Замимаи 1
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 30 декабри соли 2021, № 565
Замимаи 1
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 30 декабри соли 2021, № 565
Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2022-2026
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯро арзиши олӣ эълон намуда, кафолат медиҳад, ки ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аз ҷониби давлат эътироф, риоя ва ҳифз мешаванд. Муқаррар шудааст, ки мақсад, мазмун ва татбиқи қонунҳо ва фаъолияти мақомоти давлатиро ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд муайян мекунанд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати амалисозии кафолатҳои конститутсионии ҳимояи давлатии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд пайваста тадбирҳои мушаххас меандешад.
2. Бо мақсади тақвият додани амалисозии кафолатҳои зикршуда ва иҷрои муваффақонаи уҳдадориҳои байналмилалӣ соли 2009 дар ҷумҳурӣ ниҳоди махсусгардонидашудаи ҳифзи ҳуқуқи инсонВаколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соли 2016 вазифаи муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон - Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Яке аз вазифаҳои асосии ин ниҳод мусоидат дар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии қишрҳои гуногуни ҷомеа оид ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад.
3. Бо мақсади иҷрои самараноки вазифаи зикршуда Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2012 лоиҳаи Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2013-2020-ро таҳия ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуд. Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2012, №678 Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2013-2020 тасдиқ гардида, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоҳангсози фаъолияти вазорату идораҳо дар ин самт таъйин гардида буд.
4. Қобили зикр аст, ки Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2013-2020 бо дарназардошти принсипҳо ва мақсаду вазифаҳои марҳилаи дуюми (барои солҳои 2010-2014) Барномаи умумиҷаҳонии таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон қабул шуда, дар миқёси давлатҳои Осиёи Марказӣ ягона мебошад ва амалисозии муваффақонаи он мавқеи Тоҷикистонро ҳамчун давлати ҳуқуқбунёд боз ҳам қавитар менамояд.
5. Барномаи умумиҷаҳонии таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон ҳар панҷсола як маротиба таҷдиди назар шуда, бо дарназардошти фарогирии қишрҳои нави ҷомеа такмил ва бо қатъномаи Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид қабул мешавад, аз ҷумла дар марҳилаи нави Барномаи мазкур барои солҳои 2020-2024 намояндагони воситаҳои ахбори омма ва ҷавонон фаро гирифта шудаанд.
6. Бинобар ба анҷом расидани амалисозии Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2013-2020 зарурати таҳия ва қабули Барномаи нави таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон пеш омадааст.
7. Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 20222026 (минбаъд-Барнома) бо дарназардошти марҳилаи чоруми Барномаи умумиҷаҳонии таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2020-2024 такмил дода шуда, дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мутобиқи талаботи қонунгузории миллӣ ва санадҳои байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, таҳия шудааст.
8. Барнома низоми таълимро дар марҳилаи нави рушди ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тақвият дода, барои баланд бардоштани сатҳи дониш ва фарҳанги ҳуқуқии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, тақвият додани донишҳои касбии кормандони соҳаи маориф, судяҳо, хизматчиёни давлатии шаҳрвандӣ, ҳарбӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, инчунин ҷавонон ва намояндагони воситаҳои ахбори омма дар соҳаи ҳуқуқи инсон мутобиқи меъёрҳои қонунгузории миллӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ равона шудааст.
...