ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи ба категорияи деҳа мансуб донистани маҳалли аҳолинишини Дашти Хорзори деҳоти ба номи Садриддин Айнии ноҳияи Варзоб ва иваз намудани номи он, инчунин иваз намудани номи баъзе маҳалҳои аҳолинишини ноҳияи Варзоб
Пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ намуда, мутобиқи моддаҳои 9, 17 ва 19 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти маъмурию ҳудудии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Маҳалли аҳолинишини Дашти Хорзори деҳоти ба номи Садриддин Айнии ноҳияи Варзоб ба категорияи деҳа мансуб дониста шуда, номи он ба Некобод иваз карда шавад.
2. Номи маҳалҳои аҳолинишини зерини ноҳияи Варзоб иваз карда шаванд:
- деҳаи Тошбулоқи деҳоти ба номи Садриддин Айнӣ ба деҳаи Наврӯзчашма;
- деҳаи Пурзабади деҳоти ба номи Садриддин Айнӣ ба деҳаи Пурзавот;
- деҳаи Бегари деҳоти Варзобқалъа ба деҳаи Беғар;
- деҳаи Косатароши поёни деҳоти Лучоб ба деҳаи Косатароши Пойин.
Раиси
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ
ш. Душанбе, аз 19 июни соли 2024, № 524
Постановление Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан
Об отнесении к категории села населённого пункта Дашти Хорзор дехота имени Садриддин Айни района Варзоб и его переименовании, а также переименовании некоторых населённых пунктов района Варзоб
Рассмотрев представление Правительства Республики Таджикистан, в соответствии со статьями 9, 17 и 19 Конституционного закона Республики Таджикистан «О порядке решения вопросов административно-территориального устройства Республики Таджикистан» Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:
- Отнести к категории села населённого пункта Дашти Хорзор дехота имени Садриддина Айни района Варзоб и переименовать его на Некобод.
- Переименовать следующие населенные пункты района Варзоб:
- село Тошбулок дехота имени Садриддин Айни на село Наврузчашма;
- село Пурзабад дехота имени Садриддин Айни на село Пурзавот;
- село Бегар дехота Варзобкалъа на село Бегар:
- село Косатароши поён дехота Лучоб на село Косатароши Пойин.
Председатель Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан Рустами Эмомали
г.Душанбе 19 июня 2024 года, №524