаванда;
- Тарафҳо ё Тараф – Ҳукумат ва Сармоягузор, Ҳукумат, Сармоягузор;
- кормандони хориҷӣ - ҳайати роҳбарикунанда, техникӣ ва кормандони дигари Сармоягузор, ки тибқи эҳтиёҷот ва дар асоси қонунгузории татбиқшаванда бо дарназардошти муқаррароти созишномаи мазкур ва барои амалисозии лоиҳа аз хориҷи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб карда мешаванд;
- сервитутҳо (ҳуқуқи оммавии убур) - маънои дар моддаи 15 пешбинишударо дорад;
- пардохтҳои ҳатмӣ - пардохт ва хироҷҳое, ки ба буҷети давлатӣ тибқи қонунгузории татбиқшаванда ситонида мешаванд;
- тарифҳои хизматрасонии пулакӣ (пардохти тарифҳои хизматрасонӣ) - тарифҳои хизматрасонии пулакии мақомоти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, корхонаву идораҳое, ки ба доираи идоракунии онҳо дохиланд ва дар ҳолатҳои дар қонунгузории татбиқшаванда пешбинишуда бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи зиддиинҳисорӣ ба мувофиқа расонида шудаанд;
- пардохтҳои гумрукӣ - боҷи гумрукӣ, андоз аз арзиши иловашуда, аксиз ва пардохти махсуси гумрукӣ, ки ҳангоми воридоти мол ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ситонида мешаванд;
- маҳсулоти ниҳоӣ - моддаҳои эмулсионии таркандаи саноатӣ ва воситаи таркишӣ, хизматрасониҳои соҳавӣ;
- хизматрасониҳои соҳавӣ – дар асоси иҷозатномаҳои дахлдори маќомоти давлатӣ тибқи қонунгузории амалкунандаи ҷумҳурӣ анҷом додани корҳои омодагӣ, боркашонии махсус, захиракуниву нигоҳдорӣ, таркишӣ ва дигар амалҳо аз рӯи истифодашавии таъинотии маҳсулоти истеҳсолшаванда;
- корҳо - тамоми чорабиниҳои Сармоягузор ва паймонкор, ки ба амалисозии лоиҳа равона карда шудаанд;
- майдони сохтмон (ҳудуди амалисозии лоиҳа) – ҳудуде, ки дар он корҳо марбут ба тарҳрезӣ, сохтмон, ба истифода супоридани объектҳои лоиҳа ва корҳои вобаста ба амалисозии лоиҳа иҷро мешаванд, бо дарназардошти ҳудудҳое, ки дар он корхона ва дигар инфрасохтори иловагӣ вобаста ба лоиҳа ҷойгиранд, инчунин ҳудудҳои гирду атрофи онҳо.
1.2. Дар Созишномаи мазкур:
- агар аз матн маънои дигар барнаояд, калимаҳои шакли танҳо маънои калимаҳои шакли ҷамъро ҳам дар бар мегиранд ва баръакс калимаҳои шакли ҷамъ маънои калимаҳои шакли танҳоро дар бар мегиранд, истифодаи мафҳуми «шахс» бошад, ҳамчунин маънои вориси ҳуқуқӣ ва сессионарҳоро дар бар мегирад;
- агар аз матн маънои дигар барнаояд, ишора ба банд ё замимаи муайян маънои ишора ба банд ё замимаи дахлдори созишномаи мазкурро дорад. Замимаҳо қисми ҷудонопазири созишномаи мазкур ба ҳисоб мераванд, ишора ба «созишномаи мазкур» бошад, ҳамчунин маънои ишора ба замимаҳоро ҳам дорад;
- агар аз матн маънои дигар барнаояд, ишора ба созишнома, қонун, фармон, қоида ё санади меъёрии ҳуқуқии дигар ва ҳар санади меъёрии қонунгузории татбиқшаванда, аз ҷумла қонунгузории андоз, қонунгузории ҳифзи табиат, қонунгузорӣ дар соҳаи сарватҳои зеризаминӣ ҳамчун ишора ба чунин санадҳои дар боло зикргардида бо ҳамаи тағйиру иловаҳо, ки метавонанд ҷой дошта бошанд, навовариҳо ё такроран мавриди амал қарор додан шарҳ дода мешавад;
- сарлавҳа ва мундариҷа танҳо ба мақсадҳои истифодаи муносиби созишномаи мазкур оварда шудаанд ва набояд ба шарҳи созишномаи мазкур таъсир расонанд;
- ибораҳои «аз ҷумла» ва «дар бар гирифтан» ё ибораҳое, ки ҳамин ибора асосашон мебошад, маънои «бе маҳдудият дар бар гирифтан»- ро доранд;
- пайвандаки «ё» маънои истисноиро надорад;
- ишора дар ҳуҷҷат ба модда, фасл, сурат, ҷадвал, замима ё иловаи ин ишора ба модда, фасл, сурат, ҷадвал, замима ё иловаи чунин ҳуҷҷат мебошад, агар ҳуҷҷати дигар зикр нашуда бошад. Сурат, ҷадвал, замима ё илова ба ҳар ҳуҷҷат ба чунин ҳуҷҷат бо ишора воридшуда ба ҳисоб мераванд;
- ишора ба ҳама гуна ҳуҷҷат, восита ё созишнома (i) ҳамаи суратҳо, ҷадвалҳо, замимаҳо, изофаҳо ва иловаҳои дигарро ба онҳо дар бар мегирад, (ii) ҳама гуна ҳуҷҷат, восита ё созишномаҳои тартибдодашуда ё ба ивази онҳо баимзорасидаро дар бар мегирад ва (iii) маънои чунин ҳуҷҷат, восита ё созишнома ва ё ҳуҷҷат, восита ё созишномаи ивазкунандаро бо тасҳеҳ, тағйир ва иловаҳое, ки бо мурури замон ворид гашта, айни замон амал карда истодаанд;
- калимаҳои «созишнома», «созишномаи мазкур», «дар созишномаи мазкур» ва «тибқи созишномаи мазкур», инчунин калимаҳои маънояшон ҳаммонанд, ки дар ҳама гуна ҳуҷҷатҳо истифода бурда мешаванд, дар маҷмуъ ишора ба ҳамон ҳуҷҷат, на ишора ба ягон муқаррароти муайяни чунин ҳуҷҷат мебошад.
МОДДАИ 2. МАВЗУИ СОЗИШНОМА ВА АМАЛИСОЗИИ ЛОИҲА
2.1. Тибқи созишномаи мазкур Сармоягузор амалисозии лоиҳаро дар муҳлати амали созишнома бо мақсади ба даст овардани маҳсулоти ниҳоӣ анҷом медиҳад.
2.2. Сармоягузор ҳаҷми назарраси маблағро сармоягузорӣ менамояд ва Ҳукумат бошад, ба Сармоягузор кафолатҳои ҳимояи давлатии амалисозии лоиҳаро пешниҳод менамояд. Ҳукумат иҷрои пурра ва саривақтии чорабиниҳои пешбининамудаи созишномаи мазкурро, ки барои амалисозии пурраи лоиҳа аз ҷониби мақомот ва ташкилоту муассисаҳои давлатӣ дар тамоми ҳудуди Тоҷикистон зарур мебошанд, таъмин менамояд.
2.3. Бо мақсади амалисозии муқаррароти созишномаи мазкур Сармоягузор уҳдадор мегардад, ки фаъолияти худро дар самти ба даст овардани маҳсулоти ниҳоӣ анҷом диҳад. Сармоягузор дар давраи амали созишномаи мазкур номгӯйи ҷамъиятҳои фаръиву вобаста ва шаклҳои дигари ташкилию ҳуқуқии шахсони хуқуқии аз ҷониби Сармоягузор бо мақсади амалисозии лоиҳа таъсис, азнавташкилдиҳӣ ё бо роҳҳои дигари муқаррарнамудаи қонунгузорӣ вобастакардашуда, аз ҷумла паймонкорони асосиро ба мақоми ваколатдори давлатӣ пешниҳод менамояд.
2.4. Сармоягузор барои амалисозии ҳамаи ҷузъиёти лоиҳа мутобиқи нақшаҳои муфассал ва таснифот, шартҳои ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ (аз ҷумла ҳамаи замимаҳо ба он) ва қонунгузории татбиқшаванда чораҳои зарурӣ меандешад.
2.5. Бо мақсади иҷрои уҳдадориҳои худ тибқи банди 2.4. Сармоягузор паймонкоронро интихоб менамояд ва ҳамаи шартномаҳои дахлдорро бо чунин паймонкорон мебандад, ки барои таҳвили молҳо, иҷрои корҳо ва пешниҳоди хизматрасониҳо дар раванди амалисозии лоиҳа, ки дар нақшаҳои муфассал, таснифот ва ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ зикр шудаанд, масъул мешаванд. Ҳеҷ кадом таъиноти ягон паймонкор тибқи созишномаи мазкур Сармоягузорро аз масъулият, вазифа ё уҳдадории дар назди Ҳукумат доштааш, ки мувофиқи созишномаи мазкур ба вуҷуд меоянд, озод намекунад.
2.6. Сармоягузор нияти амалисозии лоиҳаро дошта, барои ин мақсад захираҳои зарурии молиявӣ, техникӣ, тахассусӣ ва ғайраро ҷудо мекунад. Ҳукумат розӣ мешавад, ки тибқи қонунгузории татбиқшаванда бо дарназардошти имтиёзу кафолатҳои дар созишномаи мазкур пешбинигардида низоми махсуси ҳуқуқӣ, аз ҷумла имтиёзҳои андозӣ ва гумрукиро барои амалисозии самарабахши лоиҳа пешниҳод намояд.
2.7. Тарафҳо уҳдадор мешаванд, ки барои таъмини самаранокии амалисозии лоиҳа шартҳо ва муҳлатҳои дар созишномаи мазкур муайянгардидаро риоя намоянд.
2.8. Дар рафти амалисозии лоиҳа Сармоягузор талабот оид ба ҳифзи муҳити зистро, ки қонунгузории татбиқшаванда пешбинӣ намудааст, иҷро менамояд. Дар ҳуҷҷатҳои лоиҳавии таҳиягардида фаслҳо оид ба ҳифзи муҳити зисти дар қонунгузории амалишаванда пешбинишуда дарҷ карда мешаванд.
2.9. Сармоягузор барои сохтмон ва ба истифода додани объектҳои лоиҳа масъул мебошад. Ҳукумат ба Сармоягузор тибқи қонунгузории татбиқшаванда пешниҳоди ҳамаи иҷозатҳои барои амалисозии лоиҳа заруриро кафолат медиҳад. Баъд аз ба анҷом расонидани сохтмони объектҳои лоиҳа онҳо бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории татбиқшаванда ҳамчун моликияти Сармоягузор ба расмият дароварда мешаванд ва Ҳукумат барои чунин барасмиятдарорӣ мусоидат менамояд. Ба Сармоягузор барои ҳамчун фармоишгари корҳои сохтмонӣ баромад кардан ягон иҷозат талаб карда намешавад.
