ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муқовимат бо вируси норасоии масунияти одам ва бемории норасоии муҳассали масуният"
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2005 "Дар бораи муқовимат бо вируси норасоии масунияти одам ва бемории норасоии муҳассали масуният" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2005, №12, мод. 662) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар ном ва матни Қонун калимаҳои "бемории норасоии муҳассали масуният" ба калимаҳои "бемории пайдошудаи норасоии масуният" иваз карда шаванд.
2. Дар матни Қонун калимаҳои ихтисоршудаи "ВНМО" ва "БНММ" ба калимаҳои "вируси норасоии масунияти одам" ва "бемории пайдошудаи норасоии масуният" иваз карда шаванд.
3. Аз сархати чоруми моддаи 1 калимаҳои "(минбаъд БНММ)" хориҷ карда шаванд.
4. Дар моддаи 4:
- сархатҳои дуюм ва сеюми қисми дуюм дар таҳрири зерин ифода карда шаванд:
"- амалисозии назорати эпидемиологии паҳншавии сирояти вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти риоя ва афзалияти ҳуқуқи инсон, пинҳонӣ будани ташхис ва риояи усулҳои махфӣ анҷом додани он;
- расонидани кӯмаки ройгони босифат ва аз ҷиҳати илмӣ асосноки тахассусии тиббӣ ва иҷтимоию равоншиносӣ барои шахсони мубталои вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният;";
- ба қисми дуюм сархатҳои нав бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
"- дастрас ва саривақтӣ будани кӯмаки тиббӣ ва иҷтимоию равоншиносӣ;
- қабули даврии барномаи давлатии мубориза бар зидди вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният.".
5. Ба моддаи 5 қисми сеюм дар таҳрири зерин илова карда шавад:
"Маблағгузории чорабиниҳои вобаста ба пешгирӣ ва мубориза бар зидди вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният мутобиқи конунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути ҷалби воситаҳои молиявӣ ба Фонди миллии бемории пайдошудаи норасоии масуният (минбаъд - Фонд), ки фаъолияти он тибки Низомномаи аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқгардида ба танзим дароварда мешавад, амалӣ мегардад.".
...