Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 октябри соли 2024, № 532 "Дар бораи беэътимод эътироф кардани қарзи андозӣ ва аз ҳисоб баровардани қарзи андозии беэътимод эътирофшуда"

Санаи амалкуни: 01.10.2024

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи беэътимод эътироф кардани қарзи андозӣ ва аз ҳисоб баровардани қарзи андозии беэътимод эътирофшуда

Мутобиқи қисми 2 моддаи 131 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Бақияпулиҳои андозии ҷамъиятҳои саҳомӣ ва корхонаҳои давлатӣ аз рӯйи андозҳо, ҷаримаҳо ва фоизҳо, ки то 1 апрели соли 2024 ба маблағи 33 194 175 (сиву се миллиону як саду наваду чор ҳазору яксаду ҳафтоду панҷ) сомонӣ, аз ҷумла андозҳо 17 742 144 сомонӣ ва фоизу ҷаримаҳо 15 452 031 сомонӣ ташаккул ёфта, пардохт нагардидаанд, тибқи замима беэътимод эътироф гардида, аз ҳисоб бароварда шаванд.

2. Мақомоти андози маҳалли бақайдгирии андозсупорандагон, ки бақияпулиҳои андозии онҳо мутобиқи банди 1 қарори мазкур аз ҳисоб бароварда мешаванд, ба ҳисобварақаи андозсупорандагон дар хусуси аз ҳисоб баровардани қарзҳои беэътимод тағйироти дахлдор ворид намоянд.


Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                      Эмомалӣ Раҳмон
  ш. Душанбе, аз 1 октябри соли 2024, № 532 
Замима
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 1 октябри соли 2024, № 532

Рӯйхати бақияпулиҳои андозии ҷамъиятҳои саҳомӣ ва корхонаҳои давлатӣ аз рӯйи андозҳо, ҷаримаҳо ва фоизҳо, ки беэътимод эътироф гардида, аз ҳисоб бароварда мешаванд

...


Правительство Республики Таджикистан

Постановление

О признании налоговой задолженности безнадежной и списании налоговой задолженности, признанной безнадежной

В соответствии с частью 2 статьи 131 Налогового кодекса Республики Таджикистан Правительство Республики Таджикистан п о с т а н о в л я е т:

1. Налоговые недоимки акционерных обществ и государственных организаций по налогам, штрафам и процентам, образовавшиеся до 1 апреля 2024 года и неуплаченные в сумме 33 194 175 (тридцать три миллиона сто девяносто четыре тысяч сто семьдесят пять) сомони, в том числе налоги 17 742 144 сомони, штрафы и проценты 15 452 031 сомони, признать безнадёжными и списать согласно приложению.

2. Налоговому органу по месту регистрации налогоплательщиков, налоговые недоимки которых списываются в соответствии с пунктом 1 настоящего постановления, внести соответствующие изменения о списании безнадёжных задолженностей в лицевые счета налогоплательщиков.


Председатель Правительства Республики Таджикистан    Эмомали Рахмон
г.Душанбе от 1 октября 2024 года №532
Приложение 
к постановлению Правительства 
Республики Таджикистан 
от «1» октября 2024 года, №532

...