ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026
Мутобиқи моддаи 15 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 20222026 ва Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026 тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1 ва 2).
2. Вазорату идораҳои дахлдор оид ба раванди иҷрои Стратегияи мазкур ва Нақшаи чорабиниҳои амалисозии он ҳар семоҳа ба Бонки миллии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намоянд.
3. Ба Бонки миллии Тоҷикистон тавсия дода шавад, ки мониторинги маҷмуии ҷараёни иҷрои Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026-ро гузаронида, аз рӯйи натиҷаҳои он ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол то 20 январ маълумот пешниҳод намояд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
аз 1 июли соли 2022, № 314