Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 июни соли 2025, № 357 "Дар бораи пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти савдои хориҷӣ»"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 

ҚАРОР

Дар бораи пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти савдои хориҷӣ»


Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 марти соли 2025, №2627 «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти савдои хориҷӣ»-ро баррасӣ намуда, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Хулосаи замимагардидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти савдои хориҷӣ» ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.


Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 24 июни соли 2025, № 357
Замима
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 24 июни соли 2025, № 357

Хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти савдои хориҷӣ»


Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти савдои хориҷӣ»-ро, ки бо қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6-уми марти соли 2025, №2627 барои додани хулоса ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст, мавриди баррасӣ қарор дода, нисбат ба моддаи 1 таклифҳои зеринро пешниҳод менамояд:

1)қисми 1 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«1. Дар муқаддима, қисми 1 моддаи 7 ва қисми 2 моддаи 50 калимаи «ӯҳдадориҳои» ба калимаи «уҳдадориҳои» иваз карда шавад.»;

2) қисми 2 дар иртибот ба муқаррароти қисми 2 моддаи 1 Қонуни мазкур таҷдид гардида, ба таври содда ифода карда шавад;

3)дар сархати якуми қисми 3 калимаҳои «тамоми матни қонун» ва «калимаи» мувофиқан ба калимаҳои «минбаъд дар тамоми матни Қонун» ва «калимаҳои» иваз карда шаванд;

4) дар қисми 5:

- сархати якуми ба моддаи 9 Қонуни мазкур иловашаванда дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«- иштирок дар амалисозии сиёсати ягона дар соҳаи фаъолияти савдои хориҷӣ;»;

- дар сархати дуюм калимаҳои «анҷом додани» ба калимаи «анҷоми» иваз карда шавад;

5)қисми 6 хориҷ карда шавад, зеро муқаррароти амалкунанда дуруст ифода гардида, зарурати тағйир додани он дида намешавад;

6)дар қисми 9 калимаҳои «тамоми қонун» ба калимаҳои «минбаъд дар тамоми матни Қонун» иваз карда шаванд;

7) дар қисми 10 калимаҳои «калимаҳои «хизматрасониҳои амалишуда»» ба калимаҳои «калимаи «хизматрасониҳо»» иваз карда шаванд;

8)дар сархати дуюм қисми 12 калимаҳои «тамоми матни қонун» ба калимаҳои «минбаъд дар тамоми матни Қонун» иваз карда шаванд;

9) қисми 16 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«16. Дар қисми 2 моддаи 33 калимаҳои «хизмат расонида метавонад» ба калимаҳои «метавонад хизматрасониро пешниҳод намояд» иваз карда шаванд;

10) дар қисми 18 калимаҳои «арбитражи» калимаи» ба калимаҳои «арбитражи» калимаҳои» иваз карда шаванд.



Правительство Республики Таджикистан

Постановление

О представлении заключения Правительства Республики Таджикистан к проекту Закона Республики Таджикистан «О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан «О внешнеторговой деятельности»

Рассмотрев постановление Совета Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан от 6 марта 2025 года, №2627 «О проекте Закона Республики Таджикистан «О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан «О внешноторговой деятельности», Правительство Республики Таджикистан постановляет:

Представить на рассмотрение Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан прилагаемое заключение Правительства Республики Таджикистан к проекту Закона Республики Таджикистан «О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан «О внешноторговой деятельности».

Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г.Душанбе от 24 июня 2025 года №357

Прилагается на тадж.яз