2.10. Ҳама гуна маҳсулот, ки дар натиҷаи фаъолияти корхона аз ҷониби Сармоягузор ба даст оварда мешаванд, объекти ҳуқуқи моликияти Сармоягузор эътироф гардида, Сармоягузор бо салоҳдиди худ онҳоро тибқи қонунгузории татбиқшаванда ва бе ягон маҳдудият ихтиёрдорӣ менамояд.
МОДДАИ 3. МАБЛАҒГУЗОРИИ ЛОИҲА
3.1. Сармоягузор ҳуқуқ дорад ҷалби маблағгузории лоиҳаро бо истифода аз ҳама воситаҳои қонунӣ, аз ҷумла сармоягузорӣ ба сармояи оинномавӣ; иштирок дар сармояи дигар шахсони ҳуқуқӣ; истифодабарии манбаъҳои худӣ; фоидаи софи аз фаъолияти корхонаи истеҳсолӣ, корхонаҳои муштарак ва/ё ҷамъиятҳои фаръӣ, филиал ва намояндагиҳои худ бадастоварда; ҷалби қарзҳо; таъсиси корхонаҳои муштарак бо шахсони сеюм ва/ё истифодабарии қарзҳои имтиёзноке, ки аз ҷониби шахсони сеюм дода мешаванд, инчунин карзҳои бефоиз ва ё имтиёзноки аз ҷониби муассисони/иштирокдорони Сармоягузор ва ташкилотҳои қарзии молиявӣ додашуда амалӣ намояд.
3.2. Ҳукумат инҳоро эътироф мекунад:
а) татбиқи лоиҳа метавонад бо истифодаи (i) сармоягузории мустақими хориҷӣ ба сармояи оинномавии Сармоягузор аз ҷониби шахсони сеюми тибқи қонунгузории татбиқшаванда иҷозатдодашуда ва (ii) сармоягузориҳои маҷмуии хориҷӣ бо роҳи маблағгузорӣ аз ҷониби шахсони сеюм (аз ҷумла, ба хотири рӯй надодани шубҳа, маблағгузории корпоративӣ, сохторбандишуда, лоиҳавӣ ё якҷоягии онҳо) ва маблағгузорӣ бо сармояи қарзии Сармоягузор аз тарафи сармоягузорони дигари бо қонунгузорӣ татбиқшавандаи манънашуда ва (iii) листинг ва дигар шаклҳои ба он монанди амалиёт доир ба ҷалби маблағҳои пулӣ дар бозорҳои фондии дохиливу байналмилалӣ маблағгузорӣ карда шавад;
б) Ҳукумат метавонад дар доираи маблағгузорӣ барои инфрасохтори ҳамроҳи лоиҳа ё дар ҳаҷми барои таъмини даромаднокии лоиҳа зарурбуда мувофиқи лоиҳаи тасдиқшудаи сохтмон бо розигӣ ва ё дархости Сармоягузор имконияти иштирок доштан дар чунин маблағгузорӣ ё пешниҳоди дастгирии маблағгузории дигар ва мусоидати заруриро аз тарафи ӯ баррасӣ кунад, ба шарте дар ягон маврид Ҳукумат ҳеҷ намуд кафолати бевосита ё бавоситаро пешниҳод намекунад.
3.3. Барои амалисозии самараноки лоиҳа Сармоягузор маблағгузории лоиҳаро анҷом медиҳад. Ҳаҷми умумии маблағгузориҳо дар амалисозии лоиҳа на кам аз 80 (ҳаштод) миллион сомониро ташкил медиҳад.
3.4. Маблағгузории лоиҳа аз ҷониби Сармоягузор бо дар назар дошти таъмин кардани шартҳои зерин амалӣ карда мешавад:
- ба объектҳои (иншооти) инфрасохтории барои амалисозии лоиҳа зарурбуда тибқи тартиби муқарраргардида дастрасӣ пайдо кардани Сармоягузор;
- Ҳукумат тибқи қонунгузории татбиқшаванда бо дарназардошти созишномаи мазкур ба Сармоягузор барои гирифтани тамоми қарору иҷозатҳои зарурӣ, ки метавонанд барои амалисозии лоиҳа лозим шаванд, мусоидат менамояд;
- аз ҷониби Ҳукумат риоя гардидани тамоми кафолатҳо ва уҳдадориҳои тибқи созишномаи мазкур базиммагирифта;
- аз ҷониби Сармоягузор истифодаи имтиёзҳои андозӣ дар муҳлати 5 (панҷ) сол аз санаи истифодаи тиҷоратӣ.
3.5. Маблағгузории лоиҳа инҳоро дар бар мегирад, вале маҳдуд намегардад:
- маблағгузории АТИ, лоиҳакашӣ ва воситаҳои муомилотӣ;
- маблағгузории харидории техника ва технологияи зарурии истеҳсолӣ;
- маблағгузории сохтмон, таҷдид, барқарорсозӣ ва ба истифода додани инфрасохтори зарурӣ дар доираи амалисозии лоиҳа;
- маблағгузории бозомӯзии мутахассисони маҳаллӣ дар дохил ва хориҷи кишвар ҷиҳати истифодаи техника ва технологияи муосир дар истеҳсолот;
- маблағгузории корҳои дигаре, ки ба амалисозии лоиҳа мусоидат менамоянд.
3.6. Сармоягузор дар рафти амалисозии лоиҳа ҳуқуқ дорад шакли ташкилию ҳуқуқӣ, номи фирмавӣ, сохтори мақомоти идоракунӣ ва ҳайати он, роҳбарият ва шакли моликияти худро тағйир диҳад. Ҳукумат кафолат медиҳад, ки чунин тағйирёбӣ ба ҳуқуқ, озодкунӣ, имтиёзҳо ва кафолатҳое, ки ба Сармоягузор мувофиқи созишномаи мазкур пешниҳод мешаванд, инчунин ба низоми махсуси ҳуқуқӣ, аз ҷумла имтиёзҳои андозӣ ва гумрукӣ, ки созишномаи мазкур муқаррар намудааст, таъсир намерасонад.
3.7. Сармоягузор набояд таҳти ягон маҳдудияти ин ё он ҳуқуқ аз рӯйи созишномаи мазкур қарор гирад. Сармоягузор ҳуқуқ дорад дар мавриди афзоиш ё коҳиш ёфтани хароҷот, ҳаҷми сармоягузорӣ ва нишондиҳандаҳои иқтисодии лоиҳаро бо мувофиқаи мақоми ваколатдори давлатӣ тағйир диҳад.
МОДДАИ 4. КАФОЛАТ ВА УҲДАДОРИҲО
4.1. Ҳукумат мустақилона ва ё бо воситаи мақомоти давлатӣ, аз ҷумла мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот кафолат ва уҳдадориҳои худро нисбати инҳо пешниҳод мекунад:
а) ҳамаи иҷозатҳои зарурӣ барои лоиҳакашӣ, сохтмон, бакордарории ҳамаи объектҳои лоиҳа, иҷрои корҳои дигар дар доираи амалисозии лоиҳа, ки қарор дар бораи супоридани онҳо бояд аз тарафи Ҳукумат ё аз ягон мақоми дигар қабул шавад, дар муҳлати дар қонунгузории татбиқшаванда муқарраршуда, вале на зиёда аз муҳлати 15 (понздаҳ) рӯз аз лаҳзаи аз ҷониби Сармоягузор ва ё паӣмонкор додани аризаи хаттӣ ба мақоми дахлдори давлатӣ, дода шаванд. Зимнан, Ҳукумат тавассути мақоми ваколатдори давлатӣ барои гирифтани ҳама намуди иҷозатҳои зарурӣ мусоидат мекунад;
б) талаботи экологӣ доир ба лоиҳа дар доираи қонунгузории татбиқшаванда дар соҳаи ҳифзи муҳити зист риоя карда мешавад;
в) Ҳукумат таъмин менамояд ва супориш медиҳад, ки ҳама гуна мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот амалисозии ҳуқуқи пурра ва истисноии Сармоягузор барои амалисозии ҳуқуқ ва иҷрои уҳдадориҳои дахлдори дар созишномаи мазкур пешбинишударо таъмин намоянд;
г) бо дарназардошти он, ки созишномаи мазкур масъалаҳои андозро дар бар мегирад, инчунин барои тақвияти кафолати ҳуқуқҳои тибқи созишномаи мазкур ба Сармоягузор пешниҳодшуда ва имтиёзҳои андозию имтиёзҳои дигари ба Сармоягузор ва ба тамоми лоиҳа пешниҳодшуда, инчунин барои додани эътибори ҳуқуқӣ ба муқаррароти моддаи 10 созишномаи мазкур, Ҳукумат пас аз имзои созишномаи мазкур барои тасдиқи созишномаи мазкур аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамояд;
д) муқаррароти созишномаи мазкур аз ҷониби тамоми мақомоти давлатӣ ва ташкилоту муассисаҳои давлатӣ риоя ва иҷро карда мешаванд. Дар ҳолати зарурӣ мақоми ваколатдори давлатӣ уҳдадор мешавад, ки ба Сармоягузор бо дархости якуми он мактуби тасдиқкунандаи эътибор пайдо кардан ва мавриди амал қарор гирифтани созишномаи мазкур ва дар он пешбинӣ гардидани имтиёзҳои андозӣ ва имтиёзҳои дигарро ҷиҳати пешниҳод ба мақомоти ваколатдори давлатӣ ва ё мақомоти дигар медиҳад. Ҳукумат кафолат медиҳад, ки мақоми ваколатдори давлатӣ иҷрои муқаррароти созишномаи мазкурро аз тарафи тамоми мақомоти ваколатдори давлатии дахлдор, ки дар раванди додани иҷозатҳо, маълумоти зарурӣ барои омодакунии АТИ ҷалб гардидаанд, назорат менамояд ва дар ҳолати ошкор гардидани номутобиқатии онҳо ба муқаррароти созишномаи мазкур ва тибќи қонунгузории татбиқшаванда, ҷиҳати иҷрои муқаррароти созишномаи мазкур аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ дар мутобиқати дақиқ ва қатъӣ, тавре дар созишномаи мазкур ва қонунгузории татбиқшаванда пешбинӣ гардидааст, тамоми чораҳоро меандешад;
