Замимаи 1
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 16 майи соли 2024, № 295
Замимаи 1
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 16 майи соли 2024, № 295
Барномаи савдои электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2029
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Барномаи савдои электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2029 (минбаъд - Барнома) бо мақсади мусоидат ба рушди савдои электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардидааст.
2. Барнома дар доираи афзалиятҳои муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Консепсияи иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Харитаи роҳ оид ба содагардонии расмиёти савдо, инчунин Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, ки дар он ба тақвияти инфрасохтории миллии телекоммуникатсионӣ эътибори хоса дода мешавад, таҳия гардидааст.
3. Барнома дар давоми 5 соли оянда амалӣ карда мешавад ва дар он нақши муҳими савдои электронӣ, фароҳам овардани имкониятҳо ҷиҳати коҳиш ёфтани хароҷот вобаста ба ташкили савдо, содагардонии расмиёти савдо, дар муҳлати кутоҳ анҷом додани амалиёт дар шакли ғайринақдӣ, инчунин иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар ҷаласаи 22-юми Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ қайд гардид, ба назар гирифта мешавад.
4. Барнома арзёбии фазои фаъолияти савдои электронии Тоҷикистонро бо истифода аз равиши экосистемавӣ таъмин карда, самтҳои афзалиятноки такмили минбаъдаи савдои электрониро дар кишвар муайян менамояд. Дар доираи равиши экосистемавӣ савдои электронӣ аз рӯйи 15 меъёри гуногун баҳо дода мешавад. Ҳар қисм ва зерқисмҳои он дар алоҳидагӣ аз рӯйи нишондиҳандаҳои заминавӣ, натиҷаи фаъолият ва сатҳи рушди онҳо, инчунин алоқамандии байни онҳо баҳо дода шуда, камбудӣ ва мушкилоти дарназарбуда муайян карда мешавад. Ҳамзамон Барнома маълумотро оид ба рушди минбаъдаи минтақавию байналмилалӣ ва ҳамоҳангӣ бо тамоюлҳои дар оянда пайдошавандаро фаро мегирад.
5. Барнома аз ҳисоби маблағҳое, ки аз буҷети давлатӣ барои хариди мол, хизматрасонӣ ва корҳо ҷудо гардидаанд, кумаки техникӣ ва дастгирии шарикони рушд, ҷалби сармоягузории мустақими хориҷӣ (минбаъд - СМХ) ва маблағҳои бахши хусусӣ, инчунин сарчашмаҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, амалӣ карда мешавад.
2. ТАҲЛИЛИ ВАЗЪИ ҶОРИИ РУШДИ САВДОИ ЭЛЕКТРОНӢ
§ 1. Таҳлили фазои савдои электронӣ дар Тоҷикистон
6. Ҳукумати ҷумҳурӣ рушди иқтисоди рақамиро дар кишвар ҳамчун соҳаи афзалиятнок муайян намуда, ҷиҳати рушди соҳа қабули як қатор барномаву ҳуҷҷатҳои стратегӣ пешбинӣ гардидааст. Дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 (минбаъд - СМР) ба таҳкими инфрасохтори миллии телекоммуникатсионӣ ва Консепсияи иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон эътибори хоса дода шудааст.
...