Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июли соли 2024, № 394 "Дар хусуси лоиҳаи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба пешгирии дуздӣ, ҳафриёти пинҳонӣ, воридот ва содироти ғайриқонунии сарватҳои фарҳангӣ"

Санаи амалкуни: 01.07.2024

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар хусуси лоиҳаи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба пешгирии дуздӣ, ҳафриёти пинҳонӣ, воридот ва содироти ғайриқонунии сарватҳои фарҳангӣ

Мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон    Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 1 июли соли 2024, № 394

Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба пешгирии дуздӣ, ҳафриёти пинҳонӣ, воридот ва содироти ғайриқонунии сарватҳои фарҳангӣ

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин (минбаъд - Тарафҳо),

ба мақсади иҷрои талаботи Конвенсияи ЮНЕСКО аз 14 ноябри соли 1970 дар бораи тадбирҳои манъ ва пешгирии интиқоли ғайриқонунӣ, содирот ва додани ҳуқуқи моликияти сарватҳои фарҳангӣ, ки ҳарду кишвар аъзои он мебошанд,

бо итминон бар он, ки рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи ҳифзи сарватҳои фарҳангӣ ҳамчун воситаи муҳимми таҳкими муносибатҳои дуҷониба ва муассир барои иҷрои рисолати ҳифзи мероси фарҳангии башарият хизмат мекунад,

бо дарназардошти он, ки дуздӣ, ҳафриёти пинҳонӣ ва воридоту содироти ғайриқонунии сарватҳои фарҳангӣ ба мероси фарҳангии башарият хатари ҷиддӣ дорад,

бо умеди он, ки ҳамкории ду кишвар метавонад дар пешгирии дуздӣ, ҳафриёти пинҳонӣ ва воридоту содироти ғайриқонунии сарватҳои фарҳангӣ саҳми назаррас мегузорад,

ба мувофиқаи зерин расиданд:

Моддаи 1

1.1 Тарафҳо ба мувофиқа омаданд, ки барои мубориза бо дуздӣ, ҳафриёти пинҳонӣ ва воридоту содироти ғайриқонунии сарватҳои фарҳангӣ мутобиқи Конвенсияи ЮНЕСКО ҳуқуқи моликият ба сарватҳои фарҳангӣ (1970) чораҳои зарурӣ меандешанд.

...

Правительство Республики Таджикистан

Постановление 

О проекте Соглашения между Правительством Республики Таджикистан и Правительством Китайской Народной Республики о предотвращении хищения, тайных раскопок и незаконного ввоза и вывоза культурных ценностей

В соответствии со статьей 7 Закона Республики Таджикистан «О международных договорах Республики Таджикистан» Правительство Республики Таджикистан п о с т а н о в л я е т:

1. Одобрить проект Соглашения между Правительством Республики Таджикистан и Правительством Китайской Народной Республики о предотвращении хищения, тайных раскопок и незаконного ввоза и вывоза культурных ценностей.

2. Министру культуры Республики Таджикистан подписать настоящее Соглашение от имени Правительства Республики Таджикистан и при необходимости внести в его текст изменения и дополнения, не имеющие принципиального характера.

3. Министерству иностранных дел Республики Таджикистан в установленном порядке согласовать с китайской стороной дату и место подписания настоящего Соглашения.

Председатель Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г.Душанбе от 1 июля 2024 года №394
...