Оинномаи Муассисаи давлатии «Маркази ҳифзи маълумот» аз 23 июни соли 2025, № 1042

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда


Замимаи 1
ба фармони Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 23 июни соли 2025, № 1042

 

Оинномаи Муассисаи давлатии «Маркази ҳифзи маълумот»

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ 

1. Муассисаи давлатии «Маркази ҳифзи маълумот» (минбаъд - Марказ) фаъолият дар соҳаи таъмини амнияти киберии низомҳои иттилоотӣ ва маҳзанҳои коркарди маълумот ва назорати ҷамъоварӣ, коркард, истифода, паҳн намудан ва ҳифзи барномавии маълумот (ба истиснои маълумоти дорои сирри давлатӣ) дар низомҳои иттилоотӣ ва махзанҳои коркарди маълумотро амалӣ менамояд.

2. Марказ фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигар, санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст ва Оинномаи мазкур ба роҳ мемонад.

3. Марказ шахси ҳуқуқӣ буда, дорои муҳр бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сабти номи худ, бланк ва штампҳои намунаи муқарраргардида мебошад ва аз суратҳисоби ягонаи сарраёсати хазинадории Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ карда мешавад.

4. Марказ фаъолияти молиявию хоҷагидории худро мустақилона амалӣ намуда, оид ба фаъолияташ дар назди Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Агентӣ) ҳисоботдиҳанда мебошад.

5. Марказ ва Агентӣ нисбат ба уҳдадориҳои якдигар масъул намебошанд.

6. Номи расмии Марказ:

- бо забони давлатӣ: Муассисаи давлатии «Маркази ҳифзи маълумот». Номи расмии ихтисоршуда: МД «МҲМ»;

- бо забони русӣ: Государственное учреждение «Центр по защите данных». Номи расмии ихтисоршуда: ГУ «ЦЗД»;

- бо забони англисӣ: State institution “Data Protection”. Номи расмии ихтисоршуда: SI “DPC”.

7.Маҳалли ҷойгиршавии Марказ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, кӯчаи Беҳзод, 47а.

2.ВАЗИФАҲОИ АСОСИ МАРКАЗ

8.Вазифаҳои асосии Марказ аз инҳо иборат мебошанд:

- дар амалисозии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини амнияти киберӣ ва ҳифзи барномавии маълумоти низомҳои иттилоотӣ иштирок менамояд;

- назорати ҳифзи барномавии маълумоти низомҳои иттилоотӣ дар ҳолати мубодилаи маълумот ва ҳамгироӣ намудани низомҳои иттилоотӣ амалӣ менамояд;

- ҷиҳати ошкор намудани далелҳои ғайриқонунии ҷамъоварӣ, коркард ва дастрасии беиҷозат ба маълумотҳои дахлдор дар низомҳои иттилоотӣ мониторинг мегузаронад;

- оид ба такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба ҳифзи барномавии маълумоти низомҳои иттилоотӣ алоқаманд, ба мақоми ваколатдори давлатӣ пешниҳод манзур менамояд;

- дар таҳияи меъёр, қоидаҳо ва стандартҳо дар соҳаи ҳифзи барномавии маълумоти низомҳои иттилоотӣ иштирок менамояд;

- муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро оид ба масъалаҳои ҳифзи барномавии маълумоти низомҳои иттилоотӣ тибқи тартиби муқарраргардида баррасӣ менамояд;

- оид ба пешгирии ҳодисаҳои ҳамлаҳои киберӣ чорабиниҳоро ташкил ва амалӣ месозад;

- оид ба ҳолати амнияти киберӣ ва инфрасохтори иттилоотию коммуникатсионӣ маълумотҳоро ҷамъоварӣ ва таҳлил мекунад;

- субъектҳои манфиатдорро оид ба ошкор гардидани таҳдидҳои амнияти киберӣ огоҳ намуда, вобаста ба бартарафнамоии онҳо чораандешӣ менамояд;

- семинар-машваратҳоро вобаста ба масъалаҳои амнияти киберӣ ва ҳифзи барномавии маълумоти низомҳои иттилоотӣ баргузор мекунад;

- бо созмонҳои байналмилалӣ оид ба амнияти киберӣ ва мубодилаи иттилоот вобаста ба таҳдидҳои умумиҷаҳонӣ дар ин соҳа ҳамкарӣ менамояд;

- бо созмонҳои байналмилалӣ ҷиҳати мубодилаи таҷриба ва ҷорӣ намудани технологияҳои пешрафта дар соҳаи ҳифзи барномавии маълумот ҳамкорӣ менамояд;

- вазифаҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро амалӣ менамояд.

