Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Корея оид ба маблағҳои қарзии Фонди рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ аз 23 ноябри соли 2023

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

бо қарори
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон 
аз 12 июни соли 2024, № 1349
тасдиқ шудааст

СОЗИШНОМА БАЙНИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ КОРЕЯ ОИД БА МАБЛАҒҲОИ ҚАРЗИИ ФОНДИРУШДИ ҲАМКОРИҲОИ ИҚТИСОДӢ

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Корея (минбаъд “Тарафҳо”),

бо хоҳиши дастгирии рушди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мусоидат ба ҳамкории иқтисодии байни ду кишвар,

ба мувофиқаи зерин омаданд:

Моддаи 1

Ҳукумати Ҷумхурии Корея мутобиқи қонунгузорӣ ва қоидаҳои худ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ё мақоми таъйиншудаи он маблағҳои қарзиро (минбаъд - "Қарзгиранда") аз Фонди рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ (минбаъд “ФРҲИ”) барои амалисозии лоиҳаҳое, ки байни Тарафҳо мувофиқа карда мешаванд (минбаъд “Лоиҳаҳо”), пешниҳод менамояд.

Моддаи 2

Тарафҳо барои амалисозии Созишномаи мазкур созишномаҳои алоҳида (минбаъд “Созишномаҳо”) ба тасвиб мерасонанд, ки дар онҳо ҳаҷм, шартҳо ва муқаррароти пешниҳоди маблағҳои қарзӣ аз ФРҲИ (минбаъд “Қарзҳо”) муайян карда мешаванд.

Моддаи 3
  1. Маблағҳои қарзӣ тибқи созишномаҳои қарзӣ (минбаъд “Созишномаҳои қарзӣ”), ки байни Қарзгиранда ва Бонки содироту воридоти Корея (минбаьд “Бонк”) ҳамчун муассисаи давлатӣ аз номн ФРҲИ ба тасвиб мерасанд, дастрас карда мешаванд.
  2. Дар мавриде, ки қарзгиранда Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон намебошад, дар ин сурат тибқи тартиботи мавҷуда санади кафолатии қарзии барасмиятдаровардашудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Бонк пешниҳод карда мешавад.
Моддаи 4

Маблағҳои қарзӣ бояд барои анҷом додани пардохтҳо аз ҷониби агентиҳои иҷрокунандаи Лоиҳа ба таъминкунандагон, пудратчиён ва/ё мушовирони кишварҳои манбаи мувофиқ тибқи қарордодҳои байни онҳо басташуда ҷиҳати хариди молу хизматрасониҳои зарурӣ барои татбиқи Лоиҳаҳо истифода карда шаванд.

Моддаи 5

Ҳангоми суғуртаи боркашонӣ ва баҳрии молҳое, ки тавассути қарзҳо харидорӣ карда мешаванд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷорӣ намудани ҳама гуна маҳдудиятҳое, ки ба рақобати солим ва озоди ташкилотҳои суғуртавии ҳарду кишвар халал мерасонад, бояд худдорӣ намоянд.

Моддаи 6

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бонкро аз ҳама гуна пардохтҳо ё андозҳои ҳисобмешуда, ва (ё) вобаста ба Қарзҳо ва фоизҳое, ки аз онхо ситонида мешаванд, озод хоҳад кард.

Моддаи 7

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои танҳо бо мақсадҳои дар Созишномаи мазкур ва созишномаҳои алоҳида пешбинишуда таъмини нигоҳдорӣ ва истифодаи иншоотҳои бо Қарзҳо сохташуда чораҳои зарурӣ меандешад.

