Бо фармони Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 13 сентябри соли 2023, № 632
тасдиқ шудааст
Бо фармони Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 13 сентябри соли 2023, № 632
тасдиқ шудааст
ОИННОМАИ Муассисаи давлатии "Маркази татбиқи лоиҳаҳои асосҳои рақамикунонии Тоҷикистон"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Муассисаи давлатии "Маркази татбиқи лоиҳаҳои асосҳои рақамикунонии Тоҷикистон"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Марказ) ҳамчун сохтори идоракунӣ лоиҳаҳои маблағгузорӣ ва қарзии созмонҳои байналмилалии молиявӣ, инчунин лоиҳаҳои дигари грантӣ ва қарзиеро, ки тибқи санадҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зиммаи Марказ вогузор шудааст, амалӣ менамояд.
2. Марказ фаъолияти худро мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, тавсияҳои созмонҳои байналмилалии молиявӣ ва Оинномаи мазкур амалӣ менамояд.
3. Марказ шахси ҳуқуқии мустақил ва ташкилоти ғайритиҷоратӣ буда, соҳиби молу мулки ҷудогона ва тавозуни мустақил мебошад. Мутобиқи қонунгузории ҷорӣ дар бонкҳои тиҷоратӣ суратҳисобҳо бо пули миллӣ, асъори хориҷӣ ва суратҳисобҳои махсуси дигар дошта, дорои муҳр, штамп ва бланкҳо бо номи худ мебошад.
4. Марказ оид ба фаъолияти молиявию хоҷагидории худ дар назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва созмонҳои байналмилалии молиявӣ ҳисоботдиҳанда мебошад.
5. Марказ нисбат ба уҳдадориҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон масъул намебошад. Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар навбати худ нисбат ба уҳдадориҳои Марказ ҷавобгар намебошад.
6. Номи расмии Марказ: - бо забони давлатӣ: Муассисаи давлатии "Маркази татбиқи лоиҳаҳои асосҳои рақамикунонии Тоҷикистон"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Номи расмии ихтисоршуда: МД "МТЛ АРТ" ДИП ҶТ;
- бо забони русӣ: Государственное учреждение "Центр реализации проектов цифровых основ Таджикистана" Исполнительного аппарата Президента Республики Таджикистан. Номи расмии ихтисоршуда: ГУ "ЦРП ЦОТ" ИАП РТ;
- бо забони англисӣ: State institution "Project, Implementation Unit Fundamentals of Digitalization in Tajikistan" of the Executive Office of the President of the Republic of Tajikistan. Номи расмии ихтисоршуда: SI "PIU FDT" EOP RT.
...