Қоидаҳои ҷудо намудани гранти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии ҳунармандон ва рушди ҳунармандӣ дар солҳои 2024-2026 аз 18 феврали соли 2024, № 73

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замима

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 18 феврали соли 2024, № 73

Замима

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 18 феврали соли 2024, № 73

ҚОИДАҲОИ ҶУДО НАМУДАНИ ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ДАСТГИРИИ ҲУНАРМАНДОН ВА РУШДИ ҲУНАРМАНДӢ ДАР СОЛҲОИ 2024-2026

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Қоидаҳои ҷудо намудани гранти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии ҳунармандон ва рушди ҳунармандӣ дар солҳои 2024-2026 (минбаъд - Қоидаҳои мазкур) бо мақсади дастгирӣ ва баланд бардоштани фаъолнокии ҳунармандон таҳия гардида, тартиби таъсиси комиссияи грантӣ ва ваколатҳои он, тартиби қабул ва баррасии дархост, ҷудо намудани грантҳо, муҳлат ва назорати амалигардонии лоиҳаҳои грантиро муқаррар менамояд.

2. Грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии ҳунармандон ва рушди ҳунармандӣ дар солҳои 2024-2026 (минбаъд - Грант) бо мақсади дар амал татбиқ намудани сиёсати давлатӣ барои эҳё, ҳифз ва рушди соҳаи ҳунармандӣ ва ҳавасмандгардонии ҳунармандон равона карда мешавад.

3. Грантҳо ба ҳунармандоне ҷудо карда мешаванд, ки лоиҳаҳои пешниҳоднамудаи онҳо ба талаботи Қоидаҳои мазкур ҷавобгӯ буда, барои рушди фаъолияти ҳунармандӣ, ба даст овардани натиҷаҳои назаррас дар самтҳои ҳунармандӣ, омӯзиши касбҳои ҳунармандӣ, навоварӣ ва ташаббускорӣ дар эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, омӯзишу тарбияи шогирдон ва таъсиси мактаби ҳунармандӣ нигаронида шудаанд.

2. ТАРТИБИ ТАЪСИС ВА ВАКОЛАТҲОИ КОМИССИЯИ ГРАНТӢ

4. Бо мақсади амалисозии фаъолият оид ба дастгирии грантӣ дар назди Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Вазорат) бо қарори ҳайати мушовараи Вазорат комиссияи грантӣ оид ба дастгирии ҳунармандон ва рушди ҳунармандӣ (минбаъд - Комиссия) таъсис дода мешавад.

5. Комиссия аз ҳисоби намояндагони вазоратҳои адлия, молия, фарҳанг, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, кумитаҳои кор бо занон ва оила, рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати 9 нафар таъсис дода мешавад. Дар ҳолатҳои зарурӣ Комиссия дар фаъолияти худ метавонад коршиносони мустақилро ҷалб намояд.

6. Роҳбарии умумӣ ва назорати рафти амалисозии лоиҳаҳои грантӣ ба зиммаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор карда шуда, вазир Комиссияро роҳбарӣ мекунад.

7. Комиссия ба муддати як сол таъсис дода мешавад.

...

Приложение

к постановлению Правительства

Республики Таджикистан

от "18" февраля 2024 года, №73

Приложение

к постановлению Правительства

Республики Таджикистан

от "18" февраля 2024 года, №73

Правила выделения грантов Президента Республики Таджикистан для поддержки ремесленников и развития ремесленничества на 2024-2026 годы

1. ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ

1. Правила выделения грантов Президента Республики Таджикистан на поддержку ремесленников и развития ремесленничества на 2024-2026 годы (далее - настоящие Правила) разработаны в целях поддержки и повышения активности ремесленников, определяют порядок создания грантовой комиссии и ее полномочия, порядок приема и рассмотрения заявок, выделения грантов, сроки и контроль за реализацией грантовых проектов.

2. Гранты Президента Республики Таджикистан направлены для поддержки ремесленников и развития ремесленничества на 2024-2026 годы (далее - Гранты) в целях осуществления на практике государственной политики в возрождении, защите и развитии ремесленного производства и поощрения ремесленников.

3. Гранты выделяются ремесленникам, предлагаемые проекты которых соответствуют требованиям настоящих Правил и направлены на развитие ремесленнической деятельности, достижение значительных результатов в области ремесленничества, обучение профессиям ремесла, новаторство и инициативу в возрождении народных промыслов, обучении и воспитании учеников и создании ремесленнической школы.

2. ПОРЯДОК СОЗДАНИЯ И ПОЛНОМОЧИЯ ГРАНТОВОЙ КОМИССИИ

4. В целях осуществления деятельности по грантовой поддержке при Министерстве труда, миграции и занятости населения Республики Таджикистан (далее - Министерство) по решению коллегии Министерства создаётся Грантовая комиссия по поддержке ремесленников и развитию ремесленничества (далее - Комиссия).

5. Комиссия создается за счет представителей министерств юстиции, финансов, культур, труда, миграции и занятности населения Республики Таджикистан, комитетов по делам женщин и семьи, по развитию туризма при Правительстве Республики Таджикистан и Агентства государственного финансового контроля и борьбы с коррупцией Республики Таджикистан в составе 9 человек. В случае необходимости, Комиссия может привлечь к своей деятельности независимых экспертов.

6. Общее руководство и контроль за реализацией грантовых проектов возлагается на Министерство труда, миграции и занятости населения Республики Таджикистан, а министр возглавляет Комиссию.

7. Комиссия создается сроком на один год.

...