3.ҲУҚУҚ ВА УҲДАДОРИҲОИ МАРКАЗ

9.Марказ дорои ҳуқуқҳои зерин мебошад:

- ба роҳбарияти Агентӣ оид ба таъмини амнияти киберӣ ва ҳифзи барномавии маълумот таклифҳо пешниҳод менамояд;

- ҳуқуқҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро амалӣ менамояд.

10.Марказ дорои уҳдадориҳои зерин мебошад:

- оид ба натиҷаҳои фаъолияти Марказ дар давраи ҳисоботӣ ба Агентӣ ҳисобот медиҳад;

- ҳифзи барномавии маълумотро дар асоси сертификати додашуда кафолат медиҳад;

- бо мақсади таъмини бехатарии маълумот, ҷиҳати ҳифзи маълумот аз тасодуфан ё беиҷозат ихроҷ шудан, нусхабардорӣ, дуздӣ, гум кардан, тағйир додан (сохтакорӣ) ва ифшо ё нобуд кардан чораҳо андешад;

- аз рӯйи уҳдадориҳои худ дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгар мебошад;

- уҳдадориҳои дигари муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи мазкурро амалӣ менамояд.

4.МАҚОМОТИ ИДОРАКУНИИ МАРКАЗ

11.Директор аз ҷониби директори Агентӣ дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сармуҳосиби Марказ аз ҷониби директори Агентӣ ба мансаб таъин ва аз мансаб озод карда мешаванд. Директор ба фаъолияти ҷории Марказ роҳбарӣ мекунад.

12.Директори Марказ барои иҷрои вазифаҳои ба зиммаи Марказ гузошташуда ва татбиқи сиёсати давлатӣ дар фаъолияти соҳаи муқарраргардида масъулияти шахсӣ дорад.

13.Директор дорои ваколатҳои зерин мебошад:

- амру супоришҳои директори Агентиро иҷро мекунад;

- молу мулки Марказро бо тартиби муқарраргардида ихтиёрдорӣ мекунад;

- тибқи тартиби муқарраргардида Марказро дар тамоми ташкилотҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он намояндагӣ мекунад;

- ҳисоботи солона, тавозунҳои муҳосибавии Марказро дар муҳлати муқарраршуда ба директори Агентӣ пешниҳод мекунад;

- дар мувофиқа бо директори Агентӣ муовинони директори Марказро ба мансаб таъин ва аз мансаб озод мекунад, нисбат ба онҳо чораҳои ҳавасмандкунӣ ва интизомӣ меандешад;

- фаъолияти Марказро назорат карда, бо ҳуҷҷатҳои корӣ, ҳисоботҳо ва хуҷҷатҳои дигар шинос мешавад;

- тавозуни муҳосибавии Марказро тасдиқ намуда, ҳисоботи солонаи хароҷоти молиявии фаъолияти онро назорат мекунад;

- сардорони шуъбаҳо ва дигар кормандони Марказро ба мансаб таъин ва аз мансаб озод мекунад;

- дар доираи ваколатҳои худ фармоишҳо қабул мекунад, супориш медиҳад, ки иҷрои онҳо барои кормандони Марказ ҳатмӣ мебошад;

- низомнома ва дастурамалҳои зарурӣ вобаста ба фаъолияти воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ ва филиалҳои Марказро тасдиқ мекунад;

- дар доираи фонди музди меҳнат ва шумораи муқарраргардидаи кормандон ҷадвали басти вазифавии Марказ ва харҷномаи нигоҳдории онро дар давраи муайяни маблағгузорӣ, ки дар буҷети ҷумҳуриявӣ пешбинӣ гардидааст, тасдиқ мекунад;

- дар мувофиқа бо Агентӣ ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ташаккули буҷети ҷумҳуриявӣ ва маблағгузории Марказ пешниҳодот манзур менамояд;

- тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатҳои дигарро амалӣ мегардонад.

14.Нигоҳдории Марказ бо тартиби муқарраргардида аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ва сарчашмаҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, анҷом дода мешавад.

5.МОЛУ МУЛКИ МАРКАЗ

15.Молу мулки Марказ моликияти давлатӣ буда, аз фондҳои асосӣ ва воситаҳои гардон, инчунин дороиҳои дигар, ки арзиши онҳо дар тавозуни Марказ нишон дода шудааст, иборат мебошад. Молу мулки Марказ ба Марказ бо ҳуқуқи идораи оперативӣ тааллуқ дорад. Марказ ҳуқуқи ихтиёрдории молу мулки дар ихтиёраш гузошташуда мутобиқи мақсадҳои фаъолияти худ дар доираи муайяннамудаи қонунгузорӣ дорад.

16.Манбаъҳои ташаккули молу мулки Марказ:

- молу мулке, ки Муассис бо ҳуқуқи идораи оперативӣ вобаста намудааст;

- пардохтҳои пулӣ ва моддии Муассис;

- даромадҳое, ки аз хизматрасонии Марказ ба даст омадаанд;

- қарзҳои бонкӣ ва намудҳои дигари маблағгузорӣ;

- пардохтҳои бебозгашт ва хайрияи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ;

- сарчашмаҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст.

