Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июли соли 2025, № 374 "Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 

ҚАРОР

Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»


Мутобиқи моддаи 58 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.


Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 1 июли соли 2025, № 374
Лоиҳа

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ИҶРОИ ҶАЗОИ ҶИНОЯТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 1. Ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 августи соли 2001 қабул шудааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2001, №7, мод.505; с.2003, №12, мод.683; с.2004, №7, мод.455; с.2005, №3, мод.127; с.2008, №3, мод.190, №12, қ.1, мод.987; с.2010. №7, мод.552, №12, қ.1, мод.810; с.2011, №6, мод.443; с.2012, №4, мод.255, №7, мод.716, №12, қ.1, мод.1018; с.2013, №7, мод.507, №12, мод.880; с.2015, №11, мод.951, мод.952; с.2016, №3, мод.129, №5, мод.358, №11, мод.876; с.2017, №7-9, мод.567; с. 2022, №1-3, мод.5) иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1.Дар қисми 2 моддаи 30 калимаи «пардозад» ба калимаҳои «тариқи ғайринақдӣ пардохт намояд» иваз карда шаванд.

2.Ба қисми 6 моддаи 58 ҷумлаи сеюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:

«Маблағҳои мазкур тариқи 7айринақдӣ пардохт карда мешаванд.».

3.Ба қисми 1 моддаи 92 пеш аз калимаи «пардохта» калимаҳои «тариқи ғайринақдӣ» илова карда шаванд.

4.Ба қисми 4 моддаи 104 пас аз калима ва аломати «дошт,» калимаҳои «тариқи ғайринақдӣ» илова карда шаванд.

5.Ба қисми 1 моддаи 109 пас аз калимаи «Тоҷикистон» калимаҳои «тариқи ғайринақдӣ» илова карда шаванд.

6.Ба қисми 5 моддаи 172 пас аз калимаи «маҳкумшуда» калимаҳои «тариқи ғайринақдӣ» илова карда шаванд.

7.Ба қисми 2 моддаи 173 пас аз калимаи «шуданашон» калимаҳои «тариқи ғайринақдӣ» илова карда шаванд.

8.Ба моддаи 187 пас аз калима ва аломати «мекунанд,» калимаҳои «тариқи ғайринақдӣ» илова карда шаванд.

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон



Постановление

Правительства Республики Таджикистан

О проекте Закона Республики Таджикистан «О внесении дополнений в Кодекс исполнения уголовных наказаний Республики Таджикистан»

В соответствии со статьей 58 Конституции Республики Таджикистан Правительство Республики Таджикистан п о с т а н о в л я е т:

Одобрить проект Закона Республики Таджикистан «О внесении дополнений в Кодекс исполнения уголовных наказаний Республики Таджикистан» и представить на рассмотрение Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан.

Председатель Правительства                      Республики Таджикистан          Эмомали Рахмон
Проект


ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАНО ВНЕСЕНИИ ДОПОЛНЕНИЙ В КОДЕКС ИСПОЛНЕНИЯ УГОЛОВНЫХ НАКАЗАНИЙ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

Статья 1. Внести в Кодекс исполнения уголовных наказаний Республики Таджикистан от 6 августа 2001 года (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2001 г., №7, ст.505; 2003 г., №12, ст.683; 2004 г., №7, ст.455; 2005 г., №3, ст.127; 2008 г., №3, ст.190, №12, ч.1, ст.987; 2010 г., №7, ст.552, №12, ч.1, ст.810; 2011 г., №6, ст.443; 2012 г., №4, ст.255, №7, ст.716, №12, ч.1, ст.1018; 2013 г., № 7, ст.507, №12, ст.880; ст.2015, №11, ст.951, ст. 952; ст.2016, №3, ст.129, №5, ст.358, №11, ст.876; ст.2017, №7-9, ст.567, 2022 г., №1-3, ст.5) следующие дополнения:

1. Часть 2 статьи 30 после слова «штраф» дополнить словами «в безналичной форме».

2. Часть 6 статьи 58 дополнить третьим предложением следующего содержания:

«Данные средства уплачиваются в безналичной форме»

3. Часть 1 статьи 92 после слова «оплачиваются» дополнить словами «в безналичной форме».

4. Часть 4 статьи 104 после слова «производится» дополнить словами «в безналичной форме».

5. Часть 1 статьи 109 после слова «оплачивается» дополнить словами «в безналичной форме».

6. Часть 5 статьи 172 после слова «оплачиваются» дополнить словами «в безналичной форме».

7. Часть 2 статьи 173 после слова «производится» дополнить словами «в безналичной форме».

8. Статью 187 после слова «оплачивается» дополнить словами «в безналичной форме».

Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.

Президент

Республики Таджикистан