Барномаи барқарорсозӣ ва реинтегратсияи шахсони дорои гузаштаи экстремистӣ ё террористӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028 аз 1 июни соли 2024, № 339

Санаи амалкуни: 01.06.2024

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замимаи 1
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 1 июни соли 2024, № 339

Барномаи барқарорсозӣ ва реинтегратсияи шахсони дорои гузаштаи экстремистӣ ё террористӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Барномаи барқарорсозӣ ва реинтегратсияи шахсони дорои гузаштаи экстремистӣ ва террористӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028 (минбаъд - Барнома) ҷиҳати амалӣ намудани Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми июни соли 2021, № 187 тасдиқ шудааст ва бо мақсади муттаҳид намудани тадбирҳои мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои байналмилалӣ барои ҳамоҳангсозӣ ва фаъолгардонии кӯшишҳо, мушаххас намудани низоми барқарорсозӣ ва реинтегратсияи шахсони дорои гузаштаи экстремистӣ ё террористӣ, бақайдгирӣ ва баҳисобгирии ягонаи чунин шахсон, таъмини ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳуқуқии шаҳрвандон дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон, қонунҳо, санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба барқарорсозӣ ва реинтегратсияи шахсони дорои гузаштаи экстремистӣ ва террористӣ равонагардида таҳия шудааст.

2. Барномаи мазкур ба идомаи раванди барқарорсозӣ ва реинтегратсияи шахсони дорои гузаштаи экстремистӣ ва террористӣ, таъмини самаранокӣ ва ҳадафрас будани тадбирҳои мувофиқашудаи мақомоти давлатии масъул, аз ҷумла мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот бо иштироки фаъолонаи ҳамаи субъектҳои муайяншуда, мукаммал намудани низоми барқарорсозӣ ва реинтегратсияи шахсони дорои гузаштаи экстремистӣ ва террористӣ, пешгирии такроран содир шудани ҷиноятҳо ва ҳуқуқвайронкуниҳои хусусияти экстремистӣ ва террористидошта, ҳифзи воқеии ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандон, таъмини амният ва тартибот дар ҷомеа нигаронида шудааст.

3. Барномаи мазкур баробарҳуқуқии шахсони дорои гузаштаи экстремистӣ ва террористиро таъмин намуда, барои роҳандозии фаъолияти самарабахшу ҳамоҳангшудаи вазорату идораҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои байналмилалӣ замина мегузорад.

4. Амали Барномаи мазкур нисбати шахсони зерин татбиқ карда мешавад:

- шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони бешаҳрванд, ки дар воҳидҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ, задухӯрдҳои мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди дигар давлатҳо иштирок намудаанд ва ихтиёран аз иштироки минбаъда дар ин задухӯрдҳо даст кашида, ба Ватан баргаштаанд;

- аъзои оилаи шахсони дорои гузаштаи экстремистӣ ва террористӣ, ки аз минтақаҳои ҷангзада ба Ватан баргардонида шудаанд;

- шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони бешаҳрванд, ки бо татбиқи эзоҳи моддаҳои дахлдори Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои содир намудани ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористидошта аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод шудаанд;

- шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони бешаҳрванд, ки бо татбиқи санади авф барои иштирок дар фаъолияти ташкилоти экстремистӣ аз ҷавобгарии ҷиноятӣ бе адои ҷазо озод шуда, парвандаҳои ҷиноятӣ ва маводи санҷиш нисбати онҳо қатъ ва ё рад карда шудааст;

- шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони бешаҳрванд, ки барои содир кардани ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористидошта маҳкум шуда, бинобар ба охир расидани муҳлати адои ҷазо ва ё татбиқи санади авф аз муассисаҳои ислоҳӣ озод шудаанд;

...
Приложение 1 к
постановлению Правительства
Республики Таджикистан 
от «1» июня 2024 года, №339

Программа реабилитации и реинтеграции лиц с экстремистским или террористическим прошлым в Республике Таджикистан на 2024-2028 годы

1. ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ

1. Программа реабилитации и реинтеграции лиц с экстремистским и террористическим прошлым в Республике Таджикистан на 2024-2028 годы (далее - Программа) разработана для реализации Национальной стратегии развития Республики Таджикистан на период до 2030 года, Стратегии противодействия экстремизму и терроризму в Республике Таджикистан на 2021-2025 годы, утвержденной постановлением Правительства Республики Таджикистан от 1 июня 2021 года, №187 и с целью объединения мер государственных органов, органов самоуправления поселков и сёл, гражданского общества и международных организаций, для координации и активизации усилий, идентификации системы реабилитации и реинтеграции лиц с экстремистским и террористическим прошлым, регистрации и единого учета этих лиц, обеспечения социальной и правовой защиты граждан на основе Конституции Республики Таджикистан, международных правовых актов, признанных Таджикистаном, законов, нормативных правовых актов, направленных на реабилитацию и реинтеграцию лиц с экстремистским или террористическим прошлым.

2. Настоящая Программа направлена на продолжение процесса реабилитации и реинтеграции лиц с экстремистским или террористическим прошлым, обеспечение эффективности и целенаправленности согласованных мер ответственных государственных органов, в том числе местных органов государственной власти, органов местного самоуправления поселков и сёл при активном участии всех определенных субъектов, совершенствование системы реабилитации и реинтеграции лиц с экстремистским или террористическим прошлым, предотвращение повторного совершения преступлений и правонарушений экстремистского и террористического характера, фактическую защиту прав и интересов граждан, обеспечение безопасности и общественного порядка.

3. Настоящая Программа обеспечивая равноправие лиц с экстремистским и террористическим прошлым, заложит основу для налаживания эффективной и скоординированной деятельности министерств и ведомств, местных органов государственной власти, институтов гражданского общества и международных организаций.

4. Действие настоящей Программы распространяется в отношении следующих лиц:

- граждан Республики Таджикистан и лиц без гражданства, которые принимали участие в незаконных вооруженных формированиях, вооруженном конфликте или военных действиях на территории других государств и добровольно отказавшись от дальнейшего участия в этих конфликтах, вернулись на Родину;

- членов семьи лиц с экстремистским или террористическим прошлым, возвращенных из зон боевых действий на Родину;

- граждан Республики Таджикистан и лиц без гражданства, освобожденных от уголовной ответственности за совершение преступлений экстремистского и террористического характера с применением примечаний соответствующих статей Уголовного кодекса Республики Таджикистан;

- граждан Республики Таджикистан и лиц без гражданства, освобожденных от уголовной ответственности без отбытия наказания, с применением акта об амнистии за участие в деятельности экстремистской организации, уголовные дела и следственные материалы в отношении них прекращены или отклонены;

- граждан Республики Таджикистан и лиц без гражданства, осужденные за совершение преступлений экстремистского и террористического характера и освобожденные из исправительных учреждений в связи с истечением срока наказания или с применением акта об амнистии;

...