ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040
Мутобиқи моддаҳои 4 ва 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатӣ» ва моддаи 57 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 ва Нақшаи амали солҳои 2025-2027 Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1 ва 2).
2. Вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҷиҳати амалӣ намудани Барномаи мазкур ва Нақшаи амали он тадбирҳои зарурӣ андешида, оид ба натиҷаҳои амалисозии онҳо ҳар сол то 15 феврал ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намоянд.
3. Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рафти иҷрои Барномаи мазкур ва Нақшаи амали он ҳар сол то 1 март ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд.
4. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 ноябри соли 2023, № 544 «Дар бораи Барномаи миллии «Кишвари сабз»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» аз эътибор соқит дониста шавад.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 29 июни соли 2024, № 374
...