бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 1 июни соли 2024, № 314
тасдиқ шудааст
Созишнома байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (Ҷумҳурии Тоҷикистон) ва Ҳукумати вилояти Свердловск (Федератсияи Россия) оид ба амалисозии муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ ва хориҷӣ дар соҳаҳои тиҷорат, иқтисод, илм, техника, иҷтимоиёт ва гуманитарӣ
Ҳукумати вилояти Свердловск (Федератсияи Россия) ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (Ҷумҳурии Тоҷикистон), ки минбаъд "Тарафҳо" номида мешаванд,
муқаррароти Шартнома дар бораи дӯстӣ, ҳамкорӣ ва ёрии байниҳамдигарии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия аз 25 майи соли 1993, Созишномаи ҳамкории иттифоқӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия, ки ба асри XXI нигаронида шудааст, аз 16 апрели соли 1999 ва Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия дар бораи мусоидат ба ҳамкории воҳидҳои ҳудудии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия аз 24 апрели соли 2012-ро ба роҳбарӣ гирифта,
муқаррароти Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати вилояти Свердловски Федератсияи Россияро дар бораи ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва илмию фарҳангӣ аз 12 феврали соли 2004 ба асос гирифта,
барои саҳм гузоштан ба рушди муносибатҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дар соҳаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, илмию техникӣ, иҷтимоӣ ва гуманитарӣ кӯшиш намуда,
бо дарназардошти нияти ҳавасмандгардонии ҳамкориҳои субъектҳои хоҷагидории дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (Ҷумҳурии Тоҷикистон) ва ҳудуди вилояти Свердловск (Федератсияи Россия) ба қайд гирифташуда (минбаъд - субъектҳои хоҷагидор), Моддаи 3
бо дарназардошти манфиатҳои тарафайн ба густариши ҳамкориҳо байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (Ҷумҳурии Тоҷикистон) ва Ҳукумати вилояти Свердловск (Федератсияи Россия),
ба мувофиқаи зерин расиданд:
Моддаи 1
Мақсади Созишномаи мазкур густариши ҳамкории Тарафҳо дар соҳаҳои тиҷорат, иқтисод, илм, техника, иҷтимоӣ ва гуманитарӣ (минбаъдсоҳаҳои ҳамкорӣ) мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунгузории Федератсияи Россия, инчунин шартномаҳои байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия иштирокчии онҳо мебошанд, ба ҳисоб меравад.
Тарафҳо ба он кӯшиш менамоянд, ки бо мақсади амалинамоии софдилона ва самараноки Созишномаи зикргардида, фаъолияти худро дар доираи Созишномаи мазкур ба таври дахлдор ҳамоҳанг созанд.
Моддаи 2
Тарафҳо дар доираи салоҳияти худ, бо дарназардошти вазъият ва дурнамои рушди муносибатҳои байналмилалӣ ва иқтисоди хориҷӣ дар соҳаҳои ҳамкорӣ, дар самтҳои зерин ҳамкорӣ мекунанд:
- саноат ва савдо;
- кишоварзӣ;
- маориф, сиёсати ҷавонон;
- илм ва техника;
- тандурустӣ;
- фарҳанг ва санъат;
- варзиш ва туризм.
Моддаи 3
Тарафҳо мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунгузории Федератсияи Россия метавонанд барномаҳо ва (ё) нақшаи чорабиниҳоро, ки ба амалинамоии Созишномаи мазкур равона шудаанд, таҳия ва қабул намоянд, инчунин комиссияҳои муштарак ва (ё) гуруҳҳои кориро барои ҳамоҳангсозии фаъолияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (Ҷумҳурии Тоҷикистон) ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Свердловск (Федератсияи Россия) бо мақсади мусоидат намудан ба онҳо ва амалӣ намудани назорати иҷрои барномаҳо ва (ё) нақшаҳое, ки ба амалисозии Созишномаи мазкур равона гардидаанд, таъсис диҳанд.
Тибқи Созишномаи мазкур лоиҳаҳо, барномаҳо, нақшаҳои мушаххас ва мувофиқаҳои дигар мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунгузории Федератсияи Россия бевосита аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (Ҷумҳурии Тоҷикистон) ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Свердловск (Федератсияи Россия) ва субъектҳои хоҷагидор амалӣ карда мешаванд.
