бо қарори
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
тасдиқ шудааст
(рақами амалиётии 54592)
СОЗИШНОМАИ ГРАНТӢ
(Лоиҳаи таҷдиди шабакаи интиқоли барқи Суғд) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оиди гранти сармоягузорӣ аз Фонди махсуси саҳмдорони БАТР ва Фонди инфрасохтори устувор
Сана 28 феврали соли 2024
СОЗИШНОМАИ ГРАНТӢ
СОЗИШНОМАИ мазкур аз санаи ____________________ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд “Ҳукумат”) ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд («Бонк» ё “БАТР”) баста мешавад.
МУКАДДИМА
Бо дарназардошти он, ки:
(A) Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд институти байналмиллалии молиявӣ буда, тибқи қонунгузории байналмиллалӣ ва Созишнома дар бораи таъсис додани Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (Созишнома дар бораи таъсис додани Бонк) аз 29 майи соли 1990 таъсис дода шудааст.
(B) Бо дарназардошти он, ки Ҳукумат барои кумак дар маблағгузории қисми Лоиҳа (чуноне ки муайян гардидааст) , ки барои мусоидат ба барқарорсозии шабакаи интиқоли барқ дар вилояти Суғди Тоҷикистон, аз ҷумла насби трансформатори нав («Лоиҳаи азнавсозӣ ё «Лоиҳа») пешбинӣ шудааст, амалӣ созад. Илова бар ин, Ҳукумат ният дорад, ки яке аз трансформаторҳои мавҷудаи шабакаи барқро дар вилояти Суғди Тоҷикистон бо назардошти муқаррарот ва шартҳои дар ҳуҷҷатҳои қарзӣ ва грантии алоҳида изҳоргардида, ки байни Бонк ва Бонк дар санаи имзо гардидани Созишномаи мазкур ё санаи ба ин сана наздик баста мешавад, навсозӣ намояд («Лоиҳаи васеъсозӣ») (OpID 54275).
...