ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи минтақаи сайёҳии "Роғун"
Мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи сайёҳӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Минтақаи сайёҳии Роғун таъсис дода шавад.
2. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун якҷо бо Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар вазорату идораҳои дахлдор масъалаҳои ташкилию ҳуқуқии минтақаи сайёҳии "Роғун"-ро ҳал карда, дар муҳлати се моҳ лоиҳаи Барномаи рушди минтақаи сайёҳии "Роғун"-ро тибқи тартиби муқарраргардида ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
аз 31 августи соли 2022, № 441
ш. Душанбе,
аз 31 августи соли 2022, № 441
...