ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ»
Мутобиқи моддаи 58 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ» маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 1 июли соли 2025, № 375
Лоиҳа
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ВАЗЪИ ҲУҚУҚИИ ХИЗМАТЧИЁНИ ҲАРБӢ»
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ» аз 1 марти соли 2005 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2005, №3, мод.130; с.2006, №3, мод.150; с.2008, №6, мод.449, №10, мод.799; с.2012, №8, мод.822; с.2014, №11, мод.661; с.2018, №1, мод.11; с.2020, №12, мод.911; с.2021, №6, мод.387; с.2023,
№11, мод.464 ) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1.
Ба моддаи 11 қисми 6 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«6. Таъминоти пулии дар моддаи мазкур пешбинишуда тариқи ғайринақдӣ пардохт карда мешавад.».
2. Дар моддаи 12:
- ба қисми 1 пас аз аломат ва калимаҳои «(таъминоти пулӣ)» калимаҳои «тариқи ғайринақдӣ» илова карда шаванд;
- ба қисми 2 пас аз калимаи «иловапулиҳо» калимаҳои «тариқи ғайринақдӣ» илова карда шавад;
- дар қисми 5 калимаи «пардохта» ба калимаҳои «тариқи ғайринақдӣ пардохт карда» иваз карда шавад.
3. Дар сархати сеюми қисми 1 моддаи 13 калимаи «пардохти» ба
калимаҳои «тариқи ғайринақдӣ пардохт намудани» иваз карда
шаванд.
4. Дар моддаи 14:
- ба банди нуҳуми қисми 1 пас аз калимаи «бефоиз» калимаҳои «тариқи ғайринақдӣ» илова карда шаванд;
- ба банди дуюми қисми 2 пеш аз калимаи «пардохт» калимаҳои «тариқи ғайринақдӣ» илова карда шаванд;
- ба муқаддимаи қисми 8 пас аз калимаи «фоиз» калимаҳои «тариқи ғайринақдӣ» илова карда
шаванд;
- ба ҷумлаи дуюми қисми 9 пеш аз калимаи «пардохт» калимаҳои «тариқи
ғайринақдӣ»
илова карда шаванд.
5. Дар моддаи 15:
- ба ҷумлаи дуюми қисми 4 пеш аз калимаи «мепардозанд» калимаҳои «тариқи ғайринақдӣ» илова карда
шаванд;
- ба банди дуюми қисми 7 пеш аз калимаи «мепардозанд» калимаҳои «тариқи ғайринақдӣ» илова карда
шаванд.
6. Дар моддаи 16:
- ба қисмҳои 2 ва 4 пас аз калимаи «зерин» калимаҳои «тариқи ғайринақдӣ» илова карда шаванд;
- ба қисми 3 пас калимаҳои «ба онҳо» калимаҳои «тариқи ғайринақдӣ» илова карда шаванд.
7. Ба банди дуюми қисми 4 моддаи 17 пеш аз калимаи «пардохт» калимаҳои «тариқи ғайринақдӣ» илова карда шаванд.
8. Дар моддаи 18:
- ба ҷумлаи дуюми сархати дуюми қисми 1 пас аз калимаи «амалан» калимаҳои «тариқи ғайринақдӣ» илова карда шаванд;
- дар ҷумлаи дуюми банди дуюми қисми 2 калимаи «хароҷотҳои» ба калимаҳои «хароҷот тариқи ғайринақдӣ» иваз карда шаванд.
9. Дар моддаи 21:
- ба муқаддимаи қисми 3 пас аз калимаи «тақвимӣ» калимаҳои «тариқи ғайринақдӣ» илова карда шаванд;
- ба қисми 4 пеш аз калимаи «пардохта» калимаҳои «тариқи ғайринақдӣ» илова карда шаванд.
10. Ба қисми 5 моддаи 22 пеш аз калимаи «пардохт» калимаҳои «тариқи ғайринақдӣ» илова карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Постановление
Правительства Республики Таджикистан
О проекте Закона Республики Таджикистан «О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан «О статусе военнослужащих»
В соответствии со статьей 58 Конституции Республики Таджикистан Правительство Республики Таджикистан п о с т а н о в л я е т:
Одобрить проект Закона Республики Таджикистан «О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан «О статусе военнослужащих» и представить на рассмотрение Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан.
Председатель Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
Проект
ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЙ И ДОПОЛНЕНИЙ В ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН «О СТАТУСЕ ВОЕННОСЛУЖАЩИХ»
1.Статья 1. Внести в Закон Республики Таджикистан «О статусе военнослужащих» от 1 марта 2005 года (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2005 г., №3, ст.130; 2006 г., №3, ст.150; 2008 г., №6, ст.449, №10, ст.799; 2012 г., №8, ст.822; 2014 г., №11, ст.661; 2018 г., №1, ст.11; 2020 г., №12, ст.911; 2021 г., №6, ст.387; 2023 г., №11, ст.464) следующие изменения и дополнения:
1. Статью 11 дополнить частью 6 следующего содержания:
«6. Денежное содержание, предусмотренное настоящей статьей, выплачивается в безналичной форме.».
2. В статье 12:
- часть 1 после слов «денежного содержания» дополнить словами «в безналичной форме»;
- часть 2 после слова «выплаты» дополнить словами «в безналичной форме»;
- часть 5 после слова «выплаты» дополнить словами «в безналичной форме».
3. Абзац третий части 1 статьи 13 после слова «выплата» дополнить словами «в безналичной форме».
4. В статье 14:
- пункт девятый части 1 после слова «кредит» дополнить словами «в безналичной форме»;
- пункт второй части 2 после слов «выплачивается» дополнить словами «в безналичной форме»;
- преамбулу части 8 после слова «оплачивают» дополнить словами «в безналичной форме»;
- второе предложение части 9 после слова «производятся» дополнить словами «в безналичной форме».
5. В статье 15:
- второе предложение части 4 после слова «военнослужащие» дополнить словами «в безналичной форме»;
- пункт второй части 7 после слов «туристические базы» дополнить словами «в безналичной форме».
6. В статье 16:
- части 2 и 4 после слова «выплачивается» дополнить словами «в безналичной форме»;
- часть 3 после слова «выплачивается» дополнить словами «в безналичной форме».
7. Пункте второй части 4 статьи 17 после слова «возмещаются» дополнить словами «в безналичной форме».
8. В статье 18:
- второе предложение абзаца второго части 1 после слов «фактические расходы» дополнить словами «в безналичной форме»;
- второе предложение пункта второго части 2 после слов «фактические расходы» дополнить словами «в безналичной форме».
9. В статье 21:
- вводную часть части 3 после слов «календарном исчислении» дополнить словами «в безналичной форме»;
- часть 4 после слова «пособие» дополнить словами «в безналичной форме».
10. Часть 5 статьи 22 после слова «возмещаются» дополнить словами «в безналичной форме».
Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.
Президент Республики Таджикистан