Барномаи барқарорсозӣ, ба ҳаёти муқаррарӣ мутобиқ намудан ва бо ҷойи кору таҳсил таъмин намудани занону кӯдакони аз минтақаи амалиётҳои ҷангӣ баргардондашуда барои солҳои 2023-2027 аз 27 сентябри соли 2023, № 481

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замимаи 1 ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 сентябри соли 2023, № 481

Барномаи барқарорсозӣ, ба ҳаёти муқаррарӣ мутобиқ намудан ва бо ҷойи кору таҳсил таъмин намудани занону кӯдакони аз минтақаи амалиётҳои ҷангӣ баргардондашуда барои солҳои 2023-2027

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Барномаи барқарорсозӣ, ба ҳаёти муқаррарӣ мутобиқ намудан ва бо ҷойи кору таҳсил таъмин намудани занону кӯдакони аз минтақаи амалиётҳои ҷангӣ баргардондашуда барои солҳои 2023-2027 (минбаъд - Барнома) ҳамчун ҳуҷҷати банақшагирии стратегии сатҳи соҳавӣ буда, натиҷаи чорабиниҳои андешидашудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ба Ватан баргардондан ва ҳамгироии иҷтимоию иқтисодии кӯдакон ва занони аз минтақаҳои амалиётҳои ҷангӣ баргардондашуда ва фаъолияти гурӯҳи кории байниидоравӣ ба ҳисоб меравад.

2. Барнома ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муқовимат ба экстремизм", "Дар бораи муқовимат ба терроризм", дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст ва Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2021, № 187 тасдиқ шудааст, инчунин дастуру супоришҳои Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки оид ба масъалаҳои мубориза бо ҷинояткорӣ, экстремизму терроризм дар паёмҳои солонаи худ "Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ" баён доштаанд, асос ёфтааст.

3. Барнома ҳадаф, вазифаҳо ва самтҳои асосии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба баргардондан, барқарорсозии тиббӣ, иҷтимоӣ ва ҳамгироии иҷтимоии занону кӯдакони аз минтақаи амалиётҳои ҷангӣ ба Ватан баргардондашуда муайян намуда, ҷузъи таркибии сиёсати давлатӣ дар соҳаи муқовимат ба экстремизм ва терроризм ба ҳисоб меравад ва ба муттаҳид намудани тадбирҳои мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои байналмилалӣ барои мақсадҳои болозикр равона шудааст.

2. ТАҲЛИЛИ ВАЗЪИЯТ

4. Тибқи маълумоти мавҷуда эҳтимолан дар ҳудуди минтақаҳои амалиётҳои ҷангӣ зиёда аз 340 оила дар ҳайати зиёда аз 1200 нафар, ки тахминан 300 нафари онҳо ноболиғон мебошанд, қарор доранд. Таҳлилҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки қисмати зиёди занону кӯдакон бевосита иштирокдори муҳорибаҳои ҷангӣ набуда, сабабу омилҳои дар чунин шароит қарор доштанашон дар якҷоягӣ бо шавҳарони худ ба давлатҳои ҷангзада сафар кардан ба ҳисоб меравад.

5. Сабабу омилҳои ба экстремизм ва терроризм ҷалб намудани шаҳрвандони Тоҷикистон асосан дар Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2021, № 187 тасдиқ шудааст, мушаххасан дарҷ гардида, аз ҷумла нишон дода шудааст, ки таҳдидҳои экстремизм ва терроризм дар марҳилаи кунунӣ ба инҳо асос ёфтаанд:

- тарғиби ғояҳои экстремизм ва терроризм тавассути шабакаи интернет, ҷалбкунии ҷавонон ба сафҳои ташкилотҳои байналмилалии экстремистию террористӣ, кӯшишҳои аз ҷониби ин ташкилотҳо тарҳрезӣ ва амалӣ намудани амалҳои террористӣ дар ҳудуди Тоҷикистон;

- аз ҷониби гурӯҳҳои тундрав истифода бурдани низоъҳои байнимазҳабии солҳои охир дар ҳудуди кишварҳои дигар рухдода ва дар сатҳи байналмилалӣ мавриди вокуниш қарор нагирифтани онҳо ҳамчун баҳона барои даъват ба якдилии мазҳабӣ ва муттаҳидшавӣ дар атрофи ғояҳои ин ташкилотҳо;

- таҳти таъсири созмонҳои экстремистию террористӣ қарор гирифтани шаҳрвандони дар муассисаҳои таҳсилоти динии хориҷӣ таълимгиранда, инчунин муҳоҷирони меҳнатӣ дар кишварҳои будубоши онҳо;

- наздикии ҷуғрофӣ бо кишварҳое, ки дар онҳо низоъҳои ҳарбӣ бо иштироки гурӯҳҳои тундрави динӣ идома доранд, дар ҳудуди онҳо ҷойгир шудани пойгоҳҳои тайёркунии ҷангиёни ташкилотҳои террористие, ки қасди ба ҳудуди кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон паҳн намудани фаъолияти худро доранд.

6. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар рафти гузарондани корҳои профилактикӣ ва фаҳмондадиҳӣ аз соли 2015 инҷониб то ҳол аз Ҷумҳурии Арабии Сурия, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Туркия ва дигар давлатҳо зиёда аз 40 оила дар ҳайати 180 нафар, ки дар содир намудани ҷиноятҳои дорои тамоюли экстремистию хусусияти террористиӣ гумонбар буданд, ба Ватан баргардонда шуданд. Илова бар ин, моҳи майи соли 2019 дар натиҷаи ташкили ҳамкориҳои байналмилалӣ 84 нафар ноболиғони тоҷик, ки дар яке аз маҳбасҳои шаҳри Бағдоди Ҷумҳурии Арабии Ироқ якҷо бо модарони худ нигоҳ дошта мешуданд, бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ватан баргардонда шуда, айни замон зери сарпарастии мақомоти ваколатдор қарор доранд.

7. Зимни амалисозии Нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати баргардондани занону кӯдакон аз давлати Сурия, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 18 декабри соли 2022 тасдиқ карда шудааст, 25 июни соли 2022 бо хатсайри чартерии ширкати ҳавопаймоии суриягии "Cham Wings" аз давлати Сурия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 146 нафар (аз ҷумла, 42 оила, 44 зан, 2 ҷавон (17-18-сола) ва 100 ноболиғ (47 писар ва 53 духтар) ҳамсар ва фарзандони аъзои ташкилотҳои террористӣ, ки дар урдугоҳҳои "Роҷ" ва "ал-Ҳол" қарор доштанд, баргардонда шуданд. Ҳамчунин, бо мақсади иҷрои нақшаи мазкур 21 майи соли 2023 гурӯҳи калони шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба теъдоди 104 нафар, ки аз занон, наврасон ва тифлони хурдсол иборат мебошанд (31 зан, 33 духтар ва 40 писар), тавассути ҳавопаймои махсус аз Ҷумҳурии Арабии Сурия ба Ватан баргардонда шуданд.

