ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
1. Аз 1 августи соли 2023:
- пардохти андозҳо, боҷҳои давлатӣ барои додани иҷозат ва иҷозатномаҳо, пардохтҳои дигари ҳатмӣ ба буҷет, ҷаримаҳо, маблағи суғуртаи ҳатмии давлатӣ, хизматрасониҳои тиббӣ, хизматрасониҳои коммуналӣ, намудҳои дигари хизматрасониҳои давлатӣ, инчунин қабули маблағҳо аз ҷониби вазорату идораҳо ва ташкилотҳои давлатӣ (минбаъд - хизматрасониҳои музднок) тариқи ғайринақдӣ амалӣ карда шавад;
- аз ҷониби вазорату идораҳо, ташкилотҳои давлатӣ ва ташкилотҳои қарзии молиявии ҷумҳурӣ ба таври нақдӣ қабул намудани пардохти хизматрасониҳои музднок манъ карда шавад.
2. Бонки миллии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, ташкилотҳои давлатӣ ва ташкилотҳои қарзии молиявии ҷумҳурӣ:
- инфрасохтори заруриро барои қабули пардохтҳои ғайринақдии худ то 1 августи соли 2023 таҳия, ташкил ва таъмин намоянд;
- ҳамгироии инфрасохтори қабули пардохтҳои ғайринақдии худро ҷиҳати қабули хизматрасониҳои музднок то 1 августи соли 2023 таъмин намоянд;
- бо мақсади ҳавасмандгардонии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои анҷом додани хизматрасониҳои ғайринақдӣ, оид ба ҷорӣ намудани меъёри ягонаи пардохти ҳаққи хизматрасониҳои ғайринақдӣ ва тартиби пардохти он чораҷуйӣ намоянд;
- якҷо бо Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъмини амнияти иттилоотии пардохтҳои ғайринақдӣ чораҷуйӣ намоянд.
3. Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо ва ташкилотҳои давлатие, ки хизматрасониҳои музднокро ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ анҷом медиҳанд, бо тартиби муқарраршуда якҷо бо операторони шабакаи алоқаи барқӣ пайвастшавии бефосила ба шабакаи интернет ва суръати зарурии он, инчунин фаъолияти муназзам (доимӣ)-и воситаҳои электронии пардохтиро таъмин намоянд.
4. Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Бонки миллии Тоҷикистон, вазорату идораҳо ва ташкилотҳои давлатие, ки хизматрасониҳои музднокро ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ анҷом медиҳанд, корҳои тавзеҳотию фаҳмондадиҳиро бо истифода аз тамоми воситаҳои ахбори омма, аз ҷумла шабакаҳои иҷтимоӣ, мунтазам амалӣ намоянд.
5. Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳои адлия, молия, Бонки миллии Тоҷикистон ва Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон то 31 декабри соли 2023 ҷиҳати фаъол намудани портали ягонаи пардохти хизматрасониҳои давлатӣ чораҷуйӣ намоянд.
6. Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои худро то 1 сентябри соли 2023 ба фармони мазкур мутобиқ намояд.
7. Бонки миллии Тоҷикистон, вазорату идораҳо ва ташкилотҳои давлатӣ ҳар семоҳа оид ба рафти иҷрои фармони мазкур ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод намоянд.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
аз 22 июни соли 2023, № 586
УКАЗ ПРЕЗИДЕНТА РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О мерах по расширению безналичных расчётов
В соответствии со статьей 69 Конституции Республики Таджикистан постановляю:
1. С 1 августа 2023 года:
- осуществить уплату налогов, государственных пошлин за выдачу разрешений и лицензий, иных обязательных платежей в бюджет, штрафов, средств обязательного государственного страхования, медицинских услуг, коммунальных услуг, других видов государственных услуг, а также приём денежных средств министерствами и ведомствами, и государственными организациями (далее - платные услуги) в безналичной форме;
- запретить принимать оплату за платные услуги в наличной форме министерствам и ведомствам, государственным организациям и кредитным финансовым организациям республики.
2. Национальному банку Таджикистана, министерствам и ведомствам, государственным организациям и кредитным финансовым организациям республики:
- разработать, организовать и обеспечить до 1 августа 2023 года необходимую инфраструктуру для приёма своих безналичных платежей;
- обеспечить интеграцию инфраструктуры приёма своих безналичных платежей для приёма платных услуг до 1 августа 2023 года;
- в целях поощрения физических и юридических лиц и создания благоприятных условий для оказания безналичных услуг, принять меры по введению единого тарифа оплаты безналичных услуг и порядка его оплаты;
- совместно со Службой связи при Правительстве Республики Таджикистан принять меры по обеспечению информационной безопасности безналичных платежей.
3. Службе связи при Правительстве Республики Таджикистан, министерствам и ведомствам, и государственным организациям, оказывающим платные услуги физическим и юридическим лицам, в установленном порядке совместно с операторами сети электросвязи, обеспечить бесперебойное подключение к сети интернет и его необходимую скорость, а также регулярную (постоянную) деятельность электронных средств платежей.
4. Комитету по телевидению и радио при Правительстве Республики Таджикистан в сотрудничестве с Национальным банком Таджикистана, министерствами, ведомствами и государственными организациями, представляющими платные услуги физическим и юридическим лицам, регулярно осуществлять разъяснительную работу с использованием всех средств массовой информации, включая социальные сети.
5. Исполнительному аппарату Президента Республики Таджикистан, министерствам юстиции, финансов, Национальному банку Таджикистан и Службе связи при Правительстве Республики Таджикистан до 31 декабря 2023 года принять меры по активизации единого портала оплаты государственных услуг.
6. Правительству Республики Таджикистан до 1 сентября 2023 года привести свои акты в соответствие с настоящим указом.
7. Национальному банку Таджикистана, министерствам и ведомствам и государственным организациям ежеквартально представлять отчет о ходе выполнения настоящего указа в Правительство Республики Таджикистан.
Президент
Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г.Душанбе,
22 июня 2023 года №586