е) Ҳукумат кафолат медиҳад, ки дар давоми муҳлати амали созишномаи мазкур устувории шартҳои ҳуқуқӣ, андозӣ ва иқтисодии созишномаи мазкурро таъмин менамояд;
ё) Ҳукумат ба Сармоягузор барои ба истифода гирифтани қитъаи замин, қувваи барқ ва об дар ҳаҷм ва миқдори барои лоиҳа зарурӣ мусоидат менамояд;
ж) Ҳукумат кафолат медиҳад, ки иштирокдорони Сармоягузор, ки дар сармояи оинномавии он ҳисса доранд, бе ягон маҳдудият ва монеа ҳуқуқи бегона намудани ҳиссаи худро ба шахси сеюм тибқи тартиби пешбининамудаи ҳуҷҷатҳои таъсисии Сармоягузор доранд;
з) Ҳукумат кафолат медиҳад, ки Сармоягузор бе ягон маҳдудият ва монеа тибқи қонунгузории татбиқшаванда ҳуқуқи баровардани (содироти) маҳсулотро берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дорад;
и) Ҳукумат ба Сармоягузор барои гирифтани иҷозатномаи фаъолият оид ба истифодабарии сарватҳои зеризаминии дахлдор мусоидат мекунад;
к) Ҳукумат кафолат медиҳад, ки Сармоягузор бе ягон маҳдудият ва монеа ҳуқуқи ба амал баровардани фаъолият вобаста ба истифодаи партовҳои истеҳсолотӣ ва коркарди онро дорад;
л) Ҳукумат кафолат медиҳад, ки оқибатҳои ҳуқуқии имтиёзҳои дар созишномаи мазкур пешбинигардида ба Сармоягузор, паймонкорон ва тамоми дигар субъектоне, ки ҷиҳати амалисозии муқаррароти созишномаи мазкур бо Сармоягузор ҳамкориро бо ба расмият даровардани шартномаи дахлдор ва ё бе ба расмият даровардани шартномаи дахлдор ба роҳ мондаанд, баъди ба итмом расидани муҳлати имтиёзҳо, новобаста аз асоси чунин ба итмомрасӣ, қувваи худро гум намекунанд;
м) бо дарназардошти муқаррароти созишнома ва қонунгузории татбиқшаванда, иҷозатномаҳое, ки аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатии дахлдор дода шудаанд, ба Сармоягузор ҳуқуқҳои зерин медиҳанд, вале бо онҳо маҳдуд карда намешаванд:
- дастрасии бемонеа ба майдони сохтмон барои мақсадҳои амалисозии лоиҳа;
- тибқи талаботи амалкунанда дар майдони сохтмон анҷом додани ҳама гуна корҳо ҷиҳати амалисозии лоиҳа ва анҷомдиҳии ҳама гуна амалиёт ва корҳое, ки барои ноил гардидан ба чунин мақсадҳо заруранд;
- барои озмоиш гирифтани намунаҳо ва нусхаҳои маҳсулоти ниҳоӣ, ҷиҳати гузаронидани таҳлилҳо (тавсияҳо) дар лабораторияҳои хориҷӣ дар мавриде, ки лабораторияҳои ҷумҳуриявӣ мутобиқи талабот набошанд, дар ҳаҷмҳое, ки мутобиқи амалияи муқаррарӣ дар соҳаи мазкури саноат барои озмоишҳо тақозо мегарданд, заруранд;
- истифода, содирот, фурӯши тамоми маҳсулоти ниҳоӣ тибқи қонунгузории татбиқшаванда;
- тибқи қонунгузории татбиқшаванда бунёди иморат, иншоот, гузаронидани хатти интиқоли қувваи барқ, об, сохтани роҳҳо ва дигар объектҳое, ки барои амалисозии лоиҳа зарур мебошанд;
- тибқи қонунгузории татбиқшаванда истифодаи об, чӯб ва маводи дигари мавриди ниёз барои амалисозии лоиҳа;
- истеҳсол намудани маҳсулоти ниҳоии мухталиф, коркарди маҳсулоти ниҳоӣ дар корхонаи худ;
- анҷомдиҳии дигар корҳо мутобиқи қонунгузории татбиқшаванда ва шартҳои созишнома.
4.2. Сармоягузор бо банди мазкур нисбати инҳо кафолат ва тасдиқоти худро пешниҳод мекунад:
а) Сармоягузор (i) дорои ҳуқуқу ваколатҳои зарурӣ мебошад: барои (а) имзо кардан, супоридан ва иҷро кардани созишномаи мазкур ва ҳар ҳуҷҷати лоиҳавӣ ва ҳуҷҷати молиявӣ, ки тарафи он мебошад, мувофиқи шартҳои чунин ҳуҷҷатҳо (б) татбиқ намудани лоиҳа ва (в) таъмини иҷрои уҳдадориҳои дар доираи созишномаи мазкур пешбинишуда ва (ii) дорои ҳуқуқи дахлдор барои анҷом додани фаъолият дар ҳамаи доираҳое, ки барои мақсадҳои дар боло зикршуда зарур мебошад;
б) ҳамаи амалҳои корпоративӣ ва ҳангоми зарурат амали иштирокдорони Сармоягузор, ки барои иҷозат, имзо кардан ва иҷро намудани созишномаи мазкур заруранд, ба таври дахлдор анҷом дода мешаванд;
в) имзо кардан, супоридан ва иҷро намудани созишномаи мазкур ё ба анҷом расонидани ҳама гуна аҳди пешбининамудаи онҳо ё иҷро ва риояи шартҳои онҳо:
- мувофиқи муқаррароти ҳуҷҷатҳои оинномавии Сармоягузор иҷро нашудани уҳдадорӣ, ихтилоф ё вайронкорӣ намебошанд; ва
- ягон қонун, қарори судӣ ё фармони ҳар суд ё суди ҳакамии нисбат ба Сармоягузор татбиқшавандаро вайрон намекунанд;
г) ҳама гуна иҷозатномаҳо ва ҳуҷҷатҳое, ки аз ҷониби ҳама гуна мақомоти давлатӣ ба Сармоягузор дода мешаванд, дар давоми он даврае, ки созишномаи мазкур эътибор дорад, эътибори ҳуқуқӣ доранд ва Ҳукумат наметавонад муқаррароти ҳуҷҷатҳо ва иҷозатҳои додашударо ваӣрон намояд ва ба ин раванд мудохила намояд;
д) ягон даъво, парвандаи судӣ ё амали мурофиавӣ, эътироз ё тафтишот аз ҷониби мақоми давлатӣ, суди ҳакамӣ ё мақоми дигари дар айни ҳол ҷойдошта ё мувофиқи маълумоти Сармоягузор таҳдидомез ё ба Сармоягузор ва лоиҳа дахлдошта, ки мувофиқи чашмдошти оқилона метавонанд (i) ба қонуният ва ё қувваи даъвогии созишномаи мазкур, ҳама гуна ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ ва ё ҳар ҳуҷҷати молиявӣ таъсир расонанд ва ё боиси шикоят овардан нисбати ҳар иҷозат гарданд (ii) ба қобилияти Сармоягузор барои иҷрои уҳдадориҳои дахлдори худ доир ба созишномаи мазкур таъсири назарраси манфӣ расонанд ё (iii) боиси зиёни назаррас барои Сармоягузор гарданд, вуҷуд надорад;
е) Тарафҳо розиянд, ки Сармоягузор барои маблағгузории лоиҳа тавассути ҷалби сармоягузориҳо ба сармояи оинномавӣ ё қарзҳо ва ё ба ҳам омехтани ин ду усул ва ё тавассути ҷалби воситаҳои пулӣ аз бозорҳои молиявии ҷаҳонӣ ва дохилӣ ҳуқуқ дорад. Ба ғайр аз ин, Тарафҳо ба мувофиқа омаданд, ки Сармоягузор метавонад захираҳои худӣ ва ё қарзҳои аз ҷониби муассисон ва шахсони сеюм пешниҳодшуда, инчунин воситаҳои дигари маблағгузории лоиҳаро бо салоҳдиди Сармоягузор истифода намояд;
ё) агар дар созишномаи мазкур тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, Сармоягузор вазифадор аст, амалисозии лоиҳа, инчунин сохтмон ва истифодабарии объектҳои лоиҳаро тибқи қонунгузории татбиқшаванда амалӣ намояд;
ж) Сармоягузор лоиҳаро бо дарназардошти АТИ, тибқи таҷрибаи дохиливу байналмилалие, ки Сармоягузор дорад ва инчунин бо риояи қонунгузории татбиқшаванда амалӣ менамояд, дар доираи лоиҳа барои маблағгузорӣ, техника, таҷҳизот, технология ва кормандон масъулият дорад, риояи қонунгузории татбиқшавандаро аз ҷониби кормандони лоиҳа таъмин менамояд.
4.3. Агар ҳангоми амалисозии лоиҳа ба Сармоягузор васеъ намудани ҳудуди амалисозии лоиҳа зарур шавад, Ҳукумат аз санаи муроҷиати хаттии Сармоягузор дар асоси ҳуҷҷатҳои асосноккунандаи пешниҳодшуда, тибқи қонунгузории татбиқшаванда дар давоми 30 (сӣ) рӯз масъалаи васеъ намудани ҳудудҳои амалисозии лоиҳаро баррасӣ менамояд.
МОДДАИ 5. АСОСНОККУНИИ ТЕХНИКИЮ ИҚТИСОДӢ
5.1. Асосноккунии техникию иқтисодии лоиҳа тибқи қонунгузории татбиқшаванда аз ҷониби Сармоягузор бо ҷалби мутахассисони маҳаллӣ ё хориҷӣ таҳия карда мешавад.
5.2. Асосноккунии техникию иқтисодӣ раванди технологӣ, талаботи истеҳсолӣ, муҳлат, самаранокии иқтисодӣ, таъсири экологии лоиҳа ва дигар масъалаҳои заруриро дар бар гирифта, тибқи қонунгузории татбиқшаванда ва таҷрибаи байналмилалӣ дар давоми 12 моҳ тартиб дода мешавад.
5.3. Сармоягузор метавонад муҳлати дар банди 5.2. созишномаи мазкур дарҷгардидаро ба муҳлати то як соли дигар бо воситаи пешниҳоди мактуби расмӣ ба мақоми ваколатдори давлатӣ тамдид намояд.