8. Бозгашт ба Ватан аз муоинаи тиббӣ ва ҳама гуна табобат ё амалиётҳои ҷарроҳӣ, ки барои он лозим аст, оғоз мешавад. Илова бар ин, хадамоти амниятӣ бо шаҳрвандони калонсол суҳбатҳо мегузаронанд. Пас аз гузаронидани муддати муайян дар марказҳои вижаи тавонбахшӣ онҳо аз равоншиносон машварат мегиранд, бо уламои ислом ва кормандони иҷтимоӣ мулоқот мекунанд.

9. Усулҳои кор бо занони дар минтақаҳои ҷангӣ ҳолатҳои осебпазирро азсаргузаронида, аз муолиҷаи гурӯҳии дарбаргирандаи намудҳои гуногуни муолиҷаи инфиродӣ сар шуда то муолиҷаи равонию иҷтимоӣ анҷом меёбад. Ба он аслан ҳама чиз дохил мешавад: барқарорсозӣ дар доираи муолиҷаи машваратӣ ва дастгирӣ, муолиҷаи ба бадан нигаронидашуда, муолиҷа бо санъати тасвирӣ (арт-терапия), ҳама намуди омӯзишҳо барои рафъи оқибатҳои аломат (синдром)-ҳои баъдиосебӣ, изтироб, зӯроварӣ, ғамбеморӣ, рушди шахсӣ, машваратҳои илоҳиётшиносӣ, чорабиниҳои оммавию фарҳангӣ ва варзишӣ, озмунҳои фароғатӣ ва викторинаҳо, омӯзиш ва шуғлмандӣ, дастгирии ташаббусҳои соҳибкорӣ ва ғайра.

10. Мутаассифона, барои баъзе занон, барқарорсозӣ бо сабаби қавӣ будани робитаҳои хусусияташон эмотсионалӣ бо шавҳарони фавтида ё дигар заноне, ки то ҳол дар Сурия боқӣ мондаанд, ба таъхир афтодааст. Аз ин рӯ, дар давраи минбаъда барои баргардондани ин занон машваратҳои зарурӣ ташкил карда, чорабиниҳои дахлдор дар ин самт идома дода мешаванд. Дар умум, аз замони ба Ватан баргардондани занону кӯдакон аз минтақаҳои амалиёти террористӣ кор бо онҳо қатъ нашудааст.

11. Ба шарофати фаъолияти ҳамоҳангшудаи ҳамаи мақомоти давлатии манфиатдор имрӯз метавон дар бораи баргардондан, андешидани чораҳои барқарорсозӣ ва ҳамгироии бомуваффақият ба ҷомеа сухан гуфт. Аммо кор ҳанӯз ба охир нарасидааст ва идома дорад.

12. Дар доираи амалӣ намудани Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2021-2025, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2021, №187 тасдиқ шудааст, ҷиҳати ба Ватан баргардондани шаҳрвандони Тоҷикистон, ба ҳаёти муқаррарӣ мутобиқ намудан ва расонидани дастгирии моддию равонӣ ба онҳо чораҳои дахлдор то андозае андешида мешаванд. Шаҳрвандоне, ки ихтиёран аз иштирок дар низоъҳои ҳарбӣ дар ҳудуди кишварҳои дигар даст кашида, ба Ватан баргаштаанд, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешаванд. Ҳамчунин, шаҳрвандоне, ки ихтиёран аз иштирок дар ташкилотҳои экстремистию террористии фаъолияташон дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори суд манъшуда даст кашидаанд, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда шудаанд.

13. Соли 2015 бо мақсади пешгирии ҳолатҳои шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои экстремистию террористӣ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ лоиҳаи "Волидайн алайҳи террор" роҳандозӣ гардидааст. Дар даври аввали амалишавии лоиҳаи мазкур барои омӯзиш кормандони масъули вазоратҳои корҳои дохилӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, мақомоти прокуратура, кумитаҳои кор бо занон ва оила, ҷавонон ва варзиш, рушди сайёҳӣ, оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросим ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷалб шуданд.

14. Таҳлилҳо ва натиҷагирӣ аз корҳои анҷомдодашуда нишон медиҳанд, ки ифротгароӣ ва ҳаросафканӣ мафҳумҳое ҳастанд, ки дар сиёсат ва ҷомеа якҷоя мушкилоти гуногуни иҷтимоӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро ба вуҷуд меоранд. Ҷиҳатҳои манфии ин падидаҳои хатарнок, пеш аз ҳама, боиси сар задани низоъ, куштори сокинони бегуноҳ, харобу валангор сохтани инфрасохтори давлатӣ ва дар таҳлука нигоҳ доштани одамон мегарданд.

15. Мавзуи муқовимат бо экстремизм ва терроризм яке аз мавзуи мубрам дар ҷомеа ба ҳисоб меравад. Тадқиқотҳои анҷомдодаи коршиносон нишон медиҳанд, ки паҳншавии идеологияи тундгароӣ ва назарияи экстремизм бештар дар муҳити ҷавонон ба назар мерасад. Яке аз омилҳои асосии ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои ангезандаи тарсу ҳарос муҳоҷирати меҳнатӣ мебошад. Гарчанде дар миёни онҳо ҷавонони ноогоҳ аз нуқтаи назари динӣ ва нокифоя будани донишҳои динии шаҳрвандон бошанд ҳам, ҳодисаҳои чанд соли охир дар минтақа нишон медиҳад, ки терроризм ва экстремизм ҳамчун хатари умумибашарӣ эътироф шудааст.

16. Фаъолияти намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират дар ҳамкорӣ бо Сафорат ва консулгариҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин давлат ҷиҳати ҳаллу фасл намудани масъалаҳои марбут ба муҳоҷирати меҳнатӣ равона карда шуда, кормандони ин намояндагиҳо дар шаҳру вилоятҳои Федератсияи Россия бо муҳоҷирони меҳнатӣ - шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷамъиятҳои тоҷикон ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии муҳоҷирон ҳамкории мунтазам дошта, барои ҳалли мушкилоти онҳо пайваста мусоидат менамояд.

17. Аз ҷониби намояндагии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия дар робита ба иҷрои протоколи ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо мақомоти прокуратура бо мақсади пешгирӣ намудани шомилшавии муҳоҷирони меҳнатӣ ба гурӯҳҳои экстремистӣ ва террористӣ, нақшаи чорабиниҳои гузаронидани вохӯриҳо бо муҳоҷирон тартиб дода шуда, дар асоси он дар ҷойҳои корӣ ва будубоши онҳо, масҷидҳо, марказҳои тиҷоратӣ, иншоотҳои сохтмонии минтақаҳои гуногуни Федератсияи Россия 78 силсилаи мулоқоту вохӯриҳо баргузор карда шуда, то ҳол ин иқдом давом ёфта истодааст.

