Замимаи 1
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 31 марти соли 2022, №148
Замимаи 1
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 31 марти соли 2022, №148
Барномаи маҷмуии давлатии тайёр намудани кадрҳои низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барои давраи то соли 2030
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Барномаи маҷмуии давлатии тайёр намудани кадрҳои низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барои давраи то соли 2030 (минбаъд - Барнома) бо мақсади беҳтар намудани таъминоти ташкилотҳо ва муассисаҳои низоми ҳифзи иҷтимоӣ, муассисаҳои таълимию илмии иҷтимоӣ бо мутахассисони баландихтисоси низоми ҳифзи иҷтимоӣ тибқи талаботи бозори меҳнат ҷиҳати баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои иҷтимоӣ таҳия гардида, барои амалӣ намудани яке аз самтҳои афзалиятноки Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, Консепсияи рушди низоми хизматрасонии иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 октябри соли 2013, №446 тасдиқ шудааст, мусоидат мекунад.
2. Барнома ҳуҷҷатест, ки шумора, намудҳо ва дараҷаҳои зарурии касбии захираҳои меҳнатӣ, такмили ихтисос, бозомӯзии ҳайати шахсии кормандон ва ба кор қабул намудани онҳоро пешбинӣ менамояд.
3. Ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар мафҳуми васеи худ ҳамчун маҷмуи тадбирҳои иҷтимоию иқтисодии давлатӣ баррасӣ мешавад, ки ба бунёд намудани шароити арзандаи зиндагӣ, қонеъгардонии талабот, дастгирии таъминоти ҳаётӣ ва таъмини иҷтимоии шаҳрвандон, аз ҷумла тадбирҳои таъмини дастгириҳои аз ҷониби давлат кафолатдодашудаи сатҳи ҳадди ақали моддӣ ва дигар дастгириҳо ба гурӯҳҳои осебпазири аҳолии ҷумҳурӣ равона карда шудаанд. Соҳаи мазкур номгӯи васеи хизматрасониҳо, аз ҷумла дастрасӣ ба хизматрасонии иҷтимоӣ, расонидани кумакҳои иҷтимоии унвонӣ, ёрии тиббӣ, дастрасӣ ба таҳсилот, адолати судӣ ва амнияти иҷтимоӣ, мусоидат ба шуғл ва танзими равандҳои муҳоҷирати меҳнатӣ, суғуртаи иҷтимоӣ ва пардохтҳои иҷтимоии давлатӣ ва монанди инҳоро дар бар мегирад.
2. ТАҲЛИЛИ ВАЗЪИЯТ
4. Солҳои охир дар кишвар ҷараёни азнавсозии низоми ҳифзи иҷтимоӣ, бахусус хизматрасониҳои иҷтимоӣ оғоз гардидааст, ки ҳадафи он беҳтару самаранок кардани раванди ислоҳоти бахш, қонеъгардонии талаботи иҷтимоии аҳолӣ, эътиногирии саривақтии низоми ҳифзи иҷтимоӣ ба ниёзҳои рӯзмарраи шаҳрвандон, инчунин алоқамандии тадбири андешидашавандаи давлатӣ бо талаботи болозикр ба ҳисоб меравад. Диққати махсус ба масъалаҳои беҳтар сохтани сифати хизматрасониҳои пешниҳодшаванда, гуногуннавъӣ ва ғайримарказонидани онҳо бо роҳи ҷалб намудани захираву воситаҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятию ғайриҳукуматӣ, ҷалби кумакҳои шарикони рушд ва шахсони алоҳида, инчунин даромаднокӣ ва асосноккунии иқтисодию иҷтимоии онҳо равона гардидааст.
5. Бо дар назар доштани вобастагии зичи сифати хизматрасонии иҷтимоии гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ ба сифати тайёр кардани кадрҳо ва салоҳияти касбии кормандони иҷтимоӣ, бо мақсади ба талаботи стандартҳои байналмилалии соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ мутобиқ намудани шаклҳои хизматрасониҳои иҷтимоӣ зич алоқаманд буда, тайёр кардани кадрҳои низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ, аз ҷумла сиёсати кадрии давлат ва ҳалли ин масъала таваҷҷуҳи махсусро талаб менамояд.
6. Баланд бардоштани сатҳи касбӣ ва сифати амалисозии сиёсати ҳифзи иҷтимоӣ, аз ҷумла пешниҳоди хизматрасонии иҷтимоии давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба доираи вазифаҳои муҳимтарини давлатӣ дохил гардида, ба фаҳмиши он асос ёфтааст, ки кадрҳои соҳибтахассус ва салоҳиятнок қодиранд, ки сари вақт, ба таври касбӣ ва эҷодкорона ба даъватҳои замони муосир вокуниш намоянд. Ин гуна сифатҳо яке аз воситаҳои калидӣ ва муҳим дар амалишавии сиёсати иҷтимоии давлат маҳсуб меёбанд. Аз ин лиҳоз, тайёр намудани мутахассисони соҳибкасб дар шароити имрӯза яке аз вазифаҳои афзалиятноки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, аз муҳтавои сиёсати кадрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд.
7. Тайёр намудани кадрҳо маънои таҳлил ва банақшагирии иқтидори кадрӣ, идоракунии захираҳои инсонӣ ва рушди малакаҳои кориро бо мақсади коҳишёбии тафовут байни талаботи имрӯза ва оянда бо кадрҳо пешбинӣ менамояд. Ин имкон медиҳад, ки корфармоён кадрҳои дахлдорро ҷалб ва онҳоро дар кор нигоҳ дошта тавонанд, тарбия кунанд, қобилияти кории онҳоро ба дараҷае такмил диҳанд, ки онҳо ба сифати мутахассиси босалоҳияти соҳа фаъолият баранд ва корашон самаранок бошад.
...