МОДДАИ 6. ИҶОЗАТҲО
6.1. Ҳукумат мустақилона ва ё тавассути мақоми ваколатдори давлатӣ амал намуда, дар ҳамкорӣ бо мақомоти ваколатдори давлатии дахлдор тибқи муқаррароти созишномаи мазкур ва қонунгузории татбиқшаванда ба Сармоягузор иҷозатҳои барои амалишавии лоиҳа заруриро дар муҳлатҳои муқаррарнамудаи қонунгузории татбиқшаванда (вале на дертар аз муҳлати дар созишномаи мазкур муқарраргардида) аз лаҳзаи муроҷиат кардан ба мақомоти дахлдори давлатӣ медиҳад ва/ё тамдид мекунад ва/ё аз нав ба расмият медарорад. Ҳукумат тибқи қонунгузории татбиқшаванда азнавбақайдгирӣ, иваз ё тамдиди муҳлати амали иҷозатҳои барои амалисозии самараноки лоиҳа чораҳои заруриро амалӣ менамояд, аз ҷумла:
- иҷозатномаҳои зарурӣ барои сохтмон, таҷдид ва ба истифода додани корхонаҳо ва иншооти ба онҳо алоқаманд, аз ҷумла хатҳои интиқоли қувваи барқ, гузаронидани коммуникатсияҳои алоқаманд (аз ҷумла роҳ), инчунин гирифтани иҷозатҳо, ташхисҳо, ҳуҷҷатҳои ҳуқуқмуаӣянкунанда ва/ё техникӣ ва мувофиқаҳои мақомоти ваколатдори давлатӣ ва корхонаву идораҳои давлатии дахлдор вобаста ба лоиҳа;
- иҷозатномаҳо барои истеҳсол, фурӯш ва содироти маҳсулоти ниҳоӣ;
- иҷозатнома барои насб, танзим ва таъмини таҷҳизот;
- иҷозат барои воридоти таҷҳизот, маҳсулот ва молу мулки дигаре, ки барои лоиҳа ва иншооти ба он алоқаманд зарур мебошанд;
- иҷозат барои фурӯш ва содироти таҷҳизот, маҳсулот ва молу мулки ғаӣрибозоргир;
- иҷозат барои дастрасӣ ба шабакаҳои обтаъминкунӣ, обтақсимкунӣ ва паӣвастшавӣ ба хатҳои интиқоли қувваи барқ, барои кандани чоҳҳои чуқур, насб намудани таҷҳизоти иловагии барқӣ, аз ҷумла трансформаторҳо ва кабелҳои барқӣ, сохтмони истгоҳҳои обтозакунӣ, гузаронидани қубурҳо ва кандани нақбҳо ва иҷозат барои сохтмон, таҷдид ва ба истифода додани инфрасохтори зарурӣ барои фурӯши маҳсулот;
- квотаи кафолатшуда барои фурӯши маҳсулот;
- мувофиқаҳо ва хулосаҳои мақомоти ваколатдори давлатии дахлдор;
- иҷозат ва хулосаҳои мақомоти давлатӣ нисбат ба АТИ ва ҳуҷҷатгузории дигари дорои хусусияти лоиҳавӣ ва техникӣ (дар ҳолати зарурӣ);
- иҷозат барои ташкили анбор ҷиҳати амалисозии лоиҳа (дар ҳолати зарурӣ);
- мусоидат барои бақайдгирии тамғаҳои молӣ, намунаҳои саноатӣ ва ҳуқуқҳои дигари моликияти зеҳнӣ ҷиҳати амалишавии лоиҳа (дар ҳолати зарурӣ);
- иҷозат барои интиқоли техника ва таҷҳизоти зарурӣ ба қитъаҳои лоиҳа дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон (дар ҳолати зарурӣ);
- иҷозат барои истифодаи низоми алоқаи каӣҳонӣ, телефонҳо, низоми моҳворавии мавқеъмуаӣянкунӣ (GPS), технологияҳои тадқиқоти фосилавӣ тибқи талаботи лоиҳа (дар ҳолати зарурӣ);
- иҷозатҳо ва ҳуҷҷатҳои дигаре, ки барои амалисозии лоиҳа зарур мебошанд.
6.2. Ҳукумат мустақилона ва ё тавассути мақомоти ваколатдори давлатии дахлдор тибқи қонунгузории татбиқшаванда иҷозатҳои дар боло зикргардидаро дар ҳолати дархост шудан аз ҷониби Сармоягузор иваз менамояд, аз нав тасдиқ мекунад ва тамдид менамояд.
6.3. Сармоягузор ҳангоми гирифтани иҷозатҳо тамоми боҷҳои давлатӣ ва пардохтҳои ҳатмии тибқи қонунгузории татбиқшаванда пешбинишударо, ба истиснои тарифҳои хизматрасонии пулакӣ (пардохти тарифҳои хизматрасонӣ) ва дар ҳолатҳои пешнибинамудаи Созишнома мувофиқи меъёру усули дар санаи гирифтани ҳар як иҷозат муқарраршуда пардохт мекунад.
МОДДАИ 7. ИНФРАСОХТОРИ ЛОИҲА
7.1. Тарафҳо эътироф менамоянд, ки то санаи эътибор паӣдо кардани созишномаи мазкур ба андозаи кофӣ муаӣян кардани мақсаднокӣ, дастрасӣ ё талабот нисбат ба инфрасохтори дахлдор (манбаи махсуси истеҳсолию техникӣ ё манбаи истеҳсолию техникии иловагӣ) барои амалисозии лоиҳа ғаӣриимкон мебошад. Новобаста аз ин, Ҳукумат дарк менамояд, ки инфрасохтор барои амалисозии лоиҳа аҳаммияти муҳим дорад, барои амалисозии лоиҳа рушди иловагии инфрасохтор зарур мешавад ва барои амалҳои зерин розигии худро изҳор мекунад:
а) бо дарназардошти ҳаҷме, ки дар лоиҳа дар мавриди инфрасохтори зарурӣ барои амалисозии муваффақонаи лоиҳа пешбинигардида муаӣян гардидааст, Ҳукумат мутобиқи қонунгузории татбиқшаванда ва уҳдадориҳои давлат барои эътибор пайдо кардани мувофиқаҳои марбута нисбат ба ҳар инфрасохтори дахлдори лоиҳа ҳамаи чораҳои заруриро меандешад;
б) Сармоягузор ҳангоми зарурат ва мутобиқи қонунгузории татбиқшаванда ё маҳдудиятҳои дар доираи уҳдадориҳои давлат муқарраршаванда ҳуқуқ дорад бо таҳвилгарони мустақили хизматрасонии инфрасохторӣ муносибатҳои шартномавӣ барқарор кунад ё инфрасохтори дахлдори лоиҳаро вобаста ба амалисозии лоиҳа пешбинӣ шудааст, бино кунад;
в) Ҳукумат барои баррасӣ ва ба Сармоягузор тавассути мақоми дахлдори давлатӣ, бо дарназардошти қонунгузории татбиқшаванда ва уҳдадориҳои давлат, пешниҳод кардани ҳуқуқҳо ва иҷозатҳои дахлдор нисбат ба инфрасохтори ёрирасони хусусияти маъмурӣ ва коммуналидошта, ки вобаста бо амалисозии лоиҳа зарур мебошанд, аз ҷумла ҳуқуқи истифода бурдан, беҳтар кардан ва такмил додани чунин инфрасохтор розигӣ медиҳад;
г) дар он ҳаҷме, ки ҳар як инфрасохтори иловагии лоиҳа, ки инфрасохтори зарурӣ мебошад, бо дарназардошти қонунгузории татбиқшаванда ва уҳдадориҳои давлат, Ҳукумат аз тарафи ҳамаи мақомоти дахлдори давлатӣ дастгирӣ ёфтани ҳамаи мувофиқаҳои дахлдор, инчунин додани ҳамаи иҷозатҳоро нисбат ба ҳар инфрасохтори дахлдори лоиҳа, ки лозим мебошад, мусоидат мекунад.
д) ҳуқуқи моликият ба ҳар молу мулки манқул ва ғаӣриманқул, инчунин инфрасохтори дахлдори дигар, ки аз тарафи Сармоягузор ташкил ё аз ҳисоби он ба даст оварда шудааст, ба истиснои он инфрасохтори дахлдор, ки ҳуқуқи моликият ба он тибқи қонунгузории татбиқшаванда наметавонад объекти ҳуқуқи моликияти хусусӣ бошад, ба Сармоягузор тааллуқ дорад. Тамоми молу мулки манқул ва ғаӣриманқули аз тарафи Сармоягузор ба дастовардашуда, инчунин инфрасохтори дахлдор, ба ғаӣр аз инфрасохторе, ки тибқи қонунгузории татбиқшаванда наметавонад объекти ҳуқуқи моликияти хусусӣ бошад, инчунин молу мулке, ки нисбати он дар созишномаи мазкур сухан намеравад, ба Сармоягузор тааллуқ дорад.
7.2. Сохтмони инфрасохтори барқӣ барои бо барқ таъмин намудани иншооти лоиҳавӣ аз ҳисоби маблағҳои Сармоягузор таъмин карда шуда, моликияти Сармоягузор мебошад.
МОДДАИ 8. ИНТИҚОЛ, ХАРИДИ АСЪОРИ ХОРИҶӢ ВА ИХТИЁРДОРИИ ОН
8.1. Мутобиқи қонунгузории татбиқшаванда Ҳукумат бо он розӣ мешавад, ки:
а) ба Сармоягузор иҷозат медиҳад, то бо мақсади (i) воридоти таҷҳизот, қисмҳои эҳтиётӣ, маҳсулот, мол, сӯзишворӣ, кор ва хизматрасонии зарурӣ барои босамар анҷом додани лоиҳа ва инчунин эҳтиёҷоти маъмурии Сармоягузор (ii) пардохти қарз бо доллари ИМА ва ё асъори хориҷии дигар аз рӯйи ҳуҷҷатҳои молиявӣ ва (iii) бо риояи ҳамаи талаботи қонунгузории татбиқшаванда ба таври мунтазам ва доимӣ мубодила ва ба суратҳисобҳои берун аз ҳудуди ҷумҳурӣ кушодашуда ва амалкунандаи Сармоягузор интиқол додани даромад, подош ва сармояи бадастомада пас аз пардохти андозҳо ва пардохтҳои ҳатмии дигар, маблағҳои худро марбут ба созишномаи мазкур мубодила ва берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол диҳад, ва
б) ба иҷрои амалҳое, ки метавонанд бевосита ё ба таври ғайримустақим ба Сармоягузор барои (i) харидани асъори хориҷӣ дар бозори кушод; (ii) интиқоли ҳар гуна асъори хориҷӣ ба хориҷа дар ҳама гуна ҳаҷм; ё (iii) пешбурди суратҳисобҳои бонкӣ бо асъори хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он бо риояи қонунгузории татбиқшаванда халал расонанд ё фаъолияти онро маҳдуд кунанд, роҳ намедиҳад.