3. ҲАДАФ, ВАЗИФАҲО ВА САМТҲОИ АСОСИИ БАРНОМА

18. Ҳадафи Барнома ин такмил додани раванди аз минтақаҳои амалиёти ҷангӣ ба Ватан баргардондани занону кӯдакон, самтҳои асосии барқарорсозӣ ва ба ҳаёти солим бозравонии онҳо, аз ҷумла бо таҳсил ва ҷойи кор фарогир намудан, таъминоти молиявӣ ва моддӣ, дигаргун намудани тафаккури ифротии онҳо, мунтазам гузаронидани "мағзшӯйии онҳо" ҷиҳати аз байн бурдани омилҳои ифротӣ ва назорати доимии онҳо бо мақсади пешгирии аз ҷониби онҳо содир кардани ҷиноят ва дигар қонуншиканиҳо мебошад.

19. Барнома ба амалигардонии ҳадаф, афзалият ва тадбирҳои пешбининамудаи Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2021-2025, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2021, № 187 тасдиқ карда шудааст, равона гардида, ҷиҳати барқарорсозӣ ва ба ҳаёти муқаррарӣ мутобиқ намудан, барқарорсозии ҳуқуқӣ (муайян намудани шахсият, барқарорсозии ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсияти занону кӯдакон, барқароркунии алоқа бо хешовандон), барқарорсозии саломатӣ ва тавонбахшии тиббию иҷтимоӣ, инчунин бо ҷойи кору таҳсил таъмин намудани занону кӯдакони аз минтақаҳои амалиётҳои ҷангӣ баргардондашуда, ки амалисозии онҳо барои ҳалли вазифаҳои муҳимми иҷтимоию иқтисодии шаҳрвандони Тоҷикистон мусоидат мекунанд, қабул карда мешавад.

20. Вазифаҳои Барнома аз инҳо иборат мебошанд:

- муваққатан ҷойгир намудани занону кӯдакони аз минтақаи амалиётҳои ҷангӣ баргардондашуда дар муассисаҳое, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад;

- барқарорсозии ҷисмонӣ, руҳӣ ва равонии занону кӯдакони аз давлатҳои ҷангзада баргардондашуда;

- бо таҳсил ва ҷойи кори доимӣ фарогир намудани занону кӯдакони аз минтақаҳои ҷангзада баргардондашуда;

- ба ҳаёти солим ва ҷамъият баргардондани онҳо;

- ба роҳ мондани назорати мунтазам ва қатъӣ бо мақсади пешгирии содир намудани ҳуқуқвайронкуниҳо аз ҷониби занону кӯдакони аз минтақаи амалиётҳои ҷангӣ баргардондашуда;

- андешидани тадбирҳо ҷиҳати риояи ҳуқуқу озодиҳои занону кӯдакони баргардондашуда;

- ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо раисони маҳаллаҳо, намояндагони мақомоти худидоракунии маҳаллӣ бо ҷалби иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва созмонҳои байналмилалӣ ҷиҳати пешгирии табъизи занону кӯдакони баргардондашуда дар ҷойи истиқомат, муассисаҳои таълимӣ ва ғайра;

- мунтазам гузарондани чорабиниҳои фарҳангӣ ва маишӣ ҷиҳати васеъ кардани доираи ҷаҳонбинии занону кӯдакони баргардондашуда ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ дар шуури онҳо.

21. Чорабиниҳои мушаххас барои иҷрои вазифаҳои гузошташуда дар самти барқарорсозӣ ва ҳамгироии иҷтимоии шахсони дорои гузаштаи экстремистӣ ё террористӣ аз инҳо иборатанд:

- баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ ва таҳаммулпазирии ҷомеаи маҳаллӣ нисбат ба шахсони барқароршаванда ва созгоришаванда;

- таҳияи нақшаи чорабиниҳо оид ба барқарорсозӣ ва ҳамгироии занону духтарони аз минтақаҳои амалиёти ҷангӣ баргашта, аз ҷумла чораандешӣ ҷиҳати баргардондан, солимгардонии тиббию равонӣ, таъмин намудан бо ҷойи кор, касбомӯзӣ ва ба таҳсил фаро гирифтани занону кӯдаконе, ки аз минтақаи амалиётҳои ҷангӣ дар ҳудуди дигар кишварҳо баргардонда шудаанд ё мешаванд;

- таҳкими муносибатҳои байналмилалӣ, аз ҷумла васеъ намудани заминаҳои ҳуқуқию байналмилалӣ, тақвият бахшидани ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба дар соҳаи барқарорсозӣ ва ҳамгироии ҷамъиятии занону кӯдакони аз минтақаи амалиётҳои ҷангӣ баргардондашуда;

- такмили ҳамкориҳои байниидоравӣ ва байнисоҳавӣ доир ба ташкили кор ва амалисозии тадбирҳои зарурӣ дар самти барқарорсозӣ ва ҳамгироии ҷамъиятии занону кӯдакони аз минтақаи амалиётҳои ҷангӣ баргардондашуда;

- мусоидат ба таҳкимбахшии иқтидори субъектони муқовимат ба экстремизм ва терроризм.

22. Зарур аст, ки барои баланд бардоштани фарҳанги динӣ ва арзишҳои миллӣ кӯшиш ба харҷ дода шавад ва дар байни аҳолӣ, бахусус, дар миёни муҳоҷирони меҳнатӣ ва хатмкунандагони муассисаҳои таълимӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ бештар ба роҳ монда шаванд, то ки онҳо бо тақлидҳои ноогоҳона ба гурӯҳҳои ифротӣ шомил нашаванд.

23. Зимни муайян намудани хонаводаи занону кӯдакони баргардондашуда қабл аз супоридани кӯдакон ба аъзои оила ё хешовандон, сараввал солимии оила, сатҳи хурофотпарастии ин оилаҳо ва хешовандон, қобилияти доштани тарбияи дурусти кӯдак аз ҷониби парасторон ё хешовандон, инчунин имкониятҳои моддию иҷтимоӣ ва маишию манзилии онҳо ба инобат гирифта шуда, баъдан ҷиҳати тарбияи минбаъда масъалаи супоридани кӯдакон ба онҳо баррасӣ карда мешавад.

4. МЕХАНИЗМҲОИ АМАЛИСОЗӢ ВА МАНБАЪҲОИ МАБЛАҒГУЗОРИИ БАРНОМА

24. Барнома тавассути таҳияи нақшаҳои амал оид ба амалисозии он, ки ҷузъи ҷудонашавандаи Барнома буда, татбиқи он дар 3 марҳила - барои солҳои 2023-2025, соли 2026 ва соли 2027 пас аз тасдиқ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи маблағҳои пешбинишудаи вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, инчунин бо кумаку дастгириҳои созмонҳои байналмилалӣ ва дигар манбаъҳое, ки қонунгузорӣ манъ накардааст, амалӣ мегардад.

