Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 июни соли 2025, № 356 "Дар бораи пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 

ҚАРОР

Дар бораи пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»


Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 декабри соли 2024, №2497 «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро баррасӣ намуда, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Хулосаи замимагардидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.


Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 24 июни соли 2025, № 356
Замима
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 24 июни соли 2025, №356
Хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»


Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро, ки бо қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 декабри соли 2024, №2497 барои додани хулоса ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст, мавриди баррасӣ қарор дода, оид ба моддаи 1 таклифҳои зеринро манзур менамояд:

1) дар ном калимаи «ТАҒЙИРОТУ» ба калимаи «ТАҒЙИРУ» иваз карда шавад;

2) сарчашмаи интишори расмӣ дуруст ва пурра нишон дода шавад;

3) қисми 1 хориҷ карда шавад, зеро предмети ба сифати силоҳ истифодашаванда дар як қатор моддаҳои қисми махсуси Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати аломати ҷиноят пешбинӣ гардида, дар қисми умумии Кодекси мазкур онро ҳамчун ҳолати вазнинкунандаи ҷазо муайян ва ҳангоми таъини ҷазо нисбати ҷиноятҳои дар дигар моддаҳои қисми махсуси Кодекси мазкур пешбинишуда, эътироф намудан аз як тараф номуайянӣ, такроршавӣ ва тавсифи гуногунро ба миён оварда, аз тарафи дигар ба вазнинкунии ҷазо ва татбиқи нодуруст оварда мерасонад;

4) оид ба қисми 2:

- дар банди б) ба қисми 2 моддаи 232 Кодекси мазкур иловашаванда калимаи «дар» ба калимаҳои «бо истифодаи» иваз гардида, калимаҳои «шабакаҳои иттилоотию телекоммуникатсионӣ, аз ҷумла» хориҷ карда шаванд;

- дар сархати дуюм ҷобаҷогузории қисмҳои таркибии модда мутобиқи алифбои забони тоҷикӣ пешбинӣ карда шавад;

5) оид ба қисми 3, ба ном ва қисми 1 моддаи 2321 дар таҳрири нав ифодашаванда пеш аз калимаи «ғайриқонунӣ» калимаи «инчунин» илова гардида, калимаи «леопарди» ба калимаи «бабри» иваз карда шавад;

6) қисми 3 ба моддаи 2321 иловашаванда ва эзоҳи моддаи 236 дар таҳрири нав ифодашаванда дар шакли пешниҳодшуда қобили дастгирӣ намебошад, зеро мувофиқи муқаррароти пешниҳодшуда ҷавобгарии ҷиноятӣ барои шикор, қасдан нобуд кардан, инчунин ғайриқонунӣ ба даст овардан, нигоҳ доштан, интиқол додан ё фурӯхтани бабри барфӣ ва бабри наздиосиёгӣ ҳангоми расонидани зарари махсусан калон (бештар аз панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо) фаро мерасад. Аммо меъёри пардохт барои воҳиди объекти олами ҳайвоноти ба Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон воридгардида ва ё меъёри ҷуброни товони зарари ба фонди шикор дар натиҷаи ғайриқонунӣ шикор кардан, нигоҳ доштан, шикор кардани ҳайвоноти ваҳшӣ ва парандагони нодири ба Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон воридгардида (барои ҳар як сар бабри барфӣ ва бабри наздиосиёгӣ) расонидашуда дар таносуб ба миқдори махсусан калони дар эзоҳ нишондодашуда мувофиқан аз 6 то 12 маротиба зиёд мебошад, ки он дар навбати худ ҷавобгарии ҷиноятиро барои кирдорҳои дар қисмҳои 1 ва 2 моддаи 2321 Кодекси мазкур пешбинишуда пурра истисно менамояд.

Аз ин рӯ, лоиҳаи Қонуни мазкур бо ҷалби мутахассисони соҳа мавриди такмил ва таҳлил қарор дода шуда, ҳамзамон, хатоҳои имлоӣ, грамматикӣ ва техникии дар лоиҳа ҷойдошта ислоҳ гардида, матни забони русӣ ба матни забони тоҷикӣ мутобиқ карда шавад.



Правительство Республики Таджикистан

Постановление

О представлении заключения Правительства Республики Таджикистан к проекту Закона Республики Таджикистан «О внесении изменений и дополнений в Уголовный кодекс Республики Таджикистан»

Рассмотрев постановление Совета Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан от 23 декабря 2024 года, №2497 «О проекте Закона Республики Таджикистан «О внесении изменений и дополнений в Уголовный кодекс Республики Таджикистан», Правительство Республики Таджикистан п о с т а н о в л я е т:

Представить на рассмотрение Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан прилагаемое заключение Правительства Республики Таджикистан к проекту Закона Республики Таджикистан «О внесении изменений и дополнений в Уголовный кодекс Республики Таджикистан».

Председатель Правительства Республики Таджикистан                     Эмомали Рахмон


г.Душанбе, от 24 июня 2025 года, №356 

* Текст Заключения приводится на таджикском языке.