8.2. Ҳукумат Сармоягузорро аз уҳдадории гирифтани ҳар навъ иҷозатномаҳо, рухсатномаҳо, бақайдгирӣ ва ё намудҳои дигари иҷозатҳо барои интиқоли сармоя, гирифтан ва ё пешниҳоди қарзҳо ва шаклҳои дигари маблағгузорие, ки аз ҷониби Сармоягузор барои мақсадҳои амалигардонии созишномаи мазкур ҷалб карда мешаванд, барои кушодани ҳисобҳои бонкӣ ҳам дар дохили Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳам берун аз ҳудуди он озод менамояд.
МОДДАИ 9. АНДОЗҲО ВА ПАРДОХТҲО
9.1. Сармоягузор муқаррароти қонунгузории татбиқшавандаро дар самти андоз ва гумрук риоя мекунад ва андозу пардохтҳои гумрукиро мутобиқи қонунгузории татбиқшаванда, ба истиснои ҳолатҳое, ки созишнома пешбинӣ намудааст, пардохт менамояд.
9.2. Сармоягузор дар муҳлати истифодаи имтиёзи андозӣ:
- андоз аз даромади шахсони ҳуқуқӣ, андоз аз объектҳои ғайриманқул, андоз аз суди саҳмияҳоро ба андозаи 50 (панҷоҳ) дарсад меъёри муқарраргардида пардохт менамояд;
- андоз аз арзиши иловашударо ҳангоми таҳвили маҳсулот, иҷрои кор ва хизматрасонии худ ба андозаи 50 (панҷоҳ) дарсад меъёри амалкунандаи андоз аз арзиши иловашуда бо ҳуқуқи баҳисобгирии ҳиссаи андоз аз арзиши иловашуда пардохт менамояд.
9.3. Муассисони (иштирокдорони) Сармоягузор ҳуқуқ доранд ба молу мулки Сармоягузор бе тағйир додани ҳаҷм ва арзиши номиналии ҳиссаи сармояи оинномавии он бо роҳи гузоштани пул ва/ё молу мулк саҳм гузоранд. Саҳми ба молу мулки Сармоягузор гузошташуда барои мақсадҳои андоз аз даромад ва суди саҳмия ҳамчун даромад ҳисобида намешаванд.
9.4. Дар сурати бо шартҳои имтиёзнок гирифтани ҳама гуна қарзҳо, фарқияти байни фоизи имтиёзнок ва фоизе, ки аз фоидаи чунин қарзҳои ҳаммонанд пасттар бамиёномада, барои мақсадҳои андоз аз даромад ҳамчун даромад ҳисобида намешаванд. Инчунин даромади муассисони (иштирокдорони) Сармоягузор аз фурӯш ё ба шахси дигар бегона намудани саҳмияҳо ё ҳиссаи иштирок дар сармояи оинномавии Сармоягузор барои мақсадҳои андоз аз даромад дар ҳаҷми 50 (панҷоҳ) дарсад меъёри андози даромад ҳисобида мешаванд.
9.5. Ҳама гуна кормандони Сармоягузор, муҳандиси мустақил, паймонкорон ё паймонкорони ғайриасосие, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон намебошанд (дар маҷмуъ – кормандони хориҷӣ), аз пардохти 50 фоизи супоридани андоз аз даромад ва андози иҷтимоӣ озод карда мешаванд.
9.6. Воридоти молу маҳсулот ва ашёи хоме, ки бевосита барои амалисозии лоиҳа истифода мешаванд, инчунин техника, воситаҳои нақлиёт (инчунин воситаҳои нақлиёти махсусгардонидашуда), таҷҳизоти истеҳсолию технологию ёрирасон, қисмҳои васлшавандаи онҳо, маҳсулоти сохтмонӣ ва маҳсулоти дигаре, ки бо мақсади амалисозии лоиҳа ворид карда мешаванд, дар давраи амали созишнома аз андоз аз арзиши иловашуда ва аксиз ба андозаи 50 (панҷоҳ) фоиз меъёри муқарраршуда ва пардохти боҷи гумрукӣ дар ҳаҷми пурра озод карда мешаванд. Номгуйи молу маҳсулот, воситаҳои нақлиёт (инчунин воситаҳои нақлиёти махсусгардонидашуда), ашёи хом, техника, таҷҳизоти истеҳсолї технологию ёрирасон ва маснуоти васлшавандаи онҳо, масолеҳи сохтмонӣ ва маҳсулоти дигари ба Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда ба созишномаи мазкур замима карда мешавад. Дар ҳолати зарурӣ дар давраи амалисозии лоиҳа Сармоягузор метавонад номгӯйи молу маҳсулот, воситаҳои нақлиёт (инчунин воситаҳои нақлиёти махсусгардонидашуда), ашёи хом, техника, таҷҳизоти истеҳсолї технологию ёрирасон, қисмҳои васлшавандаи онҳо, масолеҳи сохтмонӣ ва маҳсулоти дигари ба таври иловагӣ воридшавандаро ба воситаи мақоми ваколатдори давлатӣ барои тасдиқ ба Ҳукумат пешниҳод намояд. Банди мазкур Сармоягузорро аз истифодаи имтиёзҳои андозиву гумрукие, ки дар қонунгузории амалкунанда муқаррар шудаанд, маҳдуд намекунад.
9.7. Дар сурати мавҷуд будани молу маҳсулоти ватанӣ, ки арзиши онҳо дар қиёс ба молу маҳсулоти воридотӣ баробар ва/ё арзон буда, сифати он ба талаботи муқарраргардида ҷавобгӯ ва таҳвилаш дар муҳлати ба Сармоягузор мувофиқ имконпазир мебошад, Сармоягузор ҳуқуқ дорад дар амалисозии лоиҳа аз чунин молу маҳсулоти ватанӣ истифода барад.
9.8. Мақоми ваколатдори давлатӣ маълумотномаҳо дар бораи озодкунӣ аз андоз ва ҳуҷҷатҳои дигареро, ки метавонанд аз ҷониби Сармоягузор барои тасдиқ кардани озодкунӣ аз андоз мувофиқи муқаррароти мазкури созишнома ва имтиёзҳои дигари ба Сармоягузор ё паймонкор (паймонкорон), паймонкорони ғайриасосӣ (паймонкорони ғайриасосӣ) ё ягон корманди онҳо мувофиқи банди мазкур дархост карда шаванд, медиҳад.
9.9. Озодкунӣ аз андоз ва боҷҳои гумрукӣ ҳамчун шакли мусоидат барои амалисозии лоиҳа аз ҷониби Ҳукумат бо дарназардошти манфиат барои иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз натиҷаи амалисозии лоиҳа пешниҳод карда мешавад.
9.10. Тағйиру иловаҳо ба қонунгузории андоз ва гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки баъди имзои созишномаи мазкур қабул гардида, дар раванди амалисозии лоиҳа монеа эҷод ва ба муқаррароти созишномаи мазкур мухолифат мекунанд, вазъи молиявии Сармоягузорро бад менамоянд, дар муҳлати амали созишномаи мазкур нисбат ба Сармоягузор татбиқ намешаванд.
МОДДАИ 10. КИРО НАМУДАНИ КОРМАНДОН
10.1. Барои сохтмони объектҳои лоиҳа ва таъмини фаъолияти корхона Сармоягузор хизматрасонии паймонкорон, зерпаймонкорон ва кормандони дорои малакаи дахлдор, баландихтисос ва соҳибтаҷрибаро истифода мебарад. Дар давоми муҳлати амали созишномаи мазкур на камтар аз 70 (ҳафтод) фоиз аз ҳисоби умумии кормандоне, ки тарҳрезӣ, таҷдид, барқарорсозӣ, сохтмон ва амалисозии лоиҳаро анҷом медиҳанд (новобаста аз он ки онҳо кормандони штатии Сармоягузор мебошанд ё не), бояд шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бошанд.
10.2. Сармоягузор ҳангоми зарурат барои иҷрои кор дар доираи созишномаи мазкур, аз ҷумла лоиҳакашӣ, сохтмон, таҷдид, барқарорсозӣ ва амалишавии лоиҳа ҳуқуқ дорад тибқи қонунгузории татбиқшаванда мутахассисонро аз ҳисоби шаҳрвандони хориҷӣ ҷалб намояд. Дар доираи имтиёзҳои тибқи созишномаи мазкур пешниҳоднамудаи Ҳукумат Сармоягузор ва кормандони хориҷӣ аз гирифтани тамоми намуди иҷозатҳо барои ҷалби (истифодаи) қувваи кории хориҷӣ дар давраи амали созишномаи мазкур озод мебошанд.
10.3. Сармоягузор кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки сатҳи тахассуси кормандони дохилиро бо роҳи даъвати мутахассисони хориҷӣ ба истеҳсолот барои гузаронидани курсҳои таълимӣ, равона кардани кормандони маҳаллӣ ба семинарҳои омӯзишию таълимӣ ҳам дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳам берун аз он такмил диҳад.
МОДДАИ 11. ҲУҚУҚИ МОЛИКИЯТ БА ҲУҶҶАТҲОИ ЛОИҲАВӢ ВА МАҲСУЛОТИ НИҲОӢ
11.1. Асосноккунии техникию иқтисодӣ, лоиҳаи техникӣ ва ҳуҷҷатҳои лоиҳавии дигар моликияти Сармоягузор ҳисобида мешаванд.
11.2. Ҳуқуқи моликият ба маҳсулоти ниҳоӣ ба Сармоягузор тааллуқ дорад.
11.3. Маҳсулоти ниҳоӣ метавонад аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо риояи талаботи қонунгузории татбиқшаванда ба содирот бароварда шавад.
МОДДАИ 12. СЕРТИФИКАТСИЯИ МАҲСУЛОТ, ҲИФЗИ МУҲИТИ ЗИСТ ВА САЛОМАТӢ
12.1. Сармоягузор уҳдадор аст, ки тамоми маҳсулоти истеҳсолшавандаро бо сертификати пешбининамудаи қонунгузории татбиқшаванда ба ин навъи мол таъмин намояд. Ҳукумат тибқи қонунгузории татбиқшаванда сари вақт гирифтани сертификат барои маҳсулотро аз тарафи мақоми дахлдори давлатӣ кафолат медиҳад.
12.2. Сармоягузор кафолат медиҳад, ки меъёрҳои қонунгузории татбиқшавандаро вобаста ба ҳифзи муҳити зист риоя мекунад.
12.3. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар муҳлатҳои кутоҳтарин (дар давоми АТИ) ба Сармоягузор оид ба ҳар масъалаҳои экологӣ ва муҳити зист, ки метавонанд барои амалисозии лоиҳа таъсири худро расонанд, барои аз тарафи Сармоягузор муқаррар намудани имконияти амалисозии лоиҳа таклифҳо пешниҳод мекунад.