25. Ҳаҷми умумии маблағгузории амалишавии Барнома аз рӯйи ҳисоби пешакӣ 6 603 200 сомонӣ, аз ҷумла аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ - 1 616 600 сомонӣ ва манбаъҳои ғайрибуҷетӣ4 986 600 сомониро ташкил медиҳад. Хароҷоти маблағҳо дар марҳилаи якуми амалишавии Барнома бошад, дар ҳаҷми 3 962 200 (се миллиону нуҳсаду шасту ду ҳазору дусад) сомониро аз манбаъҳои зерин ташкил додааст:

- маблағҳои буҷетӣ 970 000 (нуҳсаду ҳафтод ҳазор) сомонӣ;

- маблағҳои шарикони рушд, инчунин маблағҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷуҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, 2 992 000 (ду миллиону нуҳсаду наваду ду ҳазор) сомонӣ.

26. Дар давраи баргардондани занону кӯдакон аз минтақаи амалиётҳои ҷангӣ ба Ватан ва муваққатан ҷойгир намудани онҳо дар муассисаи муайянгардида хароҷоти молиявии марбут ба будубоши онҳо, аз ҷумла таъминоти ғизо, сару либос, пойафзол, маводи санитарию беҳдоштии шахсӣ, музди меҳнати кормандони муваққатан ба кор ҷалбгардида, хароҷоти пардохти ҳаққи хизматрасониҳои коммуналӣ, барқ ва монанди инҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва дигар манбаъҳое, ки қонунгузорӣ манъ накардааст, анҷом дода мешавад.

6. НАТИҶАҲОИ ЧАШМДОШТ, НИШОНДИҲАНДАҲОИ РАВАНД ВА САТҲИ ТАЪСИРИ ҲАР ЯК ФАЪОЛИЯТ

27. Натиҷаҳои чашмдошт аз инҳо иборатанд:

- комилан рад кардани ақидаҳои тундравонаи динӣ, дур шудан аз ғояҳои зӯроварӣ ва экстремистӣ, мутобиқшавӣ ба арзишҳои ҷомеаи Тоҷикистон;

- коҳиш ёфтани шумораи шаҳрвандони ба минтақаи амалиётҳои ҷангии кишварҳои хориҷӣ сафаркарда, афзоиши миқдори аъзои оилаи шаҳрвандони ба ташкилотҳои террористӣ ҳамроҳшуда, ки ба Ватан баргардонда шудаанд ва барқарорсозии муваффақонаи онҳо;

- таъмини бехатарии аҳолӣ ва фазои ҳамдигарфаҳмӣ дар ҷомеа, баланд бардоштани эътимоду боварии шаҳрвандон нисбат ба мақомоти давлатӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ, ҳифзи муҳити ороми сиёсию ҷамъиятӣ ва амнияти ҷамъиятӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- таҳия ва андешидани чораҳои мушаххас оид ба барқарорсозии саломатӣ, равонӣ ва тавонбахшии иҷтимоии занону кӯдакон, инчунин тавонмандсозӣ ва ба тарбияи ҷисмонӣ ва чорабиниҳои варзишӣ ҷалб намудани онҳо;

- таъмини барқарорсозии таълимию таҳсилотӣ ва ба муассисаҳои соҳаи маориф фаро гирифтани кӯдакон;

- таъини роҳнамоии касбӣ ва мусоидат ба шуғлнокӣ ва ба фаъолияти меҳнатӣ фаро гирифтани занони баргардондашуда;

- омӯзиши масъалаи мувофиқи мақсад будани таъсиси сохтори алоҳидаи махсус оид ба барқарорсозии саломатӣ, равонӣ ва тавонбахшии иҷтимоии занону кӯдакони ба Ватан баргардондашуда дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

28. Нишондиҳандаҳои раванди амалисозии Барнома аз нишондиҳандаҳои самти барқарорсозӣ ва созгории шахсони дорои гузаштаи экстремистӣ ё террористӣ, ки дар Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2021, № 187 тасдиқ шудааст, дарҷ гардидаанд, сарчашма гирифта, асосан аз инҳо иборат мебошанд:

- баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ ва таҳаммулпазирии ҷомеа нисбат ба шахсони барқароршаванда ва ба ҷомеа фарогирифташуда;

- андешида шудани чораҳои зарурӣ ҷиҳати ба ҳаёти муқаррарӣ баргардондан, солимгардонии тиббию равонӣ, таъмин намудан бо кор, ба касбомӯзӣ ва таҳсил фаро гирифтани занону кӯдаконе, ки аз минтақаи амалиётҳои ҷангӣ дар ҳудуди дигар кишварҳо баргардонда шудаанд ё мешаванд;

- ислоҳ гаштани ақидаҳои номатлуб ва ифротгароёнаи шахсони дорои гузаштаи экстремистӣ ё террористӣ, таъмини созгории оромонаи онҳо ба ҷомеа.

29. Бо мақсади барқарорсозии саломатӣ ё худ офиятбахшӣ андешидани чораҳо оид ба барқарор намудани функсияҳои организм, ки дар натиҷаи бардоштани ҷароҳатҳо ва бемориҳо гум шудааст, ё ин ки маҷмуи мушкилоте, ки дар бемор дар натиҷаи изтироб ба вуҷуд омадаанд, зарур мебошанд. Ҳамин тариқ, муайян намудани ҳолати психосоматикии шахсони аз амалиётҳои ҷангӣ баргардондашуда ва муайян кардани маҷмуи тадбирҳои барқарорсозӣ, ки омилҳои тиббӣ, равонӣ, биологӣ ва иҷтимоиро дар бар мегиранд, низ зарур аст.

30. Фаъолияти иҷтимоию равонии кормандони тиб на танҳо ба расондани кумаки тиббӣ, балки ба пешгирӣ намудани оқибатҳои манфии амалиётҳои ҳарбӣ, ки бо шаклҳои номуносиби рафтори ҷамъиятӣ ифода меёбанд, бояд равона карда шавад.

