ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВА БА КОДЕКСИ МЕҲНАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Бо қарори Маҷлиси намояндагони 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 
22 майи соли 2024, № 1330
қабул карда шуд
 
Бо қарори Маҷлиси миллии 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 
19 июни соли 2024, № 492
ҷонибдорӣ карда шуд
 
 
Моддаи 1. Ба қисми 2 моддаи 94 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 июли соли 2016 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2016, №7, мод. 604; с. 2022, №7, мод. 439) сархати дувоздаҳум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"- ба кормандоне, ки кӯдаки маъюби то синни ҳаждаҳро танҳо тарбия мекунанд - 35 рӯзи тақвимӣ;".
 
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
 
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                       Эмомалӣ Раҳмон
 
ш. Душанбе, 
аз 20 июни соли 2024, № 2054
 
 
                         
                        
Закон Республики Таджикистан
О ВНЕСЕНИИ ДОПОЛНЕНИЯ В ТРУДОВОЙ КОДЕКС РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
Принят постановлением МН МОРТ 
от 22 мая 2024 года №1330
 
Одобрен постановлением ММ МОРТ 
от 19 июня 2024 года №492
 
Статья 1. Часть 2 статьи 94 Трудового кодекса Республики Таджикистан, от 23 июля 2016 года (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2016 г., № 7, ст. 604, 2022 г., №7, ст. 439) дополнить абзацем двенадцатым следующего содержания:
"- работникам, воспитывающим в одиночку ребенка - инвалида в возрасте до восемнадцати лет - 35 календарных дней;".
Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.
Президент 
Республики Таджикистан            Эмомали Рахмон
 
г.Душанбе 
20 июня 2024 года №2054