ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар хусуси лоиҳаи Ёддошти тафоҳуми иловагӣ байни Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маъмурияти авиатсияи граждании Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба хизматрасонии алоқаи ҳавоӣ
Мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Лоиҳаи Ёддошти тафоҳуми иловагӣ байни Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маъмурияти авиатсияи граждании Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба хизматрасонии алоқаи ҳавоӣ маъқул дониста шавад.
2. Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёддошти тафоҳуми иловагиро ба имзо расонад ва ҳангоми зарурат ба матни он тағйиру иловаҳои хусусияти муҳимнадоштаро ворид намояд.
3. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида бо ҷониби Покистон сана ва маҳалли ба имзо расондани Ёддошти тафоҳуми иловагии мазкурро мувофиқа намояд.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 1 июли соли 2024, № 398
Ёддошти тафоҳуми иловагӣ байни Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маъмурияти авиатсияи граждании Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба хизматрасонии алоқаи ҳавоӣ
Ҳайатҳои намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон, Маъмурияти авиатсияи граждании Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон (минбаъд - «Тарафҳои Аҳдкунанда»).
бо хоҳиши ворид намудани тағйирот ба Ёддошти тафоҳум, ки моҳи октябри соли 2009 байни Тарафҳо ба имзо расонида шудааст ва Созишнома оид ба алоқаи ҳавоӣ (минбаъд - «Созишнома»), ки моҳи марти соли 2010 байни ду Тараф ба имзорасонида шуда ва баъд аз он муваққатан то эътибор пайдо кардани он ба таври расмӣ татбиқ карда мешаванд,
ҷиҳати мусоидат намудан ба густариш додани ҳамкориҳо байни ширкатҳои ҳавопаймоии таъйингардида, муқаррароти зеринро оид ба истифода намудан аз ҳуқуқҳои 5-уми ҳаракати фазои озод, хизматрасонии КОД-ШЕРИНГ ва Созишномаҳои ҳамкорӣ оид ба хатсайрҳои байналмилалии ҳавоӣ дар ҳудудҳои ҳудуди дахлдори худ ва берун аз он ба мувофиқаи зерин расиданд;
Истифодаи дараҷаи 5-уми фазои озод
Ширкатҳои ҳавопаймоии таъингардидаи ҳар яке аз Тарафҳои Аҳдкунанда ҳуқуқ доранд, ки истифодаи дараҷаи 5-уми ҳаракати фазои озодро ба таври зерин истифода баранд:
...