31. Вобаста ба эҳтиёҷоти шахсони аз минтақаҳои амалиёти ҷангӣ баргардондашуда, хизматрасонии тиббӣ бояд чорабиниҳои зеринро дар бар гирад:

- фавран гузарондани муоина ва ташхиси маҷмуии занон ва кӯдаконе, ки аз минтақаҳои амалиёти ҷангӣ баргардонда шудаанд;

- вобаста ба натиҷаи муоина ва ташхиси тиббии гузарондашуда ба гурӯҳҳои саломатӣ ҷудо намудан ва барои табобату назорати диспансерӣ бақайдгирии онҳо;

- ба кӯдакони аз минтақаҳои амалиёти ҷангӣ баргардондашуда дар сурати доштани аломатҳои маъюбӣ ва нишондодҳои тиббӣ бо тартиби муқарраргардида муайян кардани маъюбӣ;

- бо табобат фаро гирифтан ва баъдан тибқи тартиби муқарраршуда ба муассисаи дахлдор интиқол додани занон ва кӯдаконе, ки дар онҳо ҳангоми гузарондани муоина ва ташхис бемориҳои шадид ё авҷгирии бемориҳои музмин муайян карда мешаванд;

- дар марказҳои дастгирии оила ва кӯдаки сохтори Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё муассисаҳои кӯдаконаи дахлдори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир кардани кӯдакони то 7-сола, ки аз минтақаҳои амалиёти ҷангӣ баргардонда шудаанд ва падару модар надоранд;

- ҷойгир кардани кӯдакони аз 7-сола калони солим, ки аз минтақаҳои амалиёти ҷангӣ баргардонда шудаанд ва падару модар надоранд, дар мактаб-интернатҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо барои гирифтани таълиму тарбия;

- дар ҳамаи марҳилаҳои пас аз ба Ватан баргаштан аз минтақаҳои амалиёти ҷангӣ расондани кумак ва машварати равоншиносон ба шаҳрвандони баргардондашуда барои муътадилии ҳолати равонии онҳо.

32. Тамоми кӯдакони аз минтақаҳои амалиёти ҷангӣ баргардондашудае, ки гирифтори бемориҳои музмин мебошанд, дар он муассисаҳое, ки мавриди будубоши доимӣ қарор мегиранд, мунтазам тибқи тартиби муқарраргашта, таҳти назорати диспансерӣ ва солимгардонӣ қарор дода мешаванд.

33. Механизми фарогири ба ҷойи кор таъмин намудани шаҳрвандон дар доираи Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ барои солҳои 2023-2027, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2023, №135 тасдиқ шудааст ва барномаҳои соҳавии дахлдори дигар сурат мегирад ва аз рӯйи самтҳои зерин амалӣ карда мешавад:

- миёнаравӣ дар бозори меҳнат;

- тайёрии касбӣ, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси бекорон;

- дастгирии фаъолияти соҳибкории бекорон ва ташкили корҳои ҷамъиятии музднок;

- чорабиниҳои дахлдори дигар.

34. Тибқи қонунгузорӣ мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва мақомоти дигари марбутаи давлатӣ ба шаҳрвандоне, ки ба ҳифзи иҷтимоӣ муҳтоҷанд ва дар бозори меҳнат ба рақобати баробар қодир нестанд, бо роҳи таҳия ва амалӣ намудани барномаҳои мақсадноки мусоидат ба шуғл, ташкил намудани ҷойҳои кории иловагӣ ва рушди корхонаҳои махсусгардонидашуда (аз ҷумла муассисаҳо барои таъмини шуғли шахсони осебпазир, пешниҳоди қарзҳои имтиёзнок ва грантҳо) ва дигар кафолатҳои муайяншудаи иҷтимоиро кумаку дастгирӣ менамоянд.

35. Сохторҳои дахлдор дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар ҳолати муроҷиат намудани шаҳрвандони аз минтақаи амалиётҳои ҷангӣ баргардондашуда ва аъзои оилаҳои онҳо дар доираи муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҷиҳати анҷом додани хизматрасониҳои пешбинигардида мусоидат менамоянд.

7. МОНИТОРИНГ ВА АРЗЁБИИ РАВАНДИ АМАЛИСОЗИИ БАРНОМА

36. Бо мақсади баланд бардоштани самаранокии идоракунии раванди амалисозии Барномаи мазкур ва беҳтар намудани фаъолияти вазорату идораҳои масъул оид ба иҷрои нақшаҳои амали он, инчунин сари вақт муайян намудани номутобиқатии онҳо ва ҳалли мушкилоти ҳангоми амалисозии Барнома ошкоргардида бо тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайгирӣ (мониторинг)-и амалисозии Барнома ва нақшаҳои амали он гузаронда мешавад.

8. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

37. Ҳангоми баргардондани занону кӯдакон аз минтақаҳои амалиётҳои ҷангӣ ба Ватан онҳо муваққатан дар муассисаи аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайянгардида ҷойгир карда мешаванд. Муассисаи мазкур ҳамчун маркази муваққатии буҳронӣ ва барқарорсозӣ бо реҷаи кории махсус фаъолият хоҳад кард (намунаи реҷаи корӣ замима мегардад).

38. Вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ якҷо бо ташкилотҳои дигари масъули иҷрои Барнома бо мақсади ҷалби кумаки техникӣ ва маблағгузории иловагӣ ҷиҳати амалигардонии Барнома ва нақшаҳои амали он бо шарикон оид ба рушд ҳамкорӣ ба роҳ монда, нақшаҳои дохилиидоравии худро таҳия ва тасдиқ менамоянд, инчунин корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни ҷомеа ба роҳ мемонанд.

 

Ниг. ба Замима

Приложение 1 к

постановлению Правительства

Республики Таджикистан

от "28" сентября 2023 года, №481

Программа реабилитации, адаптации к нормальной жизни и обеспечения занятости и образованием женщин и детей, возвращенных из зон боевых действий на 2023-2027 годы

1. ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ

1. Программа реабилитации, адаптации к нормальной жизни и обеспечения занятости и образованием женщин и детей, возвращенных из зон боевых действий на период 2023-2027 годы (далее - Программа), как документ стратегического планирования отраслевого уровня является результатом предпринимаемых Правительством Республики Таджикистан мер по репатриации (возвращения на Родину) и социально-экономической интеграции детей и женщин, возвращенных из зон боевых действий и деятельности межведомственной рабочей группы.

2. Программа основана на Конституции Республики Таджикистан, законах Республики Таджикистан "О противодействии экстремизму", "О противодействий с терроризмом", других нормативных правовых актах Республики Таджикистан, международных-правовых документах, признанных Таджикистаном и Стратегии противодействия экстремизму и терроризму в Республике Таджикистан на 2021-2025 годы, утвержденной указом Президента Республики Таджикистан от 1 июня 2021 года №187, а также на указания и поручения Лидера нации, Президента Республики Таджикистан, уважаемого Эмомали Рахмона изложенных в его ежегодных посланиях "Об основных направлениях внутренней и внешней политики республики" по вопросам борьбы с преступностью, экстремизмом и терроризмом.

3. Программа определяет цели, задачи и основные направления государственной политики Республики Таджикистан по возвращению, медицинской, социальной реабилитации и реинтеграции женщин и детей, возвращенных на Родину из зоны боевых действий, является неотъемлемой частью государственной политики в сфере противодействия экстремизму и терроризму и направлена на объединение мер государственных органов, органов самоуправления посёлков и сёл, институтов гражданского общества и международных организаций для вышеназванных целей.

2. АНАЛИЗ СИТУАЦИИ

4. По имеющим данным, вероятно более 340 семей в составе более 1200 человек, и приблизительно из них несовершеннолетними являются около 300 человек находятся на территории зон боевых действий. Анализы показывают, что большая часть женщин и детей не принимают непосредственного участия в боевых действиях, а причинами и факторами их нахождения в таких условиях являются совместные их поездки вместе с мужьями в воюющие страны.

