Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 июни соли 2025, № 370 "Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 ноябри соли 2024, № 604"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 ноябри соли 2024, № 604


Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Ба банди 4 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 ноябри соли 2024, № 604 «Дар хусуси тадбирҳои иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025» тағйиру иловаи зерин ворид карда шаванд:

- дар сархати чорум аломати нуқта ба аломати нуқта вергул «;» иваз карда шавад;

- сархати панҷум бо мазмуни зерин илова карда шавад:

« - бо мақсади амалӣ намудани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 августи соли 2022, №419 «Дар бораи Тартиби ҳисоб ва пардохт аз маблағҳои андӯхти нафақавӣ ба шахсони суғурташуда», ба андозаи 2 дарсад маблағ аз ҳисоби даромади умумии маблағҳои андӯхти нафақавии сармоягузоришударо барои хароҷоти маъмуригардонии андӯхти нафақавӣ (молҳои канселярӣ, маводди масрафии таҷҳизот, ҷалб намудани барномасозон ва ҳавасмандгардонии кормандон) истифода намояд.».


Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 24 июни соли 2025, № 370



Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О внесении изменения и дополнения в постановление Правительства Республики Таджикистан от 29 ноября 2024 года, №604

В соответствии со статьей 56 Закона Республики Таджикистан «О нормативных правовых актах» Правительство Республики Таджикистан постановляет:

Внести в пункт 4 постановления Правительства Республики Таджикистан от 29 ноября 2024 года, №604 «О мерах по исполнению Закона Республики Таджикистан «О государственном бюджете Республики Таджикистан на 2025 год» следующие изменение и дополнение:

- в четвёртом абзаце знак точки заменить знаком точки с запятой «;»;

- дополнить абзацем пятым следующего содержания:

« - в целях реализации постановления Правительства Республики Таджикистан от 26 августа 2022 года,№419 «О Порядке расчета и выплаты из средств пенсионных накоплений застрахованным лицам», средства в размере 2 процента от общего дохода инвестированных средств накопительной пенсии использовать для расходов по администрированию пенсионных накоплений (канцелярские товары, расходные материалы для оборудования, привлечение программистов и стимулирование работников).».

Председатель Правительства Республики Таджикистан           Эмомали Рахмон


г.Душанбе, 24 июня 2025 года, № 370