Фармоиши вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 августи соли 2022, №599 "Дар бораи Тартиб ва меъёрҳои ба ҳисоб гирифтан ё баргардонидани андози аксизе, ки барои спирти этилӣ аз ҷониби муассисаҳои тиббӣ ва дорухонаҳо бо мақсади тиббӣ, инчунин аз тарафи корхонаҳои фарматсевтӣ барои истеҳсоли доруворӣ истифодашаванда пардохт шудааст"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

2 сентябри соли 2022 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст,

рақами бақайдгирӣ 1186

ВАЗОРАТИ ТАНДУРУСТӢ ВА ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ФАРМОИШ

Дар бораи Тартиб ва меъёрҳои ба ҳисоб гирифтан ё баргардонидани андози аксизе, ки барои спирти этилӣ аз ҷониби муассисаҳои тиббӣ ва дорухонаҳо бо мақсади тиббӣ, инчунин аз тарафи корхонаҳои фарматсевтӣ барои истеҳсоли доруворӣ истифодашаванда пардохт шудааст

190.010.000

Мутобиқи қисми 5 моддаи 288 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 57 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" ва банди 10 Низомномаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014, №148 тасдиқ шудааст,

ФАРМОИШ МЕДИҲАМ:

1. Тартиб ва меъёрҳои ба ҳисоб гирифтан ё баргардонидани андози аксизе, ки барои спирти этилӣ аз ҷониби муассисаҳои тиббӣ ва дорухонаҳо бо мақсади тиббӣ, инчунин аз тарафи корхонаҳои фарматсевтӣ барои истеҳсоли доруворӣ истифодашаванда пардохт шудааст, тасдиқ карда шаванд (замима мегардад).

2. Роҳбарони муассисаҳои табобатию профилактикӣ, дорухонаҳо ва корхонаҳои фарматсевтӣ новобаста аз шакли моликият ва тобеияти идоравӣ амалигардонии фармоиши мазкурро таъмин намоянд.

3. Фармоиши мазкур барои бақайдгирии давлатӣ ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

4. Фармоиши вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 августи соли 2006, №507 "Дар бораи меъёрҳои истеъмоли спирти этилӣ, андози аксиз, ки бояд баргардонида ё ба ҳисоб гирифта шавад", ки дар Вазорати адлия 18 сентябри соли 2006, №230 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст, аз эътибор соқит дониста шавад.

5. Фармоиши мазкур пас аз бақайдгирии давлатӣ ва интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

6. Назорати иҷрои фармоиши мазкур ба зиммаи муовини якуми вазир гузошта шавад.

Вазир                                                       Ҷамолиддин Абдуллозода

ш. Душанбе,

аз 15 августи соли 2022 №599

Замима

бо фармоиши вазири тандурустӣ

ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 15 августи соли 2022, №599

тасдиқ гардидааст

ТАРТИБ ВА МЕЪЁРҲОИ БА ҲИСОБ ГИРИФТАН Ё БАРГАРДОНИДАНИ АНДОЗИ АКСИЗЕ, КИ БАРОИ СПИРТИ ЭТИЛӢ АЗ ҶОНИБИ МУАССИСАҲОИ ТИББӢ ВА ДОРУХОНАҲО БО МАҚСАДИ ТИББӢ, ИНЧУНИН АЗ ТАРАФИ КОРХОНАҲОИ ФАРМАТСЕВТӢ БАРОИ ИСТЕҲСОЛИ ДОРУВОРӢ ИСТИФОДАШАВАНДА ПАРДОХТ ШУДААСТ

1. Тартиб ва меъёрҳои ба ҳисоб гирифтан ё баргардонидани андози аксизе, ки барои спирти этилӣ аз ҷониби муассисаҳои тиббӣ ва дорухонаҳо бо мақсади тиббӣ, инчунин аз тарафи корхонаҳои фарматсевтӣ барои истеҳсоли доруворӣ истифодашаванда пардохт шудааст (минбаъд - Тартиб) дар асоси қисми 5 моддаи 288 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия карда шуда, мақсади он ба танзим даровардани андози аксиз ҳангоми истифодаи спирти этилӣ бо мақсади тиббӣ мебошад.

2. Барои ба ҳисоб гирифтан ё баргардонидани андози аксизе, ки барои спирти этилӣ аз ҷониби муассисаҳои тиббӣ ва дорухонаҳо бо мақсади тиббӣ, инчунин аз тарафи корхонаҳои фарматсевтӣ барои истеҳсоли доруворӣ истифодашаванда пардохт шудааст, меъёри масрафи спирти этилӣ дар муассисаҳои тандурустӣ ва дорухонаҳо, ки дар замимаи 1 Тартиби мазкур оварда шудааст ва меъёри масрафи спирти этилӣ (ректификат) барои истеҳсоли воситаҳои доруворие, ки дар корхонаҳои дорубарорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсол карда мешаванд, ки дар замимаи 2 Тартиби мазкур оварда шудааст, истифода бурда мешавад.

3. Андози аксиз ба андозсупорандае, ки амалиётҳои он бо истифодабарии спирти этилӣ бо мақсади тиббӣ алоқаманд мебошад, тибқи Тартиби мазкур баргардонида мешавад.

4. Ба ҳисоб гирифтан ё баргардонидани маблағи андози аксизӣ бо тартиби пешбининамудаи моддаҳои 117 ва 118 Кодекси андоз амалӣ карда мешавад.

5. Андозсупоранда барои ба ҳисоб гирифтан ё баргардонидани маблағи андози аксизӣ ҳуҷҷатҳои зеринро ба мақомоти андози маҳаллӣ пешниҳод менамояд:

- нусхаи шартнома (қарордоди)-и таҳвили дорувории истеҳсолшуда;

- нусхаи ҳисобнома-фактура, ки пардохти андози аксизиро ҳангоми харидории молҳои зераксизӣ (ашёи хом) барои мақсадҳои тиббӣ ва истеҳсоли доруворӣ пешбинӣ менамояд;

- ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи пардохти андози аксиз аз ҷониби соҳиби молҳои (ашёи хом) зераксизии барои коркард додашуда;

- ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи воридоти ашёи хом.

6. Ҳуҷҷатҳои дар банди 5 Тартиби мазкур дарҷгардида барои тасдиқи асоснокии баргардонидан (баҳисобгирӣ)-и андози аксизӣ аз ҷониби шахсоне, ки дар банди 3 ҳамин Тартиб зикр шуда, баргардонидани андозро талаб менамоянд, пешниҳод карда мешаванд.

7. Мақомоти андози маҳаллӣ асоснокии ҳуҷҷатҳои пешниҳодгардида оид ба баҳисобгирӣ ё баргардонидани маблағи андози аксизиро баррасӣ карда, аз натиҷааш ба муроҷиаткунанда хабар дода, ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми 15 рӯзи тақвимӣ аз лаҳзаи аз ҷониби муроҷиаткунанда пешниҳод гардидани дархост оид ба баргардонидани андози аксизӣ хулоса пешниҳод менамояд.

8. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хулосаи пешниҳоднамудаи мақомоти андози маҳаллиро вобаста ба меъёрҳои ба ҳисоб гирифтан ё баргардонидани маблағи андози аксизӣ баррасӣ намуда, дар ҳолати мутобиқат намудан ба талаботи Тартиби мазкур онро дар давоми 15 рӯзи тақвимӣ ба муроҷиаткунанда (муасиссаҳои тиббӣ, дорухонаҳо ва корхонаҳои фарматсевтӣ) бармегардонад.

Ниг. ба Замимаҳои 1-2