5. Причины и факторы обращения граждан Таджикистана к экстремизму и терроризму конкретно приведены в Стратегии противодействия экстремизму и терроризму в Республике Таджикистан на 2021-2025 годы, утвержденной указом Президента Республики Таджикистан от 1 июня 2021 года №187 и в частности, отмечается, что угрозы экстремизма и терроризма на современном этапе базируются на следующем:

- пропаганда идей экстремизма и терроризма посредством Интернета, вербовка молодежи в ряды международных экстремистских и террористических организаций, попытки планирования и осуществления этими организациями террористических актов на территории Таджикистана;

- использование экстремистскими группировками межрелигиозных конфликтов, произошедших в других странах в последние годы, и отсутствие на них реакций на международном уровне как предлог для призыва к религиозному единству и объединению вокруг идей этих организаций;

- нахождение граждан, обучающихся в зарубежных религиозных учебных заведениях, а также трудовых мигрантов в странах своего проживания под влиянием экстремистских и террористических организаций;

- географическая близость к странам, где продолжаются военные конфликты с участием экстремистских религиозных группировок, расположение учебных баз на территории террористических организаций, намеревающихся распространить свою деятельность на территорию стран Центральной Азии, в том числе Таджикистана.

6. Анализы показывают, что в ходе профилактической и разъяснительной работы начиная с 2015 года по настоящее время из Сирийской Арабской Республики, Исламской Республики Афганистан, Турецкой Республики и других стран выявлены более 40 семей численностью 180 человек, совершивших преступления экстремистской направленности, и террористического характера были возвращены на Родину. Кроме того, в мае 2019 года в результате организации международного сотрудничества 84 несовершеннолетних таджика, содержа,ихся вместе с матерями в одной из тюрем города Багдада Арабской Республики Ирак, по инициативе Правительства Республики Таджикистан были возвращены на Родину, и в настоящее время находятся под защитой (покровительством) уполномоченных органов.

7. При реализации Плана мероприятий по возвращению женщин и детей из государства Сирии, утвержденного 18 декабря 2022 года Президентом Республики Таджикистан, 25 июня 2022 года чартерным рейсом Сирийская авиакомпания "Cham Wings" из государства Сирии были возврашены в Республику Таджикистан 146 (42 семьи, в том числе 44 женщин, 2 молодых человека (17-18 лет) и 100 несовершеннолетних (47 юношей и 53 девушки) жён и детей членов террористических организаций, находившихся в лагерях "Родж" и "Аль-Холь". Также, в целях реализации настоящего плана 21 мая 2023 года из Арабской Республики Сирия специальным самолетом на Родину была возвращена большая группа граждан Республики Таджикистан в количестве 104 человек, состоящая из женщин, подростков и малолетних детей (31 женщин, 33 девочки и 40 мальчиков).

8. Репатриация начинается с медицинского осмотра и неоходимого лечения или операции, необходимой для репатриации. Кроме того, службы безопасности проводят опросы взрослых. После того как они проведут определённое время в специальных реабилитационных центрах, они получают консультации психологов и проводят встречи с исламоведами и социальными работниками.

9. Методы работы с женщинами, пережившими травматические случаи в зоне боевых действий, начинается от групповой терапии, включающей различные виды индивидуальной терапии, до психосоциальной терапии. Сюда входит практически всё: реабилитация в рамках терапии консультировании и поддерживающей терапии, телесноцентрированная терапия, арт-терапия, всевозможные тренинги для устранения последствий посттравматических синдромов, стрессового расстройства, тревожности, насилия, депрессии, личностного развития, проводятся богословские консультации, культурно-массовые и спортивные мероприятия, развлекательные конкурсы и викторины, обучение и трудоустройство, поддержка бизнес-инициатив и др.

10. К сожалению, для некоторых женщин реабилитация затягивается из-за сильных эмоциональных связей с умершими мужьями или другими женщинами, оставшимися в Сирии. Поэтому в последующие периоды будут организованы необходимые консультации по возвращению этих женщин и продолжены соответствующие мероприятия в этом направлении. В целом, с момента возвращения женщин и детей на Родину из зоны проведения террористических операций работа с ними не прекращалась.

11. Благодаря координированной деятельности всех заинтересованных государственных органов, сегодня можно говорить о возвращении, принятии мер по реабилитации и успешной реинтеграции в общество. Но работа еще не закончена и продолжается.

12. В рамках реализации Национальной стратегии Республики Таджикистан по борьбе с экстремизмом и терроризмом на 2021-2025 годы, утвержденной указом Президента Республики Таджикистан от 1 июня 2021 года, №187 принимаются в какой то степени соответствующие меры по возвращению граждан Таджикистана на Родину, адаптации их к нормальной жизни и оказания им материальной и психологической поддержки. Граждане, добровольно отказавшиеся от участия в военных конфликтах на территории других стран и вернувшиеся на Родину, освобождаются от уголовной ответственности. Также были освобождены от уголовной ответственности граждане, добровольно отказавшиеся от участия в экстремистских и террористических организациях, деятельность которых запрещена решением суда на территории Республики Таджикистан.

13. В 2015 году в областях, городах и районах республике стартовал проект "Родители против террора" с целью предотвращения вступления молодежи в террористические и экстремистские группировки. На первом этапе реализации данного проекта были привлечены к тренингам ответственные сотрудники министерств внутренних дел, труда, миграции и занятости населения, образования и науки, здравоохранения и социальной защиты населения, прокуратуры, комитетов по делам женщин и семьи, молодежи и спорта, туризм, по делам религии, упорядочению традиций, торжеств и обрядов представители гражданского общества.

14. Анализы и выводы из проделанной работы показывают, что экстремизм и устрашение являются понятиями, создающиеся в совокупности различные социальные, политические, экономические и культурные проблемы в политике и обществе. Негативные стороны этих опасных явлений, прежде всего, приводят к возникновению конфликтов, убийству невинных жителей, разрушению государственных инфраструктур, подвержению опасности людей.

15. Тема борьбы с терроризмом и экстремизмом считается одним из актуальных в обществе. Исследования, проведенные экспертами, показывают, что распространение экстремистской идеологии и экстремистской теории более наблюдается в сфере молодежи. Одним из основных факторов привлечения молодежи к внушающим страх группам является трудовая миграция. Даже если есть среди них неосведомленная молодежь с точки зрения религии и недостаточности религиозных знаний граждан, то события последних лет в регионе показывают, что терроризм и экстремизм признаются общечеловеческой опасностью.

