Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 сентябри соли 2022, № 454 "Дар бораи масъалаҳои шахсони ҳуқуқии тобеи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Точикистон"

Санаи амалкуни: 05.01.2024

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи масъалаҳои шахсони ҳуқуқии тобеи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Точикистон

(Фармони Президенти ҶТ аз 05.01.2024 № 670)

(Фармони Президенти ҶТ аз 05.01.2024 № 670)

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаҳои 56 ва 57 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" фармон медиҳам:

1. Оинномаҳои шахсони ҳуқуқии тобеи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1-17).

2. Ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 апрели соли 2009, № 649 "Дар бораи таъсис додани Маҷмааи давлатии "Қасри миллат"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" тағйироту иловаи зерин ворид карда шаванд:

- дар ном ва матни фармони мазкур калимаҳои "Маҷмааи давлатии" ба калимаҳои "Муассисаи давлатии маҷмааи" иваз карда шаванд;

- аз муқаддима калимаи "(Сарқонуни)" хориҷ гардида, баъд аз калимаи "Тоҷикистон" калимаҳои "ва моддаҳои 52 ва 132 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон" илова карда шаванд;

- банди 2 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"2. Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои ташкиливу ҳуқуқии муассисаи мазкурро тибқи тартиби муқарраргардида ҳал намояд.";

- банди 3 хориҷ карда шавад.

3. Ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 сентябри соли 2002, № 902 "Дар бораи таъсиси Маҷмааи давлатии "Кохи Борбад"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" тағйироти зерин ворид карда шавад:

- дар ном ва матни фармони мазкур калимаҳои "Маҷмааи давлатии" ба калимаҳои "Муассисаи давлатии маҷмааи" иваз карда шаванд;

- банди 3 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

...

Замимаи 1

ба фармони Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 13 сентябри соли 2022, № 454

Оинномаи Муассисаи давлатии маҷмааи "Қасри миллат" - и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Муассисаи давлатии маҷмааи "Қасри миллат"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Муассиса) тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст.

2. Муассиси Муассиса Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Муассис) мебошад.

3. Масъалаҳои ташкилию ҳуқуқии Муассиса аз ҷониби Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Дастгоҳи Президент) ҳал карда мешаванд.

4. Муассиса фаъолияташро мувофиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Муассис ва Оинномаи мазкур амалӣ менамояд.

5. Номи расмии Муассиса:

- бо забони тоҷикӣ - Муассисаи давлатии маҷмааи "Қасри миллат"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- бо забони русӣ - Государственное учреждение комплекс "Дворец нации" Исполнительного аппарата Президента Республики Таджикистан;

- бо забони англисӣ - State institution residence "Palace of the Nation" of the Executive Office of the President of the Republic of Tajikistan.

6. Суроғаи ҳуқуқии Муассиса: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, кӯчаи Шероз, 26.

7. Муассисаи давлатии "Боғи Парчами миллӣ"-и муассисаи давлатии маҷмааи "Қасри миллат"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тобеияти Муассиса қарор дорад.

2. МАҚОМИ ҲУҚУҚИИ МУАССИСА

8. Муассиса шахси ҳуқуқӣ буда, дорои муҳр бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сабти номи худ, бланк ва штампҳои намунаи муқарраргардида мебошад ва аз суратҳисоби ягонаи Сарраёсати хазинадории Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ карда мешавад.

9. Маблағгузории хароҷоти Муассиса аз ҳисоби маблағҳои дар буҷети ҷумҳуриявӣ пешбинигардида, инчунин аз ҳисоби маблағҳои махсус тибқи тартиби бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқагардида анҷом дода мешавад.

10. Муассиса дар мувофиқа бо Дастгоҳи Президент дар асоси шартнома бо тартиби муқарраргардида ҳуқуқи истифодабарии қарзҳои бонкиро дорад.

11. Муассиса дорои дигар ҳукуқҳое мебошад, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муассисаҳо муқаррар кардааст.

3. МАҚСАД ВА САМТҲОИ ФАЪОЛИЯТИ МУАССИСА

12. Мақсади асосии фаъолияти Муассиса ташкили таъминоти моддию техникӣ ва хоҷагии фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкили қабул ва ҷойгиркунии шахсони расмӣ ва ҳайатҳои расмӣ, меҳмонҳо, дигар шаҳрвандони хориҷии ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташрифоранда, хизматрасонии шахсони расмӣ ва ҳайатҳои расмӣ, меҳмонҳо ва дигар шаҳрвандони хориҷии ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташрифоранда мебошад.

13. Барои амалӣ намудани мақсадҳои худ Муассиса фаъолияти зеринро ба амал мебарорад:

- тайёр намудани макони баргузории ҷаласаҳо, конференсияҳо бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инчунин ҷаласаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мувофиқи муқаррароти умумӣ (регламент) баргузор мегарданд;

- таъмини вохӯриҳо бо шахсони расмӣ, ҳайатхои расмӣ ва дигар шаҳрвандони хориҷии ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташрифоранда;

- таъмини хизматрасонӣ дар сатҳи ҷавобгӯй ба стандартҳои байналмилалӣ;

- расонидани хизматрасонии маишӣ, таъмин намудани ҷойҳои будубоши меҳмонҳо бо таҷҳизоти зарурӣ ва лавозимоти замонавӣ;

- хизматрасонии биноҳо, иморат, иншооти техникӣ, ки дар тавозуни Муассиса мебошанд, таъмини нигоҳдории ҳолати зарурии онҳо тибқи қоидаҳо ва меъёрҳои беҳдошти истеҳсолӣ ва муҳофизат аз сӯхтор, инчунин кори мунтазами дастгоҳҳои системаҳои техникӣ ва ғайра;

- ташкили корҳои ободонӣ, кабудизоркунӣ, парваришу нигоҳубини дарахту буттаҳо ва гулҳои ороишӣ, инчунин тоза намудани ҳудуди Муассиса.