17.Марказ воситаҳои пулии худро дар суратҳисобҳои ташкилотҳои қарзӣ нигоҳ медорад ва нисбати онҳо ҳама гуна амалиётҳои бонкиро мувофиқи қонунгузорӣ иҷро менамояд.

6.МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

Азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии Марказ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.


Замимаи 2
ба фармони Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 23 июни соли 2025, № 1042

Сохтори дастгоҳи марказии Муассисаи давлатии «Маркази ҳифзи маълумот»

Роҳбарият

Раёсати таъмини амнияти киберӣ

Раёсати мониторинги низомҳои иттилоотӣ

Раёсати ташхиси таъминоти барномавӣ

Раёсати ҳифзи маълумот дар шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеъи марказ

Шуъбаи молия ва хоҷагидорӣ

Шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ, кадрҳо ва корҳои махсус


Замимаи 3
ба фармони Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 23 июни соли 2025, № 1042


Нақшаи идоракунии Муассисаи давлатии «Маркази ҳифзи маълумот»

Дастгоҳи марказӢ

Шуъбаи Маркази ҳифзи маълумот дар ВМКБ

Шуъбаи Маркази ҳифзи маълумот дар вилояти Хатлон

Шуъбаи Маркази ҳифзи маълумот дар вилояти Суғд


Приложение 1
 к распоряжению Президента
Республики Таджикистан
от «23» июня 2025 года, №1042

Устав Государственного учреждения «Центр защиты данных»

1.ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ

1.Государственное учреждение «Центр защиты данных» (далее - Центр) осуществляет деятельность в области обеспечения кибербезопасности информационных систем и баз данных обработки данных, а также контроля за сбором, обработкой, использованием, распространением и программной защиты информации (за исключением информации, содержащей государственную тайну) в информационных системах и базах данных обработки данных.

2.Центр осуществляет свою деятельность на основе Конституции Республики Таджикистан, других нормативных правовых актов и международно-правовых актов, признанных Таджикистаном и настоящим Уставом.

3.Центр является юридическим лицом, имеет печать с изображением Государственного герба Республики Таджикистан и своим наименованием, бланки и штампы установленного образца и финансируется за счет единого счета главного управления казначейства Министерства финансов Республики Таджикистан.

4.Центр осуществляет свою финансово-хозяйственную деятельность самостоятельно и подотчетен Агентству по инновациям и цифровым технологиям при Президенте Республики Таджикистан (далее - Агентство).

5.Центр и Агентство не несут ответственности по обязательствам друг друга.

6.Официальное название Центра:

на государственном языке: Муассисаи давлатии «Маркази хифзи маълумот». Сокращенное официальное наименование: МД «МХМ»;

- на русском языке: Государственное унитарное предприятие «Центр по защите данных». Сокращенное официальное наименование: ГУП «ЦЗД»;

- на английском языке: State unitary enterprise «Data Protection Сеntеr». Short name : SUE «DPC».

7.Адрес Центра: Республика Таджикистан, город Душанбе, улица Бехзода, 47а.

2.ОСНОВНЫЕ ЗАДАЧИ ЦЕНТРА

8.Основными задачами Центра являются:

- участвует в реализации государственной политики по обеспечению кибербезопасности и программной защиты данных систем;

- осуществляет контроль за программной защиты данных информационных систем при обмене данными и интеграции информационных систем;

- осуществляет мониторинг в информационных системах с целью выявления фактов незаконного сбора, обработки и несанкционированного доступа к соответствующим данным;

- вносит в уполномоченный государственный орган предложения по совершенствованию нормативных правовых актов по вопросам программной защиты данных информационных систем;

- участвует в разработке норм, правил и стандартов в области программной защиты данных информационных систем;

- рассматривает в установленном порядке обращения физических и юридических лиц по вопросам программной защиты данных информационных систем;

- организует и реализует мероприятия по предотвращению кибератак;

- осуществляет сбор и анализ данных о состоянии кибербезопасности и информационно-коммуникационной инфраструктуры;

- информирует заинтересованные стороны об обнаружении угроз кибербезопасности и принимает меры по их устранению;

- проводит семинары и консультации по вопросам кибербезопасности и программной защиты данных информационных систем;

- сотрудничает с международными организациями по вопросам кибербезопасности и обмена информацией о глобальных угрозах в данной сфере;

- сотрудничает с международными организациями с целью обмена опытом и внедрения передовых технологий в области программной защиты данных;

- осуществляет иные функции, предусмотренные законодательством Республики Таджикистан.

