Тартиби ҷойивазкунии (ротатсияи) кормандони мақомоти адлия аз 29 июли соли 2022, №362

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 29 июли соли 2022, № 362

тасдиқ шудааст

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 29 июли соли 2022, № 362

тасдиқ шудааст

Тартиби ҷойивазкунии (ротатсияи) кормандони мақомоти адлия

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Тартиби ҷойивазкунии (ротатсияи) кормандони мақомоти адлия (минбаъд - Тартиб) қоидаҳои гузаронидани ҷойивазкунии (ротатсияи) кормандони Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро (минбаъд - Вазорат) муқаррар менамояд.

2. Таҳти мафҳуми "кормандони мақомоти адлия" дар Тартиб хизматчиёни давлатӣ ва кормандони ташкилотҳои низоми Вазорат, ки дар банди 4 Тартиб пешбинӣ карда шудаанд, фаҳмида мешаванд.

3. Ҷойивазкунии (ротатсияи) кормандони Вазорат (минбаъдҷойивазкунӣ) бо риояи талаботи тахассусӣ ба дигар мансаби баробар ё баланд дар ҳамин мақомот таъин кардани корманд мебошад.

4. Кормандони мақомоти адлияро хизматчиёни давлатӣ, инчунин шахсони дигаре, ки муносибатҳои меҳнатии онҳо тибқи Кодекси меҳнат ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим мешаванд, ташкил медиҳанд.

5. Амали Тартиб нисбат ба кормандони категорияҳои сеюм, чорум ва панҷуми дастгоҳи марказии Вазорат, раёсатҳои адлияи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вилоятҳо, категорияҳои сеюм, чорум, панҷум ва шашуми шуъба-хонаҳои ақди никоҳи шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд, бахшҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар шаҳру ноҳияҳо, саридораи нотариалии давлатӣ, идораҳои нотариалии давлатии шаҳрҳо ва ноҳияҳо, инчунин кормандони ҳайати роҳбарикунандаи ташкилотҳои низоми Вазорат ва воҳидҳои сохтории онҳо, аз ҷумла роҳбарони зерсохторҳои таълимии ташкилотҳои низоми Вазорат татбиқ мегардад.

6. Ҷойивазкунии хизматчиёни давлатии категорияҳои олӣ, якум ва дуюми Вазорат мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.

7. Ҷойивазкунии хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи низоми Вазорат тибқи қонунгузории соҳавӣ амалӣ карда мешавад.

8. Ҷойивазкунии хизматчиёни давлатие, ки таъини онҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон хусусияти дуҷониба дорад, бо риояи Тартиби мазкур амалӣ карда мешавад.

...

Утверждён

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от "29" июля 2022 года, №362

Утверждён

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от "29" июля 2022 года, №362

Порядок перемещения (ротации) сотрудников органов юстиции

1. ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ

1. Порядок перемещения (ротации) сотрудников органов юстиции (далее-Порядок) устанавливает порядок перемещения (ротации) сотрудников Министерства юстиции Республики Таджикистан (далее-Министерство).

2. Под понятием "сотрудники органов юстиции" в Порядке понимаются государственные служащие и сотрудники организации системы Министерства, предусмотренные в пункте 4 Порядка.

3. Перемещение (ротация) сотрудников Министерства (далее- перемещение)назначение работника с соблюдением квалификационных требований на иную равнозначную или вышестоящую должность данного органа.

4. Сотрудников органа юстиции составляют государственные служащие, а также иные лица, трудовые отношения с которыми регулируются Трудовым кодексом и иными законодательными актами Республики Таджикистан.

5.Действие Порядка применяется к сотрудникам третьей, четвертой и пятой категории центрального аппарата Министерства, управлений юстиции Горно-Бадахшанской автономной области и областей, третьей, четвертой, пятой и шестой категории отделов-домов бракосочетания городов Душанбе и Худжанд, секторов актов гражданского состояния в городах и районах, главной государственной нотариальной конторы, государственных контор городов и районов, а также к сотрудникам начальствующего состава организаций системы Министерства и их структурных подразделений, в том числе руководителей образовательных подведомственных структур организаций системы Министерства.

6. Перемещение государственных служащих высшей, первой и второй категорий Министерства проводится согласно порядку, утвержденному Президентом Республики Таджикистан.

7. Перемещение военнослужащих и работников правоохранительных подразделений системы Министерства осуществляется в соответствии с отраслевым законодательством.

8. Перемещение государственных служащих, назначение которых согласно законодательству Республики Таджикистан имеет двухстороннюю особенность, осуществляется с соблюдением настоящего Порядка.

...