16. Деятельность представительства Министерства труда, миграции и занятости населения Республики Таджикистан по вопросам миграции в Российской Федерации во взаимодействии с Посольством и консульствами Республики Таджикистан в этой стране направлена на решение вопросов, связанных с трудовой миграцией, и сотрудники указанных представительств в городах и районах Российской Федерации осуществляют постоянное сотрудничество с трудовыми мигрантамигражданами Республики Таджикистан, таджикскими диаспорами и общественными организациями переселенцев (мигрантов) и регулярно помогают им в решении их проблем.

17. Представительством Министерство внутренних дел Республики Таджикистан в Российской Федерации, во исполнение протокола заседания Координационного совета деятельности правоохранительных органов Республики Таджикистан совместно с органами прокуратуры, в целях предотвращения присоединения трудовых мигрантов к экстремистскими и террористическим группировкам, составлен план мероприятий по проведению встреч с мигрантами, на его основе проведено 78 серий встреч на их рабочих местах и в местах их проживания, мечетях, торговых центрах, строительных объектах разных регионов Российской Федерации, и эти меры продолжаются до сих пор.

3. ЦЕЛИ, ЗАДАЧИ И ОСНОВНЫЕ НАПРАВЛЕНИЯ ПРОГРАММЫ

18. Целью Программы является совершенствование процесса возврашения из зон боевых действий на Родину женщин и детей, основных направлений их реабилитации и возвращения к здоровой жизни, включая охват обучением и занятостию, финансовой и материальной поддержки, изменение их экстремистического мышления, регулярное "промывание им мозгов" для устранения в них экстремизма и их постоянного наблюдения в целях предотвращения совершения ими преступлений и иных правонарушений.

19. Программа направлена на реализацию целей, приоритетов и мер, предусмотренных Стратегией противодействия экстремизму и терроризму на 2021-2025 годы, утвержденной указом Президента Республики Таджикистан от 1 июня 2021 года, №187 и принимается для реабилитации и адаптации к нормальной жизни, правовой реабилитации (установления личности, восстановления документов, удостоверяющих личность женщин и детей, восстановления связи с родственниками), восстановления здоровья и медико-социальной реабилитации, а также обеспечения работой и образованием женщин и детей, возвращенных из зон боевых действий, реализация которых будет способствовать решению важных социально-экономических задач граждан Таджикистан.

20. В задачи Программы входят следущее:

- временное помещение женщин и детей, возвращенных из зон боевых действий, в учреждение, определяемое Правительством Республики Таджикистан;

- физическая, психическая и психологическая реабилитация женщин и детей, возвращенных из воюющих государств;

- охват женщин и детей, возвращенных из зон боевых действий образованием и постоянной работой;

- возвращение их к здоровой жизни и обществу;

- осуществление непрерывного и строгого контроля в целях предотвращения совершения преступлений, возвращенных из зон боевых действий;

- принятие мер по соблюдению прав и свобод возвращенных женщин и детей;

- установление взаимодействия с главами махаллей, работниками органов местного самоуправления с привлечением общественных и международных организаций для предотвращения дискриминации возвращающихся женщин и детей по месту жительства, в учебных заведениях и т.д.;

- регулярное проведение культурно-бытовых мероприятий для расширения круга мировоззрения возвращенных женщин и детей и повышения чувства патриотизма в их сознании.

21. Конкретные меры по реализации поставленных задач по реабилитации и интеграции лиц с экстремистским или террористическим прошлым включают:

- повышение уровня образованности и толерантности местного сообщества к реабилитированным и интегрированным лицам;

- разработка плана мероприятий по реабилитации и интеграции женщин и детей, возвращенных из зон боевых действий, включая меры по возвращению, медицинскому и психическому оздоровлению, обеспечению работой, профессиональной подготовке и обучению женщин и детей, которые были или будут возвращены из зон боевых действий на территории других стран;

- укрепление международных связей, в том числе расширение международной и правовой базы, укрепление двустороннего и многостороннего сотрудничества в сфере реабилитации и интеграции женщин и детей, возвращенных из зон боевых действий;

- совершенствование межведомственного и межотраслевого взаимодействия в организации работы и осуществление необходимых мероприятий в реабилитации и интеграции женщин и детей, возвращенных из района боевых действий;

- содействие в укрепление потенциала субъектов противодействия экстремизму и терроризму.

22. Следует прилагать усилия для повышения религиозной культуры и национальных ценностей, проводить больше разъяснительной работы среди населения, особенно среди трудовых мигрантов и выпускников учебных заведений, чтобы они не вовлекались в экстремистские группировки с неосознанными подражаниями.

23. При определении семей возвратившихся женщин и детей перед передачей детей членам семьи или родственникам, в первую очередь, следует учитывать состояние благополучности семьи, степень суеверности этих семей и родственников, способность к надлежащему воспитанию ребенка опекунами или родственниками, а также их материальные, социально-бытовые и жилищные условия, и после всего этого будет рассматриваться вопрос о передаче детей им для дальнейшего воспитания.

4. МЕХАНИЗМ РЕАЛИЗАЦИИ И ФИНАНСОВЫЕ ИСТОЧНИКИ ПРОГРАММЫ

24. Программа будет реализована посредством разработки после утверждения постановлением Правительства Республики Таджикистан планов действий по ее реализации, являющихся неотъемлемой частью Программы, будет осуществлена в 3 этапа - на 2023-2025 годы, на 2026 год и 2027 год, в рамках предусмотренных бюджетов министерств и ведомств, органов исполнительной власти Горно-Бадахшанской автономной области, областей, города Душанбе, городов и районов республики, а также при содействии и поддержке международных организаций и иных источников, не запрещенных законодательством.

25. Общий объём финансирования Программы по предварительном подсчёте составляет 6 603 200 сомони, в том числе из государственного бюджета - 1 616 600 сомони и из внебюджетных источников - 4 986 600 сомони. Расход денежных средств на первом этапе реализации Программы составляет 3 962 200 (три миллиона девятьсот шестьдесят две тысячи двести) сомони, в том числе из следующих источников:

- бюджетные средства 970 000 (девятьсот семьдесят тысяч) сомони;

- средства партнеров по развитию, а также иные средства, не запрещенные законодательством Республики Таджикистан в размере 2 992 000 (два миллиона девятьсот девяносто две тысячи) сомони.

26. В период репатриации женщин и детей из зоны боевых действий на Родину и временного размещения их в определенном учреждении финансовые расходы, связанные с их пребыванием, в том числе обеспечение продуктами питания, одеждой, обуви, средствами санитарии и личной гигиены, заработной платой временно занятых работников, расходов по оплате за коммунальные услуги, электроэнергию и тому подобное производится за счет средств государственного бюджета и других источников, не запрещенных законодательством страны.

