ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2010, №1, мод. 17)
(Қонуни ҶТ аз 29.01.2021 № 1767)
(Қонуни ҶТ аз 29.01.2021 № 1767)
Қонуни мазкур муносибатҳоро вобаста ба гузарондани экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ ба танзим дароварда, объектҳои муҳими ҷамъиятиро, ки зарурат ба экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ доранд, муайян мекунад, ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои асосии фармоишгарон ва иҷрокунандагони экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникиро муқаррар менамояд.
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ - намуди фаъолияти илмӣтаҳқиқотӣ оид ба гузарондани таҳқиқот, таҳлил ва арзёбии илмии объектҳои экспертиза, тайёр намудан ва ба расмият даровардани хулосаи экспертӣ нисбати ин объектҳо, ки барои қабул намудани қарорҳои муҳими ҷамъиятӣ заруранд;
- эксперт - шахси воқеӣ, ки дар ташкилоти махсус ё мустақилона фаъолият намуда, оид ба иҷрои вазифаҳои гузоштаи экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ тахассуси баланд ва таҷрибаи касбӣ дорад;
- хулосаи экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ - ҳуҷҷати омоданамудаи иҷрокунандаи экспертиза, ки оид ба объекти экспертиза хулосаҳои асосиро дар бар мегирад.
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад
Моддаи 3. Вазифаҳои экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ
...