12.4. Сармоягузор уҳдадор мегардад, ки риоя гардидани меъёрҳоро оид ба ҳифзи саломатӣ, ки бо қонунгузории татбиқшаванда муқаррар гардидаанд, ҳангоми гузаронидани тамоми корҳои вобаста ба сохтмон, таҷдид ва ба истифода додан таъмин намояд. Сармоягузор ҳамчунин уҳдадор мегардад, ки аз ҷониби корхонаҳо қонунгузории татбиқшаванда оид ба меҳнат, саломатӣ ва бехатарӣ риоя карда мешаванд.
МОДДАИ 13. СУҒУРТА
13.1. Сармоягузор уҳдадор мегардад, ки суғуртаҳои ҳатмии давлатиро, ки тибқи қонунгузории татбиқшаванда пешбинӣ шудаанд, дар ҳолатҳои барои амалисозии лоиҳа зарурӣ ва дар ҳолатҳои пешбинишудаи Созишнома, дар ширкатҳои суғуртавии маҳаллӣ ё хориҷӣ амалӣ намояд.
МОДДАИ 14. КУМАК ВА КАФОЛАТҲОИ ИЛОВАГӢ, КИ БА САРМОЯГУЗОР АЗ ҶОНИБИ ҲУКУМАТПЕШНИҲОД КАРДА МЕШАВАНД
14.1. Ҳукумат эътироф мекунад ва розӣ аст, ки дар давоми муҳлати созишномаи сармоягузории мазкур ба Сармоягузор инҳо пешниҳод мешаванд: (а) низоми мусоид ва махсуси ҳуқуқӣ, бартариҳои сатҳашон на пасттар аз сатҳи низоми ба шахсони ҳуқуқӣ ва воқеии Тоҷикистон пешниҳодшуда, (б) ҳуқуқу бартариҳое, ки ба ҳар сармоягузори хориҷӣ ё корхонаи иштироки хориҷидошта пешниҳод мешаванд ва (в) арзиши истифодаи қувваи барқ баробари арзиши фурӯши он ба корхонаҳои соҳаи металлургия, вале на зиёда аз пастарин арзиши фурӯши қувваи барқ дар ин соҳа.
14.2. Ҳукумат тамоми кӯшишҳои қобили қабулро, ки тибқи қонунгузории татбиқшаванда зарур ва мақсаднок мебошанд, ҷиҳати ба Сармоягузор расонидани кӯмак барои аз Ҳукумат ва мақомоти ваколатдори давлатии дахлдор ба зудӣ гирифтани иҷозатҳо, қитъаҳои замини ҷудошуда, ки бо шаҳодатномаҳои дахлдор барои ҳуқуқи заминистифодабарӣ тасдиқ шудаанд ва ҳамаи барасмиятдарориҳои зарурӣ, иҷозатҳо барои анҷом додани таҷдид ва ба истифода додан, розигиҳо, қарорҳо, ҷонибдориҳо, озодкуниҳо, таъинот, иҷозатномаҳо, тағйир додани минтақабандӣ, маълумотномаҳо ва ҳуҷҷатҳо, воситаҳо ва навъҳои дигари онҳо ба харҷ медиҳад, инчунин кӯшишҳои тибқи қонунгузории татбиқшаванда зарур ё мақсаднокро ба харҷ медиҳад, то ба Сармоягузор ҷиҳати босамар ва ба таври судманд амалӣ намудани лоиҳа кӯмак расонад.
14.3. Ҳукумат барои эътироф ва қабул намудани ҳамаи сертификатҳои мутобиқати аз ҷониби ташкилотҳои баӣналмилалии сертификатсионӣ барои таҷҳизот ва молу мулк баровардашуда тибќи талаботи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон розигӣ медиҳад ва барои дар феҳристи дахлдори миллӣ ва ба қаӣд гирифтани таҷҳизоту молу мулк иҷозат медиҳад.
14.4. Ҳукумат бо он розӣ мешавад, ки андозагирї (калибровка)- и ибтидоии нишондодҳо, эътимоднокӣ ва талаботи дигари зарурии таҷҳизот ва молу мулк бо сертификатҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуда, ҳар андозагирї (калибровка), эътимоднокӣ ва амалҳои дигари зарурии минбаъдаи таҷҳизот ва молу мулк тибқи тавсияҳои истеҳсолкунандаи онҳо гузаронида мешавад.
14.5. Бо мақсади амалисозии самараноки созишномаи мазкур, Ҳукумат мустақилона ва ё тавассути мақоми ваколатдори давлатӣ уҳдадор мешавад, ки:
а) риояи пурра ва иҷрои саривақтии муқаррароти созишномаи мазкурро аз ҷониби тамоми мақомоти масъули давлатӣ барои амалисозии лоиҳа таъмин намояд;
б) бо дархости Сармоягузор дар хусуси мақоми ҳуқуқии созишномаи мазкур ва муқаррароти ҷудогонаи он тасдиқи хаттӣ пешниҳод намояд;
в) дар давоми муҳлати созишнома таъмини мунтазам бо нерӯи барқ ва дигар намудҳои энергия дар ҳаҷми кофӣ барои амалӣ намудани корҳои сохтмонӣ, таҷдид, барқарорсозӣ ва баистифодадиҳӣ тибқи лоиҳа.
14.6. Ҳукумат иловатан ба Сармоягузор тибқи қонунгузории татбиқшаванда кафолат медиҳад:
а) санадҳои Ҳукумат ва ё ягон мақоми ваколатдори давлатии дахлдор барои паст кардани арзиши маблағгузориҳои Сармоягузор равонагардидаро қабул намекунад;
б) молу мулки Сармоягузор мавриди мусодира ва милликунонӣ қарор намегиранд, ба истиснои амалӣ намудани онҳо барои эҳтиёҷоти ҷамъиятӣ бо пардохти ҳатмии ҷуброни пурраи онҳо;
в) ҳуқуқи дар асоси шартнома амалӣ намудани фаъолияти тиҷоратӣ, интихоби контрагентҳо аз рӯйи шартномаҳо ва объектҳои шартномаҳо, интихоби озоди қонунгузории танзимкунанда доир ба шартномаҳо, юрисдиксия ё мақомоти арбитражӣ ва ё расмиёти дигари ҳалли баҳсҳо, озодии муаӣянкунии уҳдадориҳои дахлдор ва ё ҳама гуна шартҳои дигари шартнома;
г) ҳуқуқи машғул шудан ба ҳама гуна шаклҳои фаъолияти тиҷоратӣ ҷиҳати амалисозии лоиҳа, ки метавонанд барои мақсадҳои амалишавии лоиҳа лозим шавад, ҳуқуқ барои анҷом додани фаъолияти тиҷорати хориҷӣ ва амалиёти содиротию воридотӣ;
д) ҳуқуқи сармоягузорӣ намудан ва такроран сармоягузорӣ намудани фоидаи дар доираи лоиҳа бадастовардашуда, агар он барои мақсадҳои амалишавии лоиҳа зарур бошад.
14.7. Ҳукумат иловатан тасдиқ мекунад ва кафолат медиҳад, ки Сармоягузор ҳуқуқ дорад, натиҷаҳои сармоягузории худ, аз ҷумла сармоягузории такрорӣ ва амалиёти тиҷоратиро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он соҳибӣ, истифода ва ихтиёрдорӣ намуда, даромади худро дар ҳар шакл, тибқи талаботи қонунгузории татбиқшаванда, аз ҷумла маҳсулот, мол ва/ё хизматрасонӣ, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон харидорӣ гардидааст, ба хориҷи кишвар барорад.
14.8. Ҳукумат ҳуқуқи Сармоягузорро барои мубодилаи озод ба ҳама гуна асъор, аз ҷумла ба хориҷи кишвар интиқол додани фоидаи софи он пас аз пардохт намудани андозҳо ва пардохтҳои ҳатмии дигар (ба истиснои ҳолатҳои дар созишномаи сармоягузории мазкур пешбинигардида) кафолат медиҳад, аз ҷумла:
а) фоидаи иштирокдори Сармоягузор, ки дар натиҷаи фаъолияти он, инчунин фурӯши пурра ва қисми ҳиссаи иштироки онҳо дар сармояи оинномавии Сармоягузор дар давраи амалишавии лоиҳа ва ё пас аз анҷоми он ва ё дар ҳолати қатъ гардидани лоиҳа ба даст оварда шудааст;
б) фоидае, ки дар натиҷаи бегонакунии молу мулк ва ё ҳуқуқҳои дар рафти амалишавии лоиҳа ташкил ва ё ба таври дигар соҳибшудаи Сармоягузор ба даст оварда шудааст.
14.9. Ҳукумат кафолат медиҳад, ки Сармоягузор метавонад озодона фоидаи худро бо дарназардошти имтиёзҳои муқаррарнамудаи созишномаи мазкур пас аз пардохт намудани андозҳо ва пардохтҳои ҳатмии дигар ба асъори хориҷӣ мубодила намояд ва чунин фоидаро ҳар вақт дар ҷараёни амалисозии лоиҳа, новобаста аз тағйироти минбаъда дар қонунгузории татбиқшаванда, ба хориҷи Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол намояд.
14.10. Ҳукумат тавассути мақоми ваколатдори давлатӣ амал намуда, кафолат медиҳад, ки ҳангоми хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ барои эҳтиёҷоти давлатӣ ба маҳсулоти корхонаҳои аз тарафи Сармоягузор таъсисдодашуда афзалият дода мешавад.
МОДДАИ 15. СЕРВИТУТҲО (ҲУҚУҚИ ОММАВИИ УБУР)
15.1. Барои мақсадҳои амалисозии лоиҳа дар давраи амали созишномаи мазкур, дар сурате агар ба Сармоягузор лозим шавад, ба Сармоягузор сервитути зер ва болои биноҳо, пулҳо ва молу мулки дигари дар моликияти давлат қарор дошта, инчунин қад- қади онҳо, ки кӯчаҳо, роҳҳои мошингард ва пиёдагард, кӯчабоғҳо, роҳҳои дар моликияти давлатӣ бударо дар бар мегиранд, бо мақсади сохтмон, насб, хизматрасонӣ ва истифодаи такягоҳҳо, симчӯбҳои интиқоли барқ, кабелҳои интиқоли барқи зеризаминӣ, қубурҳои зеризаминӣ, инчунин хатҳои дигари қубургузар ва хатҳои интиқоли барқ, чоҳҳои кабел, худи кабел, симу таҷҳизот ва дастгоҳҳои дигаре, ки барои мақсадҳои дар созишномаи мазкур зикргардидаи лоиҳа зарур мусоидаткунанда ё муносиб мебошанд (ҳуқуқи оммавии убур) ва ба Сармоягузор ҳуқуқу ваколатҳо ҷиҳати амалигардонӣ ва истифодаи ҳуқуқи оммавии убур дар асоси чунин сервитут, ки бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории татбиқшаванда ба расмият дароварда шудааст, пешниҳод карда мешавад. Ғайр аз ин, барои мақсадҳои лоиҳа ва дар давоми амали созишномаи мазкур ба Сармоягузор иҷозат дода мешавад, ки дар мувофиқа бо мақомоти ваколатдори давлатӣ ва бо риояи қонунгузории татбиқшаванда ҳама гуна корҳои зарурии вобаста ба заминро дар роҳҳо, роҳҳои фаръӣ, кӯчаҳо, кӯчабоғҳо, роҳҳои мошингард, пиёдагард ва молу мулки дигар анҷом диҳад ва чунин корҳои заминӣ бояд дар муддати кӯтоҳ ва бо халалёбии камтарин барои аҳолӣ, бо дарназардошти мувофиқи мақсад будани он дар шароити мавҷуда анҷом дода шаванд.
