ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2023, №135
Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Ба замимаи 1 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2023, №135 «Дар бораи Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» тағйироти зерин ворид карда шавад:
1)дар банди 84 рақами «233836,9» ба рақами «258688,4» иваз карда шавад;
2)дар банди 85 рақамҳои «131744,5», «64720,0», «53095,5» ва «13929,0» мувофиқан ба рақамҳои «141766,50», «65826,0», «62011,5» ва «13929,0» иваз карда шаванд;
3)дар замимаи 6:
-дар банди 1 рақамҳои «17698,5», «17892,0», «18900» ва «20340» мувофиқан ба рақамҳои «20650,0», «23856», «25200,0» ва «27120,0» иваз карда шаванд;
-дар сутунҳои ҳаштум, дувоздаҳум, шонздаҳум ва бистуми банди 2 рақамҳо ва аломати «2100,0», «2268,0», «х» ва «х» мувофиқан ба рақамҳои «2450,0», «3024», «3400,0» ва «3600,0» иваз карда шаванд.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 29 майи соли 2025, № 326
...