ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИР БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ТАЪРИХИ ҚАРЗ (КРЕДИТ)»
бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии
Тоҷикистон
аз 24 апрели соли 2024, № 1291 қабул карда шуд
бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 19 июни соли 2024, № 516 ҷонибдорӣ карда шуд
Моддаи 1. Дар сархати якуми қисми 1 моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таърихи қарз (кредит)» аз 26 марти соли 2009 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2009, №3, мод. 85; с. 2018, №1, мод. 31) калимаҳои «иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» ба калимаҳои «низоми иҷозатдиҳӣ» иваз карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
...