ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ»
Мутобиқи моддаи 58 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ» маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 1 июли соли 2025, № 376
Лоиҳа
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ МУСОИДАТ БА ШУҒЛИ АҲОЛӢ»
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ» аз 1 августи соли 2003 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2003, №8, мод.467; с.2005, №12, мод.650; с.2007, №7, мод.687; с.2008, №12, қ.2, мод.1006; с.2011, №6, мод.437; с.2018, №5, мод.277, с.2021, №6, мод.389) иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1.Ба қисми чоруми моддаи 22 пас аз калимаи «Тоҷикистон» калимаҳои «тариқи ғайринақдӣ» илова карда шаванд.
2.Ба қисми чоруми моддаи 25 пас аз калима ва аломати «намудааст,» калимаҳои «тариқи ғайринақдӣ» илова карда шаванд.
3.Ба моддаи 29 пас аз калимаи «стипендия» калимаҳои «тариқи ғайринақдӣ» илова карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Постановление
Правительства Республики Таджикистан
О проекте Закона Республики Таджикистан «О внесении дополнений в Закон Республики Таджикистан «О содействии занятости населения»
В соответствии со статьей 58 Конституции Республики Таджикистан Правительство Республики Таджикистан п о с т а н о в л я е т:
Одобрить проект Закона Республики Таджикистан «О внесении дополнений в Закон Республики Таджикистан «О содействии занятости населения» и представить на рассмотрение Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан.
Председатель Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
Проект
ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН О ВНЕСЕНИИ ДОПОЛНЕНИЙ В ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН «О СОДЕЙСТВИИ ЗАНЯТОСТИ НАСЕЛЕНИЯ»
Статья 1. Внести в Закон Республики Таджикистан «О содействии занятости населения» от 1 августа 2003 года (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан 2003 г., №8, ст.467; 2005 г., №12, ст.650; 2007 г., №7, ст.687; 2008 г., №12, ч.2, ст.1006; 2011 г., №6, ст.437; 2018 г., №5, ст.277, 2021 г., №6, ст.389) следующие дополнения:
1. Часть четвертую статьи 22 после слова «производится» дополнить словами «в безналичной форме».
2. Часть четвертую статьи 25 после слова «выплачивается» дополнить словами «в безналичной форме».
3. Статью 29 после слова «выплачивается» дополнить словами «в безналичной форме».
Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.
Президент Республики Таджикистан