МОДДАИ 16. ҲУҚУҚҲОИ МАХСУСИ ҲУКУМАТ
16.1. Илова ба ҳуқуқҳои дар муқаррароти дигари созишномаи мазкур пешбинигардида Ҳукумат мустақилона ва ё тавассути мақоми ваколатдори давлатӣ амал намуда, ба инҳо ҳуқуқ дорад:
- назорати фаъолияти Сармоягузор дар чаҳорчӯбае, ки дар созишномаи мазкур дарҷ карда шудааст;
- аз Сармоягузор талаб намудани иҷрои муқаррароту меъёрҳои қонунгузории татбиқшаванда бо дарназардошти меъёрҳои созишномаи мазкур;
- аз Сармоягузор дархост намудани ҳисоботи даврӣ дар бораи амалишавии лоиҳа;
- ба Сармоягузор пешниҳод намудани тавсияҳо ва таклифҳо барои амалисозии самараноки лоиҳа.
16.2. Ҳукумат тавассути мақоми ваколатдори давлатӣ амал намуда, кафолат медиҳад, ки дар давоми амалисозии лоиҳа ба фаъолияти хоҷагидории Сармоягузор ва инчунин мақомоти дахлдори давлатии дигар берун аз талаботи қонунгузории татбиқшаванда дахолат намекунад.
16.3. Ҳукумат кафолат медиҳад, ки дар ҳолати қатъ шудани муҳлати имтиёзҳои дар созишномаи мазкур пешниҳодшуда, новобаста аз асоси он, оқибатҳои ҳуқуқии пешниҳоди чунин имтиёзҳо нигоҳ дошта мешаванд.
МОДДАИ 17. УҲДАДОРИҲОИ УМУМИИ САРМОЯГУЗОР
17.1. Сармоягузор уҳдадор мешавад, ки:
а) лоиҳаро бо дарназардошти АТИ, мутобиқи таҷрибаи пешқадам, инчунин бо риояи қонунгузории татбиқшаванда, аз ҷумла қонунгузорӣ оид ба ҳифзи муҳити зист амалӣ намояд;
б) мутобиқи созишномаи мазкур барои амалисозии самарабахши лоиҳа масъул бошад, аз он ҷумла барои таъмини маблағгузорӣ, воридоти техника, таҷҳизот, технологияи муосир ва ҷалби кормандони соҳибтахассус, ки барои амалисозии саривақтӣ ва бомуваффақияти он заруранд;
в) Сармоягузор ва ҳамаи кормандон ва машваратчиёни он, ки дар доираи лоиҳа ҷалб гардидаанд, дар давраи амалисозии лоиҳа бояд қонунгузории татбиқшавандаро риоя намоянд, инчунин аз имтиёзҳои бо созишномаи мазкур пешбинишуда танҳо барои мақсадҳои лоиҳа ва ҳамчунин намудҳои фаъолияти бо лоиҳа алоқамандбуда истифода баранд.
МОДДАИ 18. УҲДАДОРИҲОИ ТАРАФҲО
18.1. Тарафҳо бояд мубодилаи маълумоти ба лоиҳа дахлдорро бо дарназардошти муқаррарот дар бораи маълумот ба амал бароранд. Чунин маълумот метавонад аз маълумоти ба ҳама дастраси оморӣ, таҳлилҳо, натиҷаи тадқиқотҳои маркетингӣ, инчунин маълумот дар бораи қонун ё санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки нисбати лоиҳа татбиқ карда мешаванд, иборат бошад.
18.2. Тарафҳо пурра дар доираи лоиҳа ҳамкорӣ мекунанд ва барои ин мақсад тамоми манбаъҳои доштаро истифода мекунанд ва барои асос созишномаи мазкур ва қонунгузории татбиқшавандаро истифода мекунанд. Тарафҳо уҳдадор мешаванд, ки барои ноил шудан ба мақсадҳо ва манфиатҳои умумӣ ҳуқуқҳои худро софдилона риоя ва уҳдадориҳои худро сари вақт иҷро менамоянд.
18.3. Тарафҳо розӣ мешаванд, ки уҳдадориҳои дар боло зикргардида ва уҳдадориҳои дигаре, ки дар қисматҳои дигари созишномаи мазкур зикр гардидаанд, тибқи қонунгузории татбиқшаванда ва муқаррароти созишномаи мазкур уҳдадориҳои иловагии умумии Тарафҳо мебошанд.
МОДДАИ 19. МУНОСИБАТИ ҲУҚУҚИИ ТАРАФҲО
19.1. Ҳукумат розӣ мешавад, ки ба имзо расонидан ва иҷрои созишномаи мазкур аз ҷониби он муносибатҳои хусусӣ, тиҷоратӣ ва баробарҳуқуқи байни Тарафҳои созишномаро ташкил медиҳанд.
МОДДАИ 20. МАЪЛУМОТИ МАХФӢ
20.1. Дар доираи созишномаи мазкур мафҳуми «маълумоти махфӣ» маънои маълумотеро дорад, ки дар шакли хаттӣ ҳамчун махфӣ ё ин ки аз рӯйи хусусияти худ ҳамчун сирри тиҷоратӣ (новобаста аз тарзи додан ё ҳифзи чунин маълумот) қайд карда шудааст, аз ҷумла бе маҳдудият:
- ҳамаи маълумот вобаста ба таҳия, сохтмон, таҷдид, истифодабарӣ ва хизматрасонии техникӣ, фаъолияти техникӣ ва намудҳои дигари фаъолиятро, ки ба Ҳукумат пешниҳод карда мешаванд, аз ҷумла АТИ, АТИ- и пешакӣ, новобаста аз тасдиқ шудани онҳо, навгониҳо ва тағйиру иловаҳое, ки дар лаҳзаи дахлдор эътибор доранд;
- маълумот оид ба робитаҳои тиҷоратӣ, молу мулк, дороиҳо, таҷрибаи тиҷоратӣ, хизматрасониҳо, ҳуқуқҳои моликияти зеҳнӣ, сирри тиҷоратӣ (ноу- хау), маълумот оид ба кормандон, муштариён, пудратчиён ва маълумоти дигари махфии тиҷоратӣ ва шахсии Сармоягузор.
20.2. Тарафҳо набояд маълумоти махфиро бе розигии пешакии хаттии ҳамдигар, ба истиснои ҳолатҳои дар қонунгузории татбиқшаванда ва созишномаи мазкур пешбинишуда, инчунин барои мақсадҳои ҳалли баҳсҳо, ба шахсони сеюм пешниҳод намоянд ё ифшо кунанд.
МОДДАИ 21. ҲОЛАТИ РАФЪНОПАЗИР (ФОРС-МАЖОР)
21.1. Тарафҳо аз масъулият барои иҷро накардан ё боздоштани иҷрои ҳама гуна уҳдадорӣ дар доираи созишномаи мазкур танҳо дар сурате озод карда мешаванд, ки агар чунин иҷро накардан ё боздоштан ба ҳолати рафънопазир (форс-мажор) алоқаманд бошад. Давраи чунин иҷро накардан ё боздоштан ва даврае, ки барои рафъи зиёни дар ҳолати мазкур расонидашуда зарур аст, ба муҳлати барои иҷрои уҳдадорӣ зарур ва ба давраи муқаррар ва пешбининамудаи созишномаи мазкур ҷиҳати иҷрои ҳама гуна уҳдадориҳо ё амалисозии ҳама гуна ҳуқуқҳое, ки ба чунин уҳдадориҳо вобаста мебошанд, илова карда мешавад.
21.2. Дар сурати фаро расидани ҳолати рафънопазир (форс-мажор) Ҳукумат ва Сармоягузор бояд:
а) ба ҳамдигар дар муддати кутоҳтарин, на дертар аз 15 (понздаҳ) рӯз аз лаҳзаи маълум шудани чунин ҳолат огоҳии хаттӣ пешниҳод намоянд ва дар он ҳолатро муфассал шарҳ дода, муҳлати эҳтимолии давомёбӣ ва оқибатҳои онро ба иҷро намудани уҳдадориҳо оид ба созишномаи мазкур арзёбӣ кунанд;
б) бо мақсади коҳиш додани таъсири ҳолати рафънопазир (форс-мажор) дар муддати кӯтоҳтарин чораҳои дахлдор андешанд;
в) пас аз бартараф гардидани ҳолати рафънопазир (форс- мажор) ё ба охир расидани он фавран ҳамдигарро огоҳ намуда, барои оғози иҷрои уҳдадориҳои худ дар доираи созишномаи мазкур дар муҳлатҳои ҳаддалимкон кутоҳтарин баъди рафъи чунин ҳолат ё ба охир расидани ҳолати рафънопазир чораҳои қобили қабул андешанд.
21.3. Дар сурати ба миён омадани ҳолати рафънопазир (форс-мажор), Тарафҳо баҳри пайдо кардани роҳҳои баромадан аз чунин ҳолат машваратҳо доир карда, тамоми воситаҳои заруриро барои кам кардани оқибатҳои ҳолатҳои бавуҷудомада истифода мебаранд.
21.4. Дар ҳолати пурра ё қисман қатъ шудани амалисозии лоиҳа, ки дар натиҷаи ҳолати рафънопазир (форс- мажор) ба вуҷуд омадаанд, давраи иҷрои амалисозии лоиҳа ба муҳлати амали ҳолати рафънопазир (форс- мажор) дароз карда шуда, аз лаҳзаи ба охир расидани чунин ҳолат аз нав барқарор хоҳанд шуд.
