Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июли соли 2025, № 372 "Дар бораи Стратегияи ҷалби сармоя ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи Стратегияи ҷалби сармоя ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040

Мутобиқи моддаҳои 4 ва 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1.Стратегияи ҷалби сармоя ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 ва Нақшаи чорабиниҳои амалигардонии Стратегияи ҷалби сармоя ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 дар солҳои 2026-2030 тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1 ва 2).

2.Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоҳангсози амалигардонии Стратегияи мазкур ва Нақшаи чорабиниҳои он муайян карда шавад.

3.Вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар доираи маблағҳои пешбинигардидаи буҷети давлатӣ ва сарчашмаҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, амалигардонии Стратегияи мазкур ва Нақшаи чорабиниҳои онро таъмин карда, аз натиҷаи амалигардонии онҳо ҳар сол то 1 феврал ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намоянд.

4. Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба натиҷаҳои амалигардонии Стратегияи мазкур ва Нақшаи чорабиниҳои он ҳар сол то 1 март ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд.

Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 1 июли соли 2025, № 372



Постановление

 

Правительства Республики Таджикистан

О Стратегии привлечения инвестиций в Республику Таджикистан на период до 2040 года

В соответствии со статьями 4 и 12 Закона Республики Таджикистан «О стратегическом планировании  и государственном  прогнозировании»  Правительство  Республики  Таджикистан      п о с т а н о в л я е т:   

1. Утвердить Стратегию привлечения инвестиций в Республику Таджикистан на период до 2040 года и План мероприятий по реализации Стратегии привлечения инвестиций в Республику Таджикистан на период до 2040 года на 2026-2030 годы (приложения 1 и 2).

2. Определить Государственный комитет по инвестициям и управлению государственным имуществом Республики Таджикистан координатором реализации настоящей Стратегии и её Плана мероприятий.

3. Соответствующим министерствам и ведомствам, местным исполнительным органам государственной власти в рамках предусмотренных средств государственного бюджета и других источников, не запрещённых законодательством Республики Таджикистан, обеспечить реализацию настоящей Стратегии и её Плана мероприятий и по результатам их реализации ежегодно до 1 февраля представлять информацию в Государственный комитет по инвестициям и управлению государственным имуществом Республики Таджикистан.

4. Государственному комитету по инвестициям и управлению государственным имуществом Республики Таджикистан ежегодно до 1 марта предоставлять Правительству Республики Таджикистан информацию о результатах реализации настоящей Стратегии и её Плана мероприятий.

Председатель Правительства Республики Таджикистан       Эмомали Рахмон


*Приложение 2 приводится на таджикском языке.