ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи Тартиби пешниҳод намудани реҷаи махсуси танзимӣ дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.12.2024
№ 665)
Мутобиқи банди 4 замимаи 4 фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 марти соли 2024, № 798 «Дар бораи масъалаҳои Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Тартиби пешниҳод намудани реҷаи махсуси танзимӣ дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Амалисозии Тартиби мазкур бо дар назар доштани талаботи интихоби лоиҳаи озмоишӣ аз лиҳози мансубият ба соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шавад.
3. Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- нақшаи фосилавии амалишавии Тартиби мазкурро ҷиҳати интихоби лоиҳаи озмоишӣ аз рӯйи тақсимоти соҳавӣ таҳия ва тасдиқ намояд;
- хориҷ карда шуд (№ 665);
- ҳангоми қабули ҳуҷҷатҳо барои амалисозии лоиҳаи озмоишӣ тамоми механизмҳои ҳамкорӣ бо намояндагони бахши давлатӣ ва хусусиро мавриди таваҷҷуҳ қарор диҳад.
4. Вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, корхона, муассиса ва ташкилотҳои дигари дахлдор, новобаста аз шакли моликият ва тобеияти идоравии онҳо:
- барои амалисозии сархати якуми банди 3 қарори мазкур на дертар аз 10-уми санаи ҷамъбасти ҳар нимсола феҳристи лоиҳаҳои озмоиширо бо мақсади нисбат ба онҳо баррасӣ намудани имконияти истифодаи реҷаи махсуси танзимӣ ба Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ пешниҳод намоянд;
- корҳои фаҳмондадиҳиро барои тақвияти раванди истифодабарии Тартиби мазкур ба роҳ монанд.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 25 июни соли 2024, № 367

- барои интихоби лоиҳаи озмоишӣ шурои мушовиронро аз ҳисоби намояндагони мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ бо дар назар доштани мансубияти соҳавӣ таъсис диҳад ва тартиби фаъолияти онро тасдиқ намояд;