Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон
Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 17 ноябри соли 2021, №565
қабул карда шуд
Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 17 ноябри соли 2021, №565
қабул карда шуд
Бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 17 декабри соли 2021, №190
ҷонибдорӣ карда шуд
Бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 17 декабри соли 2021, №190
ҷонибдорӣ карда шуд
Моддаи 1. Ба моддаи 64 Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 январи соли 2008 қабул шудааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2008, №1, қ.1, мод. 6, мод. 7; с. 2010, №1, мод. 6; с. 2012, №7, мод. 721; с. 2014, №7, қ.1, мод. 388, №12, мод. 821; с. 2015, №11, мод. 953; с. 2016, №5, мод. 360; с.2018, №1, мод.6; с.2019, №1, мод.6, №6, мод.314; 2020, №7-9, мод. 603), қисми 4 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"4. Ҳолатҳое, ки аз ҷониби нотариус ҳангоми ба ҷо овардани амалиёти нотариалӣ тасдиқ гардиданд, исботкуниро талаб намекунанд, агар асл будани ҳуҷҷати бо тариқи нотариалӣ тасдиқгардида бо тартиби пешбининамудаи моддаи 190 ҳамин Кодекс рад нагардида ё агар санади нотариалӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур бекор нашуда бошад.".
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
...