Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 апрели соли 2025, № 2161 "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни: 01.06.2025

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ АНДОЗИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН


бо қарори Маҷлиси намояндагони 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 
аз 26 феврали соли 2025, № 1583

тасдиқ шудааст

 

бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 
аз 11 апрели соли 2025, № 28
ҷонибдорӣ шудааст


Моддаи 1. Ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 декабри соли 2021 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2021, №12, қ. 1, мод. 681; с. 2022, №1, 2-3, мод. 18, №12, қ. 2, мод. 774; с. 2023, №1-3, мод. 8, №11, мод. 472; с. 2024, №5-6, мод. 267, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 феврали соли 2025, №2143) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Ба банди 6) қисми 2 моддаи 189 пас аз калимаи «истеҳсолшуда» калимаҳои «аз моҳе, ки дар он истеҳсоли молҳо оғоз ёфтааст» илова гардида, калимаи «фонди» ба калимаи «сармояи» иваз карда шавад.

2. Дар қисми 4 моддаи 251:

- ба сархати сездаҳум пас аз калимаи «чорво» калимаҳо ва рақамҳои «аз 1 июни соли 2025 ба андозаи 75 дарсад ва аз 1 январи соли 2026 ба андозаи 50 дарсади меъёри андоз аз арзиши иловашудаи дар банди 1) қисми 1 моддаи 264 ва қисми 4 моддаи 397 Кодекси мазкур пешбинишуда» илова карда шаванд;

- ба сархати чордаҳум пас аз калимаҳои «ниҳоӣ» ва «мекунад» мувофиқан калимаҳои «аз ҷониби супорандагони андоз аз арзиши иловашуда» ва «аз 1 июни соли 2025 ба андозаи 75 дарсад ва аз 1 январи соли 2026 ба андозаи 50 дарсади меъёри андоз аз арзиши иловашудаи дар банди 1) қисми 1 моддаи 264 ва қисми 4 моддаи 397 Кодекси мазкур пешбинишуда» илова карда шаванд.

Моддаи 2. Қонуни мазкур аз 1 июни соли 2025 мавриди амал қарор дода шавад.


Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон


ш. Душанбе, аз 15 апрели соли 2025, № 2161


Закон Республики Таджикистан

О ВНЕСЕНИИ ДОПОЛНЕНИЙ В НАЛОГОВЫЙ КОДЕКС РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
Принят постановлением МН МОРТ
от 26 февраля 2025 года, №1583
Одобрен постановлением ММ МОРТ
от 11 апреля 2025 года, №28

Статья 1. Внести в Налоговый кодекс Республики Таджикистан от 23 декабря 2021 года (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2021 г., №12, ч. 1, ст. 681; 2022 г., №1, 2-3, ст. 18, №12, ч. 2, ст. 774; 2023 г., №1-3, ст. 8, №11, ст. 472; 2024 г., №5-6, ст. 267, Закон Республики Таджикистан от 11 февраля 2025 года, №2143) следующие дополнения:

1. Пункт 6) части 2 статьи 189 после слова «товаров» дополнить словами «с месяца, в котором началось производство товаров».

2. В части 4 статье 251:

- абзац тринадцатый после слов «животных» дополнить словами и цифрами «с 1 июня 2025 года в размере 75 процентов и с 1 января 2026 года в размере 50 процентов ставки налога на добавленную стоимость, установленной пунктом 1) части 1 статьи 264 и части 4 статьи 397 настоящего Кодекса»;

- абзац четырнадцатый после слов «продукции» и «Таджикистан» соответственно дополнить словами «со стороны плательщиков налога на добавленную стоимость» и «с 1 июня 2025 года в размере 75 процентов и с 1 января 2026 года в размере 50 процентов ставки налога на добавленную стоимость, установленной пунктом 1) части 1 статьи 264 и части 4 статьи 397 настоящего Кодекса».

Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие с 1 июня 2025 года.

Президент
Республики Таджикистан   Эмомали Рахмон
г.Душанбе 15 апреля 2025 года №2161