Моддаи 8
  1. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мусоидат ба фаъолияти шаҳрвандони Корея, ки барои татбиқи Лоиҳаҳо ҷалб гардидаанд, чораҳои зарурӣ меандешад ва ба онҳо ҷиҳати ба даст овардани чунин хизматрасониҳо ва шартҳое, ки барои иҷрои вазифаҳояшон заруранд, мусоидат менамояд.
  2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат медиҳад, ки намояндагони доимӣ (минбаъд “Намояндагон”), кормандони ФРҲИ (минбаъд “Кормандон”) аз Ҷумҳурии Корея ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода шаванд ва оилаҳои онҳо аз маҳдудиятҳои нисбати хориҷиён вобаста ба ворид шудан, рафтан ё иқомат кардан озод бошанд.
  3. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамаи Намояндагон, Кормандон ва оилаҳои онҳо барои гирифтани ҳама иҷозатҳо, кортҳои идентификатсионӣ ва иҷозатномаҳоро, ки барои иҷрои лоиҳаҳо тибқи Созишномаи мазкур заруранд, мусоидат менамояд.
  4. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини амнияти ҳамаи Намояндагон, Кормандон ва оилаҳои онҳо, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иқомат доранд, чораҳои зарурӣ меандешад ва ба онҳо дастрасӣ ба хизматрасониҳои тиббӣ ва иншооти дорои на камтар аз сифати ба дигар кишварҳо пешниҳодшавандаро таъмин менамояд.
Моддаи 9
  1. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Бонк иҷозат медиҳад, ки дар ҳудуди худ дафтари ФРҲИ (минбаьд “Дафтар”) таъсис диҳад ва нигоҳдорӣ намояд ва ба Намояндагон ва Кормандон имкон медиҳад, ки вазифаҳои дар робита ба Лоиҳаҳои тибқи ин Созишнома ба зиммаи онҳо гузошташударо, иҷро кунанд.
  2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Дафтарн ФРҲИ имтиёзҳо ва масуниятҳое, ки барои иҷрои уҳдадориҳо тибқи Созишномаи мазкур заруранд, медиҳад.
  3. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дафтари ФРҲИ-ро аз боҷҳои гумрукӣ, андозҳои дохилӣ ва пардохтҳои дигар фискалӣ, ки нисбати ҳама таҷҳизоти корӣ, ашё, иҷора ва интиқоли маблағ ба хориҷа барои фаъолияти корӣ заруранд, озод мекунад.
Моддаи 10
  1. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳама Намояндагон, Кормандон ва оилаҳои онҳо имтиёзҳо ва масуниятҳое, ки барои иҷрои уҳдадориҳо тибқи Созишномаи мазкур заруранд, медиҳад.
  2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи Намояндагон, Кормандон ва оилаҳои онҳоро аз пардохти боҷи гумрукӣ, андоз аз даромад ва пардохтҳои дигар фискалии нисбати ҳама гуна пардохтҳо ё имтиёзҳое, ки аз хориҷа интиқол дода мешаванд, озод кунад.
  3. Имтиёзҳо ва масуниятҳое, ки дар банди 1 ва банди 2 ҳамин модда дода шудаанд, нисбати шаҳрвандон ё резидентони доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ намегарданд.
  4. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳама Намояндагон, Кормандон, оилаҳои онҳо ва Дафтар на камтар аз имтиёзҳо ва масуниятҳои ба намояндагон, кормандон, оилаҳои онҳо ва дафтарҳои ягон кишвари сеюм ё ягон созмони байналмилалӣ пешбинишударо, ки чунин вазифаро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро мекунанд, медиҳад.
Моддаи 11
  1. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷҳизот, мошинҳо ва маводи барои амалисозии Лоиҳаҳо воридшавандаро аз боҷҳои гумрукӣ, андозҳо ва хароҷоти дигари ба ин монанд, инчунин аз талаботи гирифтани иҷозатномаҳои воридотӣ ва ҳама гуна дигар ҳуҷҷатҳои дорои хусусияти шабеҳ озод мекунад.
  2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷҳизот, мошинҳо ва маводи дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои татбиқи Лоиҳаҳо харидашударо аз андозҳо, аз ҷумла андоз аз арзиши иловашуда ва пардохтҳои дигари ҳатмӣ озод мекунад.
Моддаи 12

Тарафҳо бо дархости ҳар як Тараф дар бораи ҳама масъалаҳои марбут ба татбиқи Созишномаи мазкур бо ҳам машварат мекунанд ва мувофиқи қонуну қоидаҳои дахлдори худ барои дуруст ва самаранок истифода бурдани қарзҳо тамоми чораҳои заруриро меандешанд.

Моддаи 13

Ҳама гуна ихтилофот 8 баҳсҳо оид ба тафсир ё татбиқи Созишномаи мазкур бо роҳи машварат байни тарафҳо ҳал карда мешаванд.

Моддаи 14
  1. Тарафҳо якдигарро ба таври хаттӣ тавассути роҳҳои дипломатӣ дар бораи анҷом додани расмиёти дохилии зарурӣ барои эътибор пайдо кардани Созишномаи мазкур огоҳ мекунанд. Созишномаи мазкур аз санаи гирифтани огоҳиномаи охирин эътибор пайдо мекунад.
  2. Ин Созишнома дар тӯли даҳ (10) сол эътибор дорад ва баъд аз он эътибори бемуҳлат хоҳад дошт, ба шарте ки агар ягон Тарафи дигар ба воситаи роҳҳои дипломатӣ шаш (6) моҳ пеш аз нияти қатъи он ба Тарафи дигар хаттӣ хабар надиҳад.
  3. Ба Созишномаи мазкур, бо розигии мутақобилаи Тарафҳо тағйиру иловаҳо ворид карда мешаванд. Тағйиру иловаҳо дар шакли протоколҳо барасмият дароварда шуда, қисми ҷудонашавандаи Созишномаи мазкур ҳисобида мешавад ва мутобиқи талаботи банди 1 моддаи мазкур эътибор пайдо менамоянд.
  4. Тағйир додан ё қатъ кардани Созишномаи мазкур ба эътибори созишномаҳо ва созишномаҳои қарзӣ, ки тибки ин Созишномаи мазкур баста шудаанд, дар давоми амали дахлдори онҳо таъсир намерасонад.

БА ШАҲОДАТИ ОН, имзокунандагони зер, ки ба таври лозимӣ аз ҷониби ҳукуматҳои дахлдор ваколатдор шудаанд, Созишномаи мазкурро имзо кардаанд.

Дар шаҳри Душанбе 29 ноябри соли 2023 дар ду нусха бо забонҳои тоҷикӣ, кореягӣ ва англисӣ ба имзо рсонида шуда, зимнан ҳарду матн эътибори якхела дорад. Дар сурати ба миён омадани ихтилофи назар дар мавриди тафсири муқаррароти Созишномаи мазкур, матни англисӣ бартарӣ дорад.

АЗ НОМИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ КОРЕЯ                                             АЗ НОМИ ҲУКУМАТИҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

______________________________                                              ______________________________