ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ВАКОЛАТДОР ОИД БА ҲУҚУҚИ ИНСОН ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН"
Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
22 майи соли 2024, № 1326
қабул карда шуд
Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
22 майи соли 2024, № 1326
қабул карда шуд
Бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
19 июни соли 2024, № 495
ҷонибдорӣ карда шуд
Бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
19 июни соли 2024, № 495
ҷонибдорӣ карда шуд
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз 20 марти соли 2008 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2008, № 3, мод. 191; с. 2011, №6, мод. 453; с. 2012, №4, мод. 261; с. 2014, №7, қ. 1, мод. 398; с. 2016, №3, мод. 134; с. 2017, №5, қ. 1, мод. 281) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар моддаҳои 6, 7, 9, 10, 17, 18, 24, 27, 28, 29, 30, 324, 325, 327 ва 33 калимаҳои "шурӯъ", "ӯҳдадориҳои", "ӯҳдадор", "ӯҳдадоранд", "ӯҳдадориҳо", "Мӯҳлати", "мӯҳлати", "мӯҳлат", "маҷмӯъ", "Маърӯзаи", "маърӯза", "Маърӯзаҳои", "маърӯзаҳои" ва "мӯҳру" мувофиқан ба калимаҳои "шуруъ", "уҳдадориҳои", "уҳдадор", "уҳдадоранд", "уҳдадориҳо", "Муҳлати", "муҳлати", "муҳлат", "маҷмуъ", "Маърузаи", "маъруза", "Маърузаҳои", "маърузаҳои" ва "муҳру" иваз карда шаванд.
...