3.ПРАВА И ОБЯЗАННОСТИ ЦЕНТРА

9.Центр имеет следующие права:

- вносит руководству Агентства предложения по обеспечению кибербезопасности и программной защите данных;

- осуществляет иные права, предусмотренные законодательством Республики Таджикистан,

10.Центр имеет следующие обязанности:

- отчитывается перед Агентством о результатах деятельности Центра за отчетный период;

- гарантирует программную защиту данных на основании выданного сертификата;

- в целях обеспечения безопасности данных, принимает меры по защите информации от случайного или несанкционированного доступа, копирования, кражи, утраты, изменения (подделки), раскрытия либо уничтожения;

- по своим обязательствам несет ответственность в соответствии с законодательством Республики Таджикистан;

- осуществляет иные обязанности, установленные законодательством Республики Таджикистан и настоящим Уставом.

4.ОРГАНЫ УПРАВЛЕНИЯ ЦЕНТРА

11. Директор назначается на должность и освобождается от должности директором Агентства по согласованию с Правительством Республики Таджикистан, а главный бухгалтер Центра назначается на должность и освобождается от должности директором Агентства. Директор руководит текущей деятельностью Центра.

12. Директор Центра несет персональную ответственность за выполнение возложенных на Центр задач и реализацию государственной политики в установленной сфере деятельности.

13. Директор имеет следующие полномочия:

- выполняет приказы и распоряжения директора Агентства;

- распоряжается в установленном порядке имуществом Центра;

- представляет в установленном порядке Центр во всех организациях на территории Республики Таджикистан и за рубежом;

- представляет директору Агентства в установленные сроки годовой отчет и бухгалтерский баланс Центра;

- по согласованию с директором Агентства назначает на должность и освобождает от должности заместителей директора Центра, применяет к ним меры поощрения и дисциплинарного взыскания;

- осуществляет контроль за деятельностью Центра и рассматривает рабочие документы, отчеты и другие документы;

- утверждает баланс Центра и контролирует годовую финансовую отчетность его деятельности;

- назначает на должность и освобождает от должности руководителей структурных подразделений и других работников Центра;

- в пределах своих полномочий получает распоряжения и дает поручения, исполнение которых обязательно для работников Центра;

- утверждает необходимые положения и инструкции, регламентирующие деятельность структурных подразделений центрального аппарата и филиалов Центра;

- утверждает график дежурств Центра и его содержание на определенный период финансирования в пределах фонда оплаты труда и установленной численности работников;

- по согласованию с Агентством вносит в Министерство финансов Республики Таджикистан предложения по формированию республиканского бюджета и финансированию Центра;

- осуществляет иные полномочия в соответствии с законодательством Республики Таджикистан.

14. Содержание Центра осуществляется в установленном порядке за счет средств республиканского бюджета и иных источников, не запрещенных законодательством Республики Таджикистан.

5.ИМУЩЕСТВО ЦЕНТРА

15. Имущество Центра является государственной собственностью и состоит из основных фондов и оборотных средств, а также иного имущества, стоимость которого отражается в балансе Центра. Имущество Центра принадлежит Центру на праве оперативного управления. Центр имеет право распоряжаться переданным в его распоряжение имуществом в соответствии с целями своей деятельности в пределах, определяемых законодательством.

16. Источники распределения имущества Центра:

- переданное Учредителем ему на праве оперативного управления;

- денежные и материальные взносы Учредителя;

- доход, полученный от услуг Центра;

- банковские кредиты и другие виды инвестиций;

- безвозвратные взносы и пожертвования от физических и юридических лиц;

- любые другие источники, не запрещенные законодательством Республики Таджикистан.

17.Центр хранит свои денежные средства на счетах кредитных организаций и осуществляет все банковские операции в соответствии с законодательством.

6.ЗАКЛЮЧИТЕЛЬНЫЕ ПОЛОЖЕНИЯ

18. Реорганизация и ликвидация Центра осуществляются в порядке, установленном законодательством Республики Таджикистан.

Приложение 2 
к распоряжению Президента
Республики Таджикистан
от «23» июня 2025 года, №1042

Структура Центральный аппарат Государственного учреждения «Центр защиты информации»

Руководство

Управление кибербезопасности

Управление мониторинга информационных систем

Управление тестирования программного обеспечения

Управление по защите данных в города Душанбе и городах и районах республиканского подчинения

Финансово-экономический отдел

Отдел правового обеспечения, кадров и специальных вопросов

Приложение 3 
к распоряжению Президента
Республики Таджикистан
от «23» июня 2025 года, №1042


План управления Государственным учреждением «Центр защиты информации»

Центральный аппарат

Отдел Центра по защите данных в Горно-Бадахшанской автономной области

Отдел Центра по защите данных в Хатлонской области

Отдел Центра по защите данных в Согдийской области