Замимаи 1
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 30 сентябри соли 2022,№482
Замимаи 1
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 30 сентябри соли 2022,№482
Стратегияи рушди иқтисоди "сабз" дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Стратегияи рушди иқтисоди "сабз" дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037 (минбаъд - Стратегия) бо мақсади амалӣ намудани банди 12 Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 декабри соли 2021 "Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва сархати 4 банди 2 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 январи соли 2022, № 2 "Дар бораи натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумхурии Тоҷикистон дар соли 2021 ва вазифаҳо барои соли 2022" таҳия гардидааст.
2. Стратегия ба тадбирҳои гузаронидани ислоҳоти инстутитсионалӣ, истифодаи самараноки сармояи табиӣ, ҷалби сармоягузорӣ, роҳандозии технологияи муосиру инноватсионӣ ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти иқтисоди "сабз" нигаронида шудааст.
3. Амалӣ намудани иқтисоди "сабз" ҳамчун як низоми томи хоҷагидорӣ, истифодаи воситаҳои муайянро тақозо мекунад, аз ҷумла:
- афзоиши сармоягузории давлатӣ ба инфрасохтори бо принсипи рушди устувор асосёфта (аз ҷумла нақлиёти ҷамъиятии барқӣ, манбаъҳои барқароршавандаи энергия, бунёди биноҳои аз ҷиҳати истифодаи энергия босамар) ва сармояи табиӣ бо мақсади барқарорсозӣ, нигоҳдорӣ ва афзоиш додани ҳаҷми он;
- дастгирии давлатии мақсадноки таҳқиқот ва корҳои илмие, ки ба истифодаи технологияҳои тозаи экологӣ марбутанд;
- нархгузории ба принсипҳои рушди устувор мутобиқ, аз ҷумла даст кашидан аз мусоидати молиявии (субсидияҳои) бесамар, дуруст муайян намудани арзиши захираҳои табиӣ ва андозбандии захираҳое, ки истихроҷи онҳо ба муҳити зист зарар мерасонад;
- татбиқи сиёсати хариди давлатӣ нисбат ба субъектҳои истеҳсолкунандаи маҳсулоти экологӣ ва истифодабарандаи усулҳои истеҳсол, ки ба принсипҳои рушди устувор мутобиқ мебошанд.
...