Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июли соли 2025, № 377 "Дар бораи дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2028"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2028


Мутобиқи моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2028 тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми ташаккули буҷети давлатӣ барои солҳои навбатӣ дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2028-ро ба инобат гирад.

3. Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолати тағйирёбии вазъи иқтисодии кишвар, аз ҷумла таъсири омилҳои беруна ба он, оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2028 сари вақт таклифҳо пешниҳод намояд.

4. Вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати иҷрои дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2028 чораҳои зарурӣ андешида, амалишавии саривақтии барномаҳои давлатии рушди соҳавию минтақавиро таъмин намоянд ва ҳангоми зарурат оид ба ворид намудани тағйирот ба онҳо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраргардида таклиф пешниҳод намоянд.


Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 1 июли соли 2025, № 377



Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О прогнозе основных макроэкономических показателей Республики Таджикистан на 2026-2028 годы

 

В соответствии со статьей 11 Закона Республики Таджикистан «О стратегическом планировании и государственном прогнозировании» Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1.Утвердить прогноз основных макроэкономических показателей Республики Таджикистан на 2026-2028 годы (прилагается).

2.Министерству финансов Республики Таджикистан прч. формировании государственного бюджета на последующие годы учесть прогноз «основных макроэкономических показателей Республики Таджикистан на 2026-2028 годы.

3.Министерству экономического развития и торговли Республики Таджикистан в случае изменения экономического положения страны, в том числе влияния на него внешних факторов, своевременно

представлять препложения пп кые.грнтлт нчмршишй и плпг>лнлний д

прогноз основных макроэкономических показателей Республики Таджикистан на 2026-2028 годы.

4.Министерствам, ведомствам и местным исполнительным органам государственной власти принять необходимые меры по выполнению прогноза основных макроэкономических показателей Республики Таджикистан на 2026-2028 годы, обеспечить своевременную реализацию государственных отраслевых и региональных программ развития и при необходимости в установленном порядке представлять Правительству Республики Таджикистан предложения о внесении в них изменений.

Председатель Правительства Республики Таджикистан   Эмомали Рахмон
от 1 июля 2025 года, г. Душанбе