21.5. Агар бо сабаби ҳолати рафънопазир (форс-мажор) амалисозии минбаъдаи лоиҳа ғайриимкон гардад ва Сармоягузор аз уҳдаи амалисозии минбаъдаи лоиҳа набарояд, Сармоягузор метавонад аз амалисозии минбаъдаи лоиҳа бе ягон ҷавобгарӣ даст кашад. Дар чунин ҳолат Сармоягузор тибқи қонунгузории татбиқшаванда бо мақсади ҷуброн намудани талафоти худ ҳуқуқи гирифтан, идора намудан, содирот ва фурӯши ҳамаи намудҳои дороиҳои худро ҳам дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳам берун аз он дорад. Дар чунин ҳолат Ҳукумат бояд ба Сармоягузор мусоидати зарурӣ намояд.
21.6. Ҳолати рафънопазир (форс-мажор) ҳамчун асос барои талаби ҷуброни зарар маҳсуб намеёбад.
МОДДАИ 22. УСТУВОРИИ СОЗИШНОМА
22.1. Ҳуқуқҳои махсус, озодкунӣ ва имтиёзҳои Сармоягузор, инчунин муқаррароти дигари шабеҳи созишномаи мазкур, сарфи назар аз тағйироти минбаъда ба қонунгузории татбиқшаванда, дар давраи муҳлати амали созишномаи мазкур мавриди амал қарор дода мешаванд ва татбиқ мегарданд.
22.2. Мақоми ваколатдори давлатӣ созишномаи мазкурро ба Феҳристи давлатии созишномаҳои сармоягузорӣ ворид менамояд ва мақомоти давлатии ваколатдори дахлдорро дар бораи эътибор пайдо кардани созишномаи мазкур хабардор месозад.
22.3. Дар робита ба иҷрои созишномаи мазкур Ҳукумат ва Сармоягузор АТИ, лоиҳа, қонунгузории татбиқшаванда, созишномаи мазкур ва таҷрибаи баӣналмилалиро риоя менамоянд. Ҳеҷ тағйирот дар қонунгузории татбиқшаванда пас аз имзои созишномаи мазкур наметавонад ҳуқуқ ва уҳдадориҳои Сармоягузорро, ки дар созишномаи мазкур зикр карда шудаанд, бадтар гардонад. Тамоми шартҳои созишномаи мазкур эътибори худро дар давоми муҳлати амали он, новобаста аз тағйироти минбаъда дар қонунгузории татбиқшаванда, нигоҳ медоранд. Тағйири шартҳои созишномаи мазкур танҳо бо розигии мутақобилаи Сармоягузор ва Ҳукумат амалӣ карда мешавад. Ба Сармоягузор ва паймонкорон ҳама гуна муқаррароти қонунгузории татбиқшаванда, аз ҷумла тағйироти муқаррароти алоҳидаи қонунгузории татбиқшавандае, ки ба амалисозии лоиҳа монеа мешаванд, дахл нахоҳанд дошт.
22.4. Ҳукумат бо шарти риояи муқаррароти созишномаи мазкур тасдиқ менамояд, ки ҳама гуна санадҳои меъёрии ҳуқуқии тамоми мақомоти ваколатдори давлатии дахлдор, ки бо ин ё он усул ҳуқуқ ва манфиатҳои мувофиқи созишномаи мазкур ба Сармоягузор фароҳам оварда ё ба таври дигари қонунӣ аз ҷониби Сармоягузор тибқи созишномаи мазкур бадастовардаро вайрон мекунанд ё маҳдуд месозанд, нисбат ба Сармоягузор татбиқ намегарданд.
22.5. Ҳангоми пеш аз анҷоми муҳлати муқарраргардида, инчунин тағӣир ёфтани ҳаҷми сармоягузорӣ ё нишондиҳандаҳои иқтисодии лоиҳа, эътибори созишномаи мазкур дар тамоми муҳлати амали он нигоҳ дошта мешавад, аз ҷумла имтиёзҳои махсуси андозӣ ва гумрукӣ, ки созишномаи мазкур муқаррар намудааст, эътибори худро гум намекунанд.
22.6. Ҳукумат кафолат медиҳад, ки баъд аз ба охир расидани муҳлат ва ё қатъ гардидани созишнома мутобиқи шартҳои дар он дарҷёфта нисбати Сармоягузор, паймонкорон, паймонкорони фаръӣ, таҳвилгару харидорон талаб карда намешавад, ки андозу боҷҳоеро, ки аз пардохтҳои гумрукӣ онҳо мутобиқи шартҳои созишномаи мазкур ва қонунгузории татбиқшаванда дар давраи мавриди амал қарор гирифтани созишномаи мазкур озод карда шуда буданд, аз ҷумла дар мавриди бегона кардани молу мулк пардохт намоянд.
МОДДАИ 23. ҚАТЪИ АМАЛ ВА ПЕШ АЗ МУҲЛАТ БЕКОР КАРДАНИ СОЗИШНОМА
23.1. Бе расонидани зарар ба муқаррароти дигар вобаста ба бекор кардани созишномаи мазкур, созишномаи мазкур метавонад бо розигии Тарафҳо дар шакли хаттӣ бекор карда шавад.
23.2. Созишномаи мазкур танҳо дар ҳолатҳои зерин метавонад яктарафа бекор карда шавад:
23.2.1. Бо ташаббуси Ҳукумат:
(i) дар ҳолате, ки агар Сармоягузор ба таври дахлдор уҳдадориҳо ва шартҳои муҳимми созишномаи мазкурро бо сабаби вобаста аз худи Сармоягузор иҷро накунад;
(ii) дар сурати ба амал омадани ҳолати пардохтнопазирӣ аз ҷониби Сармоягузор.
23.2.2. Бо ташаббуси Сармоягузор:
(i) агар Ҳукумат ё мақомоти дахлдори давлатии дигар ба амалисозии лоиҳа монеа ва мушкилоти ҷиддӣ эҷод намоянд;
(ii) агар тибқи ҳисоботи Сармоягузор пас аз як соли имзои созишномаи мазкур аён гардад, ки мавриди амал қарор додани лоиҳа бо сабабҳои вобаста аз Ҳукумат ё мақомоти давлатии дахлдор имконнопазир мебошад.
23.3. Амали созишномаи мазкур пас аз ба анҷом расидани муҳлати амали он қатъ мегардад. Амали созишномаи мазкур метавонад бо мувофиқаи Тарафҳо, инчунин бо асосҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории татбиқшаванда ва созишномаи мазкур пеш аз муҳлат қатъ карда шавад.
23.4. Агар вайронкунии созишномаи мазкур аз ҷониби Сармоягузор содир гардида бошад, ки дар банди 23.2.1. моддаи 23 созишномаи мазкур муайян шудааст ва боиси қатъи амали ин созишнома гардида бошад, Ҳукумат ҳуқуқ дорад ҳамаи ҳуқуқҳо, афзалиятҳо ва имтиёзҳоеро, ки Сармоягузор баъди эътибор пайдо кардани созишномаи мазкур ба даст овардааст, бекор кунад. Дар сурате, ки агар вайронкунии созишномаи мазкур аз ҷониби Ҳукумат содир гардида бошад, ки дар банди 23.2.2. моддаи 23 созишномаи мазкур муайян шудааст ва боиси қатъи амали он гардида бошад, Сармоягузор ҳамаи ҳуқуқҳо, афзалиятҳо ва имтиёзҳоеро, ки Сармоягузор баъди эътибор паӣдо кардани созишномаи мазкур ба даст овардааст, нигоҳ медорад.
МОДДАИ 24. ҚОНУНГУЗОРИИ ТАТБИҚШАВАНДА ВА ҲАЛЛИ БАҲСҲО
24.1. Созишномаи мазкур тибқи қонунгузории татбиқшаванда тафсир ва танзим карда мешавад.
24.2. Тарафҳо бояд кӯшиш ба харҷ диҳанд, ки баҳсҳо бо роҳи машварат ва гуфтушунид ба танзим дароварда шаванд.
24.3. Агар баҳс бо роҳи машварат ва гуфтушунид дар муддати 60 (шаст) рӯз аз санаи ирсоли огоҳиномаи хаттӣ ҳаллу фасл нагардад, он барои баррасӣ ба мақомоти судии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мегардад.
24.4. Ҳангоми баррасии баҳс, суд инҳоро ба асос мегирад:
- созишномаи мазкур;
- қонунгузории татбиқшаванда;
- принсипҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон оид ба сармоягузорӣ.
МОДДАИ 25. ОГОҲИНОМА ВА МУРОСИЛОТ
25.1. Ҳама гуна огоҳинома ё иттилооти дигаре, ки дар доираи созишномаи мазкур ба Ҳукумат ё Сармоягузор пешниҳод мегардад, бояд дар шакли хаттӣ сурат гирад.
25.2. Агар дар созишномаи мазкур тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад, чунин огоҳинома ё иттилооти дигар ба таври дахлдор пешниҳодгардида ба ҳисоб меравад, агар он бевосита ё тавассути почта, почтаи электронӣ ё бо воситаи факс ба суроғаи ҳуқуқии Тарафи дахлдор фиристода шуда бошад.
МОДДАИ 26. ТАҚСИМПАЗИРӢ
26.1. Ҳамаи муқаррароти созишномаи мазкур алоҳида буда, амали ҷудогона доранд ва агар яке аз онҳо ғайриқонунӣ, беэътибор ё бо санксияи ҳуқуқӣ таъминнабуда дониста шавад, ин ба эътибор доштан, қонунӣ будан ё бо санксияи ҳуқуқӣ таъмин будани ҳар муқаррароти дигари созишномаи мазкур ё қисми он дахл надорад.
МОДДАИ 27. ГУЗАШТ КАРДАН
27.1. Созишномаи мазкур наметавонад ба тарафи сеюм гузашт карда шавад, агар Тарафҳо ба созиши дигар наомада бошанд.
МОДДАИ 28. ТАРТИБИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА СОЗИШНОМА
28.1. Ҳамаи тағйиру иловаҳо ба созишномаи мазкур танҳо дар сурати аз ҷониби Тарафҳо ба имзо расонида шудани ҳуҷҷати иловагии дахлдор тибқи қонунгузории татбиқшаванда эътибори ҳуқуқӣ пайдо мекунанд.
МОДДАИ 29. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
29.1. Созишномаи мазкур аз рӯзи тасдиқ гардидани он аз тарафи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон эътибор пайдо мекунад.
29.2. Муҳлати амали созишномаи мазкур аз рӯзи тасдиқ гардидани он аз тарафи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 15 (понздаҳ) солро дар бар мегирад.
29.3. Муҳлати амали созишнома метавонад аз ҷониби Тарафҳо таҷдиди назар карда шавад.
29.4. Созишномаи мазкур дар шаҳри Душанбе «____» ________ соли 20___ дар ду нусхаи аслӣ бо забони тоҷикӣ ба имзо расонида шуд.
АЗ НОМИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН: _________________________________
| АЗ НОМИ САРМОЯГУЗОР:
_________________________________ |