ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи оператори системавӣ дар низоми энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мутобиқи моддаи 13 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Аз 31 марти соли 2027 дар низоми энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон оператори системавӣ ба ҳайси мақоми мустақил таъсис дода шавад.
2. Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ҳалли масъалаҳои ташкилию ҳуқуқии оператори системавӣ дар низоми энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон то 31 декабри соли 2026 ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таклиф пешниҳод намояд.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 1 октябри соли 2024, № 530
...