Тарафҳо барои уҳдадориҳое, ки аз шартномаҳо ва қарордодҳои байни субъектҳои хоҷагидор дар доираи амалисозии Созишномаи мазкур басташуда бармеоянд, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия муқаррар кардааст, масъулиятро ба зимма намегиранд.
Моддаи 4
Тарафҳо дар доираи ваколатҳои худ барои ташкил ва фаъолияти корхонаҳои муштарак, таҳия ва татбиқи лоиҳаҳо ва барномаҳои муштараки мавриди таваҷҷуҳи тарафайн шароити зарурии ташкилӣ, молиявию икдисодӣ ва ҳуқуқӣ фароҳам меоранд.
Моддаи 5
Тарафҳо ба иштироки субъектҳои хоҷагидор дар ярмаркаҳо, намоишгоҳҳо ва чорабиниҳои дигар аз ҷониби Тарафҳо баргузоршаванда мусоидат намуда, дар самтҳои гуногуни соҳаҳои ҳамкорӣ мубодилаи иттилоот менамоянд.
Моддаи 6
Тарафҳо ба мубодилаи ҳайат ва мутахассисон дар соҳаҳои гуногуни ҳамкорӣ мусоидат намуда, дурнамои амалӣ намудаии робитаҳои байналмилалӣ ва иқтисодии хориҷиро байни субъектҳои хоҷагидор дар соҳаҳои гуногуни ҳамкорӣ баррасӣ менамоянд.
Моддаи 7
Иттилооте, ки Тарафҳо дар асоси Созишномаи мазкур гирифтаанд, метавонад танҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунгузории Федератсияи Россия ва дар сурати мавҷуд будани иҷозати хаттии Тарафе, ки аз он иттилоот гирифта шудааст, батарафи сеюм дода шавад.
Дар баробари ин, дар доираи Созишномаи мазкур Тарафҳо мубодилаи иттилоотро, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва конунгузории Федератсияи Россия сирри давлатй, тиҷоратй ё сирри дигари бо қонун ҳифзшавандаро ташкил медиҳад, амалӣ намекунанд.
Моддаи 8
Тарафҳо якдигарро дар бораи ҳама тағйирот дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунгузории Федератсияи Россия, ки метавонад ба иҷрои муқаррароти Созишномаи мазкур таъсир расонад, огоҳ менамоянд.
Моддаи 9
Созишномаи мазкур ба ҳуқуқ ва уҳдадориҳои Тарафҳо аз рӯйи шартномаҳои бо Тарафҳои сеюм басташуда дахолат намекунад.
Моддаи 10
Масъалаҳои баҳснок байни Тарафҳо вобаста ба тафсир ё татбиқи муқаррароти Созишномаи мазкур бо роҳи гуфтушунид ва машварат байни Тарафҳо ҳал карда мешаванд.
Моддаи 11
Бо розигии Тарафҳо ба Созишномаи мазкур метавонанд тағйиру иловаҳо ворид карда шаванд, ки бо созишномаҳои иловагӣ ба расмият дароварда мешаванд.
Моддаи 12
Созишномаи мазкур аз санаи гирифтани огоҳиномаи охирин дар бораи аз ҷониби Тарафҳо иҷро гардидани расмиёти дохилидавлатӣ, ки барои эътибор пайдо намудани он зарур аст, эътибор пайдо менамояд ва дар давоми 5 (панҷ) сол амал мекупад.
Амали Созишноман мазкур худ аз худ як маротиба ба давраи панҷсолаи минбаъда тамдид мегардад, агар ҳеҷ яке аз Тарафҳо на дертар аз 3 (се) моҳ то гузашти муҳлати ибтидоии амали он Тарафи дигарро ба таври хаттӣ оид ба нияти худ ҷиҳати қатъ намудани амали он огоҳ накунад.
Қатъи амали Созишномаи мазкур ба уҳдадориҳо оид ба иҷрои қарордоду шартномаҳо, барномаҳо ва протоколҳое, ки мутобиқи Созишномаи мазкур баста шудаанд (ба имзо расонида шудаанд), дахолат намекунад.
Созишномаи мазкур дар шаҳри Душанбе 28 ноябри соли 2023 дар ду нусха, ҳар яке бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ба имзо расонида шуд, зимнан ҳарду матн эътибори якхела дорад.
Аз ҷониби
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
(Ҷумҳурии Тоҷикистон)
___________________
Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон |
Аз ҷониби
Ҳукумати вилояти Свердловск
(Федератсияи Россия)
___________________
Губернатори вилояти Свердловск
|