Барномаи рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замимаи 1

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 30 декабри соли 2021, №568

Замимаи 1

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 30 декабри соли 2021, №568

Барномаи рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Барномаи рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026 (минбаъд - Барнома) ҷиҳати рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, намудҳои варзиш ва фароҳам овардани шароити варзишӣ таҳия гардида, идомаи мантиқӣ "Барномаи маҷмӯии рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2021", ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 майи соли 2017, №260 тасдиқ шудааст, маҳсуб меёбад.

2. Барнома дурнамо барои давраи панҷ соли оянда мебошад, ки дар он самтҳои асосии фаъолият бо дар назар доштани афзалиятҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ муайян гашта, амалисозии сиёсати давлатии соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзишро дар бар гирифта, барои солимии аҳолӣ, омода намудани варзишгарон ҷиҳати иштирок дар чорабиниҳои байналмилалӣ ва омодагии захираҳои варзишӣ нигаронида шудааст.

3. Амалисозии Барнома барои мустаҳкамгардонии солимии аҳолӣ, рушди устувори инфрасохтори соҳа, таъмин бо лавозимоти босифат, заминаҳои меъёрию ҳуқуқӣ, омодасозии мутахассисони соҳа, рушди варзиши кӯдакону наврасон, омодасозии захираҳои варзишӣ ва варзишгарони дараҷаи баланд барои ҳайати дастаҳои мунтахаби кишвар аз рӯйи намудҳои варзиши алоҳида имкони васеъ медиҳад.

2. ТАҲЛИЛИ ВАЗЪ ВА ЗАРУРАТИ ҚАБУЛИ БАРНОМА

4. Варзиши муосир дар ҷаҳон рушди бемайлон дошта, ҷиҳати ба даст овардани натиҷаҳои баланди варзишӣ дар арсаи байналмилалӣ пеш аз ҳама, зоҳири таваҷҷуҳи махсус барои омода намудани мутахассисони дорои усулҳои нави корӣ ба миён омадааст. Айни замон варзиши тоҷик норасоии мутахассисони баландихтисосро эҳсос менамояд.

5. Варзиш яке аз василаи беҳтарини таҳкими дӯстии миёни инсонҳо ва кишварҳои ҷаҳон буда, чун омили муҳимми ҷаҳоншиносии инсон, ба ҳамдигар муаррифӣ ва наздик гардидани халқияту миллатҳо, инчунин кишварҳои гуногуни ҷаҳон хизмат мекунад.

6. Соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҳукумати кишвар ба ҳисоб рафта, ба таъмини оммавияти тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, таҳкими тарзи ҳаёти солим, омодасозии варзишгарони касбии тоҷик ҷиҳати иштирок дар мусобиқаҳои бонуфузи байналмилалӣ мусоидат менамояд.

7. Инфрасохтори варзишӣ дар кишвар дар ҳоли рушд қарор дошта, шумораи онҳо ба 10218 адад расидааст. Дар ҳамин асно шумораи зиёди насли наврасу ҷавон ба варзиш рӯ овардаанд. Бояд ҷараёни машқварзии онҳо ба як низоми муайян пайваста танзим карда шавад.

...

Приложение 1

к постановлению Правительства

Республики Таджикистан

от 30 декабря 2021 года, №568

Приложение 1

к постановлению Правительства

Республики Таджикистан

от 30 декабря 2021 года, №568

Программа развития физической культуры и спорта в Республике Таджикистан на 2022-2026 годы

*Программа

 

...