Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Авруосиёии Рушд аз 16 августи соли 2022

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

бо қарори Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 10 майи соли 2023, №1006

тасдиқ шудааст

бо қарори Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 10 майи соли 2023, №1006

тасдиқ шудааст

СОЗИШНОМАИ ГРАНТӢ БАЙНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА БОНКИ АВРУОСИЁИИ РУШД

БОНКИ АВРУОСИЁИИ РУШД, ташкилоти байналмилалие, ки дар асоси Созишнома оид ба таъсиси Бонки Авруосиёии Рушд, ки санаи 12 январи соли 2006 байни Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Қазоқистон ба имзо расидааст, таъсис ёфта, фаъолият менамояд ва дар суроғаи: Ҷумҳурии Қазоқистон, шаҳри Алмато, 050051, хиёбони Достик, 220, қарор гирифтааст, ки Идоракунандаи маблағҳои Фонди Авруосиёии муътадилгардонӣ ва рушд буда, аз ном ва бо дастури иштирокчиёни он ("Иштирокчиёни Фонд"), Шартнома оид ба таъсиси Фонди Авруосиёии муътадилгардонӣ ва рушд ("Фонд"), ки санан 9 июни соли 2009 дар ш. Москва аз ҷониби кишварҳои таъсисдиҳандаи Фонд - Ҷумҳурии Беларус, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Арманистон ("Шартнома дар бораи таъсиси Фонд") ба имзо расидааст, ба роҳбарӣ гирифта, тибқи Созишнома оид ба идоракунии маблағҳои Фонд, ки 9 июни соли 2009 байни Бонки Авруосиёии Рушд ва давлатҳои таъсисдиҳандаи Фонд ("Созишнома оид ба идоракунии Фонд") тибқи Шарнома оид ба таъсиси Фонд ва Низомнома оид ба Фонд, ки қисми ҷудонопазири Шартнома оид ба таъсиси Фонд ("Низомнома оид ба Фонд") мебошад, ва қарори Шӯрои Фонд аз 6 ноябри соли 2020, Протоколи №60, минбаъд "Идоракунанда" номида мешавад ва

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ки минбаъд "Қабулкунанда" номида мешавад,

ва дар якҷоягӣ минбаъд "Тарафҳо" номида мешаванд,

бо дарназардошти:

Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия оид ба сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии моддӣ аа техникии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Хуҷанд, Бохтар ва Турсунзода ("Муассисаҳои таҳсилоти умумӣ"), ки таҳсил дар онҳо ба забони русӣ ба роҳ монда мешавад, аз 17 апрели соли 2019 ("Созишномаи байниҳукуматӣ"), ки дар асоси онҳо амалисозии Созишномаҳои байниҳукуматӣ тавассути ФАМР (Фонди Авруосиёии муътадилгардонӣ ва рушд) амалӣ карда мешавад;

қарори Шӯрои Фонд аз 6 ноябри соли 2020, Протоколи №60 дар бораи ба Фонди хайриявии мақсаднок тариқи ройгон ва бебозгашт қабул кардани маблағҳои хайриявӣ аз Федератсияи Россия ("Хайрия") барои амалисозии маҷмуи чорабиниҳои ба ҳам алоқаманд оид ба сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии моддӣ ва техникии Муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ("Лоиҳа"), ки дар асоси он Шӯрои Фонд аз ҳисоби маблағҳои Фонд дар ҳадди маблағҳои Хайрия пешниҳод кардани маблағҳои грантӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои сохтмони Муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва инчунин хулосаи Созишномаи грантии байни Идоракунанда ва Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки тартиби пешниҳоди грантро муайян менамояд, маъқул донистааст.

Созишнома оид ба хайрия дар Фонди Авруосиёии муътадилгардонӣ ва рушд аз 28 декабри соли 2020 байни Вазорази молияи Федератсияи Россия (минбаъд - "Донор") ва Идоракунанда, ки тибқи он Донор барои дар асоси ройгон ва бебозгашт (грантӣ) маблағҳои хайриявиро бо мақсади анҷом додани сохтмон, муҷаҳҳазгардонии моддӣ ва техникӣ ва супоридани Муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба Фонд пешниҳод менамояд ("Созишнома оид ба хайрия"),

Созишномаи грантии ("Созишномаи грантӣ") мазкурро оид ба масъалаҳои зерин ба имзо расониданд:

МОДДАИ 1. ТАРТИБИ ПЕШНИҲОДИ ГРАНТ
...

ПОСТАНОВЛЕНИЕ МАДЖЛИСИ НАМОЯНДАГОН МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О ратификации Грантового соглашения между Республикой Таджикистан и Евразийским Банком Развития

В соответствии со статьёй 57 Конституции Республики Таджикистан Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:

1. Ратифицировать Грантовое соглашение между Республикой Таджикистан и Евразийским Банком Развития, подписанное 16 августа 2022 года в городе Душанбе.

2. Правительству Республики Таджикистан в установленном порядке уведомить Евразийский Банк Развития о выполнении Республикой Таджикистан внутригосударственных процедур, необходимых для вступления в силу указанного Соглашения.

Заместитель Председателя Маджлиси намояндагон

Маджлиси Оли Республики Таджикистан                          К.Косим

Заместитель Председателя Маджлиси намояндагон

Маджлиси Оли Республики Таджикистан                          К.Косим

г. Душанбе,

10 мая 2023 года, №1006

г. Душанбе,

10 мая 2023 года, №1006

Прилагается на тадж.яз

...