6. ОЖИДАЕМЫЕ РЕЗУЛЬТАТЫ, ИНДИКАТОРЫ ПРОЦЕССА И УРОВНЯ ВОЗДЕЙСТВИЯ НА КАЖДУЮ ДЕЯТЕЛЬНОСТЬ

27. Ожидаемые результаты включают как минимум следующее:

- полный отказ от радикальных религиозных идей, отдаление от идей насилия и экстремизма, адаптация к ценностям таджикского общества;

- уменьшение количества граждан, выезжавших в зоны боевых действий зарубежных стран, увеличение числа членов семей граждан, вступивших в террористические организации, возвращенных на Родину, и их успешная реабилитация;

- обеспечение безопасности населения и атмосферы взаимопонимания в обществе, повышение доверия и доверия граждан к органам государственной власти, укрепление национального единства, защита мирной политической и социальной атмосферы и общественной безопасности в Республике Таджикистан;

- разработка и принятие конкретных мер по восстановлению здоровья, психологической и социальной активизации женщин и детей, а также расширение их возможностей и вовлечение их в физкультурно-спортивные мероприятия;

- обеспечение учебно-образовательной реабилитации детей и вовлечения их в образовательные учреждения;

- назначение профессиональной ориентации и содействие трудоустройству и вовлечению возвращенных женщин в трудовую деятельность;

- изучение вопроса о целесообразности создания специальной отдельной структуры по медицинской, психической и социальной реабилитации женщин и детей, возвращенных на Родину, при Министерстве здравоохранения и социальной защиты населения Республики Таджикистан.

28. Индикаторы процесса реализации Программы вытекают из показателей в области реабилитации и интеграции лиц с экстремистским или террористическим прошлым, отраженых в Стратегии по борьбе с экстремизмом и терроризмом в Республике Таджикистан на 2021-2025 годы, утвержденной указом Президента Республики Таджикистан от 1 июня 2021 года, №187 и в основном состоит из следующего:

- повышения уровня образованности и толерантности сообщества по отношению к реабилитированным и интегрированным лицам;

- принятие необходимых мер для возвращения к нормальной жизни, медицинского и психического здоровья, обеспечения занятости, профессионального обучения и образования женщин и детей, которые были или будут возвращены из зон боевых действий в территориях других странах;

- исправление нежелательного и экстремистского мышления людей с экстремистским или террористическим прошлым и обеспечение их мирной интеграции в общество.

29. В целях восстановления здоровья или реабилитации необходимо принять меры по восстановлению функций организма, утраченных в результате полученных травм и заболеваний, либо комплекса проблем, возникших у больного в результате стресса. Таким образом, следует также определить психосоматическое состояние лиц, возвращенных из зон боевых действий, и определить комплекс реабилитационных мероприятий, включающих медицинские, психологические, биологические и социальные факторы.

30. Социально-психологическая деятельность медицинских работников должна быть направлена не только на оказание медицинской помощи, но и на предупреждение негативных последствий боевых действий, выражающихся в неадекватных формах общественного поведения.

31. В зависимости от потребностей людей, возвращенных из зон боевых действий, медицинские услуги должны включать следующие мероприятия:

- немедленный осмотр и комплексное обследование женщин и детей, возвращенных из зон боевых действий;

- в зависимости от результатов медицинского осмотра и диагноза деление их на группы здоровья и постановка на диспансерный учет и лечение;

- в установленном порядке установление инвалидности детям, возвращенных из зон боевых действий, в случае имеющихся у них медицинских показаний и инвалидности;

- охват лечением и последующий перевод в установленном порядке в соответствующие медицинские учреждения женщин и детей, у которых при обследовании и диагностике выявлены тяжелые заболевания или обострение хронических заболеваний;

- рамещение детей в возрасте до 7 лет, возвращенных из зон боевых действий и не имеющих родителей в центрах поддержки семей и детей при Министерстве здравоохранения и социальной защиты Республики Таджикистан или в соответствующих детских учреждениях системы Министерства образования и науки Республики Таджикистан;

- размещение здоровых детей старше 7 лет, вернувшиеся из зон боевых действий и не имеющие родителей в школах-интернатах, находящихся в ведении Министерства образования и науки Республики Таджикистан или местных исполнительных органах государственной власти городов и районов для получения образования;

- на всех этапах после возвращения лиц из зон боевых действий на Родину оказание возвращавщимся гражданам психологической помощи и консультации для стабилизации их психического состояния.

32. Всех детей, возвращенных из зон боевых действий, страдающих хроническими заболеваниями, в установленном порядке регулярно принимают на диспансерный учет и медицинское обслуживание в те учреждения, где они подлежат постоянному пребыванию.

33. Комплексный механизм обеспечения занятости граждан осуществляется в рамках Государственной программы содействия занятости населения на 2023-2027 годы, утверждённой постановлением Правительства Республики Таджикистан от 28 марта 2023 года, №135 и других отраслевых програм, и реализуется по следующим направлениям:

- посредничество на рынке труда;

- профессиональная подготовка, переподготовка и повышение квалификации безработных;

- поддержка предпринимательской деятельности безработных и организация оплачиваемой социальной работы;

- другие необходимые мероприятия.

34. Согласно законодательству органы по труду и занятости населения и другие соответсвующие государственные органы поддерживают граждан, нуждающихся в социальной защите и не имеющих возможности на равных конкурировать на рынке труда, путем разработки и реализации целевых программ содействия занятости, создания дополнительных рабочих мест, развития специализированных предприятий (включая учреждений по трудоустройству уязвимых слоев населения, предоставления льготных кредитов и грантов), и других установленных социальных гарантий.

35. Соответсвуюшие структуры труда и занятости ГорноБадахшанской автономной области, Согдийской и Хатлонской областей, города Душанбе, городов и районов республиканского подчинения при обращении граждан, возвращенных из зон боевых действий и членам их семей должны оказать содействие в оказании предусмотренных услуг в рамках положений действующих нормативных правовых актов.

7. МОНИТОРИНГ И ОЦЕНКА ПРОЦЕССА РЕАЛИЗАЦИИ ПРОГРАММЫ

36. В целях повышения эффективности управления процессом реализации настоящей Программы и совершенствования деятельности министерств и ведомств, ответственных за выполнение планов действий по её реализации, а также своевременного выявления их несоответствий и решение проблем, выявленных в ходе реализации Программы в порядке, определяемом Правительством Республики Таджикистан будет проведен мониторинг реализации Программы и планов её действий.

8. ЗАКЛЮЧИТЕЛЬНЫЕ ПОЛОЖЕНИЯ

37. При возвращении женщин и детей из зон боевых действий на Родину они временно будут помещены в учреждение, определяемое Правительством Республики Таджикистан. Данное учреждение будет функционировать как временный кризисно-восстановительный центр с особым графиком работы (образец графика работы прилагается).

38. Министерства, ведомства и исполнительные органы государственной власти Горно-Бадахшанской автономной области, областей, города Душанбе и городов и районов республики совместно с иными организациями, ответственными за выполнение Программы, в целях привлечения технической помощи и дополнительного финансирования для реализации Программы и планов её действий осуществляют сотрудничество с партнерами по развитию, разрабатывают и утверждают свои внутриведомственные планы, а также проводят разъяснительные работы среди населения.

Приложение