ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи масъалаҳои Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Марказҳои тасдиқкунанда, хизматрасониҳои давлатӣ ва таҳияи барномаҳои рақамӣ»
Мутобиқи моддаи 53 Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаҳои 10, 63 ва 64 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Марказҳои тасдиқкунанда, хизматрасониҳои давлатӣ ва таҳияи барномаҳои рақамӣ» таъсис дода шавад.
2. Шурои нозирони Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Марказҳои тасдиқкунанда, хизматрасониҳои давлатӣ ва таҳияи барномаҳои рақамӣ» таъсис дода шуда, Низомнома ва ҳайати он тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1 ва 2).
3. Сармояи оинномавии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Марказҳои тасдиқкунанда, хизматрасониҳои давлатӣ ва таҳияи барномаҳои рақамӣ» дар ҳаҷми 20000000 (бист миллион) сомонӣ муқаррар карда шавад.
4. Ба Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи идоракунии 100 дарсад саҳмияҳои ба давлат тааллуқдоштаи Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Марказҳои тасдиқкунанда, хизматрасониҳои давлатӣ ва таҳияи барномаҳои рақамӣ» дода шавад.
5. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сармояи оинномавии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Марказҳои тасдиқкунанда, хизматрасониҳои давлатӣ ва таҳияи барномаҳои рақамӣ»-ро аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ пур намояд.
6. Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои ташкилию ҳуқуқии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Марказҳои тасдиқкунанда, хизматрасониҳои давлатӣ ва таҳияи барномаҳои рақамӣ»-ро ҳал намояд.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 25 июни соли 2024, № 369
...