14. Муассиса метавонад тибқи тартиби муқарраргардида ба хизматрасонии пулакӣ машғул шавад. Даромади бадастовардашуда тибқи тартиби муқарраргардида ба ихтиёри Муассиса мегузарад ва дар суратҳисоби махсуси ӯ ба ҳисоб гирифта мешавад.

15. Муассиса инчунин дигар намудҳои фаъолиятеро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст ва ба мақсадҳои оинномавиаш мутобиқат дорад, амалӣ менамояд.

4. МАҚОМИ ИДОРАКУНИИ МУАССИСА

16. Идоракунии Муассиса тавассути мақомоти зерин амалӣ карда мешавад:

- мақоми идоракунии Муассиса - Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шахсияти Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- мақоми иҷроияи Муассиса - маъмурият бо роҳбарии директори Муассиса.

17. Мақоми идоракунии Муассиса дорои ваколатҳои зерин мебошад:

- самтҳои асосии фаъолияти Муассисаро муайян менамояд;

- шумораи ниҳоии кормандони Муассисаро тасдиқ менамояд;

- фаъолияти Муассисаро назорат карда, бо асноди коргузорӣ, ҳисоботӣ ва ҳуҷҷатҳои дигар шинос мешавад;

- тавозуни муҳосибавии Муассисаро тасдиқ намуда, ҳисоботи солонаи хароҷоти молиявии фаъолияти онро назорат мекунад;

- дигар масъалаҳоеро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ваколати мақоми идоракунии Муассиса мансуб донистааст, ҳал менамояд.

18. Директор ҳамчун мақоми иҷроияи Муассиса ба фаъолияти ҷории Муассиса роҳбарӣ мекунад. Директори Муассиса аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Роҳбари Дастгоҳи Президент ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад. Директори Муассиса муовин ва сармуҳосиб дорад, ки бо пешниҳоди директори Муассиса аз ҷониби Роҳбари Дастгоҳи Президент ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд.

19. Директор дорои ваколатҳои зерин мебошад:

- бе ваколатнома аз номи Муассиса амал мекунад, роҳбарии фаъолияти Муассисаро таъмин мекунад;

- амру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Роҳбари Дастгоҳи Президентро иҷро мекунад;

- молу мулки Муассисаро тибқи тартиби муқарраргардида ихтиёрдорӣ мекунад;

- тибқи тартиби муқарраргардида Муассисаро дар тамоми муассисаҳо ва ташкилотҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он намояндагӣ мекунад;

- ҳисоботи солона, тавозунҳои муҳосибавии Муассисаро ба Роҳбари Дастгоҳи Президент дар муҳлати муқарраршуда пешниҳод мекунад;

- кормандони Муассиаро, ба истиснои муовини директор ва сармуҳосиби Муассиса, тибқи тартиби муқарраргардида ба кор қабул ва аз кор озод менамояд, инчунин нисбат ба онҳо чораҳои ҳавасмандкунӣ ва интизомӣ меандешад;

- дорои дигар ҳуқуқҳое мебошад, ки ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақсадҳои оинномавии Муассиса мухолифат намекунанд.

20. Назорати фаъолияти молиявию хоҷагидории Муассиса тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

21. Муовини директори Муассиса, дар сурати ҳозир набудани директори Муассиса, ваколатҳои ӯро амалӣ менамояд.

5. МОЛУ МУЛК ВА ВОСИТАҲОИ МУАССИСА

22. Молу мулки Муассиса аз фондҳои асосӣ ва воситаҳои гардон, инчунин арзишҳои дигар, ки нархи онҳо дар тавозуни Муассиса нишон дода шудааст, иборат мебошад. Молу мулки Муассиса моликияти давлатӣ буда, ба Муассиса бо ҳуқуқи идораи оперативӣ дода мешавад. Муассиса ба молу мулки дар ихтиёраш гузошташуда мутобиқи мақсади фаъолияти худ дар доираи муайяннамудаи қонунгузорӣ ҳуқуқи ихтиёрдориро дорад.

23. Манбаъҳои ташкил ёфтани молу мулки Муассиса:

- молу мулке, ки Муассис бо ҳуқуқи идораи оперативӣ вобаста намудааст;

- пардохти пулӣ ва моддии Муассис;

- даромадҳое, ки аз фаъолияти Муассиса ба даст омадаанд;

- қарзи бонкӣ ва манбаъҳои дигари маблағгузорӣ;

- пардохтҳои бебозгашт ва хайрияи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ;

- дигар сарчашмаҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст.

24. Муассиса дар назди мақомоти давлатӣ мустақилона ҳисобот медиҳад, аз ҷумла оид ба супоридани андозҳо, омор ва ғайра.

6. АЗНАВТАШКИЛДИҲӢ ВА БАРҲАМДИҲИИ МУАССИСА

25. Азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии Муассиса бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.