Замимаи 1
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 26 октябри соли 2021, №462
Замимаи 1
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 26 октябри соли 2021, №462
Барномаи рушди геодезия ва харитасозӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Барномаи рушди геодезия ва харитасозӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026 (минбаъд - Барнома) самтҳои асосӣ, афзалиятҳо, вазифаҳо ва механизми татбиқи сиёсати давлатиро дар соҳаи геодезия ва харитасозӣ барои давраи миёнамуҳлат муайян менамояд.
2. Геодезия ва харитасозӣ яке аз соҳаҳои илм, техника ва омили калидӣ дар ташаккули давлат мебошад, ки тамоми соҳаҳои илмӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва ҳарбиро дар бар мегирад.
3. Дар ҷумҳурӣ азнавсозии шабакаҳои геодезии давлатӣ бо низоми координатаҳои саҳеҳнокии баланд зарур мебошад. Чӣ тавре, ки маълум аст, шабакаҳои геодезии давлатӣ ба шабакаҳои нақшавӣ ва шабакаҳои баландӣ тақсим мешаванд. Шабакаҳои геодезии давлатӣ бо усули триангулятсия, полигонометрия, трилетератсия, тарозабандӣ ва моҳворавӣ сохта мешаванд ва ин шабакаҳо ба I-IV синф ва дараҷаҳо тақсим мешаванд.
4. Мавқеи геостратегӣ ва геополитикӣ, таъмини амният ва мудофиаи давлат, делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ, татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, ташаккули модели бозори замин, минбаъд такмил додани кадастри давлатӣ, низоми иттилоотии ҷуғрофӣ, рушди таҳқиқоти геологӣ ва муҳандисӣ, фаъолияти тектоникӣ ва сейсмикии минтақаҳои кишвар асосан аз саҳеҳӣ, эътимоднокӣ ва муҳимнокии маводи геодезӣ ва харитасозӣ вобаста аст, ки онҳо барои гирифтани иттилооти фаврӣ оид ба ҳолати минтақа, тасвири он дар маводи харитасозӣ ва дар оянда истифодаи онҳо дар соҳаҳои дигар муҳим мебошад.
5. Маҳсулоти соҳаи геодезия ва харитасозӣ ба соҳаҳои иқтисодиёт ва мудофиа тааллуқ дошта, ба рушди самаранокии онҳо таъсири мустақим мерасонанд. Истеъмолкунандагони ин маҳсулот қариб тамоми соҳаҳои иқтисодиёти кишвар, аз ҷумла мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва идораҳои дигар мебошанд.
6. Дар доираи Барнома татбиқи чорабиниҳо оид ба фароҳам овардани шароит барои гузариши минбаъда ба маҳсулоти муосири рақобатпазири геодезӣ ва харитасозӣ дар заминаи такмили тадбирҳои ба ҳам алоқаманди иқтисодӣ, илмию техникӣ ва ташкилӣ пешбинӣ мегардад.
2. ТАҲЛИЛИ ҲОЛАТИ ГЕОДЕЗИЯ ВА ХАРИТАСОЗӢ
7. Бо афзудани талаботи ҷумҳурӣ ба маҳсулоти геодезӣ ва харитасозӣ, соҳаи геодезия ва харитасозӣ ба ҳолати имрӯза наметавонад ин талаботро аз сабаби норасогии асбобҳо, таҷҳизот ва технологияҳои муосир қонеъ гардонад. Дар ҳолати нигоҳ доштани ҳаҷми мавҷудаи маблағгузории ҳарсола, навсозии харитаҳо аз талабот хеле қафо монда, истифодаи ин мавод дар лоиҳаҳои бузург ғайриимкон мегардад.
...